Пирӯзии се муштзани тоҷик дар даври аввали сабқати ҷаҳонӣ

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки дар шаҳри Боку ҷараён дорад, боз ду варзишгари тоҷик дар даври аввал пирӯзӣ ба даст оварданд ва ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.
Диловаршоҳ Абдураҳмонов дар вазни то 81 кило дар раунди аввал бо бартарии комил бар рақибаш Стойман Дмитрови булғор дастболо шуд.

Комилҷон Холиқов дар вазни то 69 кило муштзани Гана Норрис Томпсонро аз рӯи холҳо бо ҳисоби 22:13 шикаст дод.
Ёдовар мешавам, ки дар рӯзи аввали мусобиқот Сафовиддин Юсуфӣ дар вазни то 52 кило бар Хай Ван Нгуйени вйетнамӣ аз рӯи холҳо бо ҳисоби 12:9 ғолиб омада, ба даври баъдӣ роҳ ёфта буд.

Вале Назир Пиракӣ дар вазни то 64 кило дар нахустин қувваозмоии худ аз Денис Беринчуки укроин мағлуб гашт.

Боз 5 муштзани тоҷик – Анвар Юнусов дар вазни то 56 кило, Мададӣ Нағзибеков дар вазни то 60 кило, Собирҷон Назаров дар вазни то 75 кило, Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кило ва Фаррух Калонов дар вазни беш аз 91 кило дар даври муқаддамотӣ ширкат хоҳанд кард.

Рӯзи 1-уми октябр Мададӣ Нағзибеков бо рақибаш Кобия Бридай, аз кишвари Барбадос ва Собирҷон Назаров бо намояндаи Доминика Ҷонуер Кастилло қувваозмоӣ мекунанд.