Дар назди ҳар хона дар Душанбе даҳҳо зани бекорро метавон дид, ки субҳ то шом бо гуфтугӯ машғуланд. Чаро?
Шаҳрӣ Мизробова, сокини шаҳри Душанбе расман бекор аст ва ду фарзанд дорад. Чанд сол пеш шавҳараш ба Русия мардикорӣ рафту баъди як сол бо тоҷикдухтари муҳоҷир издивоҷ кард ва Шаҳриро талоқ дод. Ҳоло Шаҳрӣ бо ду фарзанди ноболиғ дар хонаи модар ва падарандар зиндагӣ дорад.
АЗ СУБҲ ТО ШОМ
Ҳар субҳ Шаҳрӣ ҳавлии як хонаи нӯҳқабата дар шаҳри Душанберо мерӯбаду моҳона ҳар як сокини ин бино ба ӯ 2 сомонӣ пул медиҳанд, ки дар маҷмӯъ 200 сомониро ташкил медиҳад. Шаҳрӣ дар бораи вазъи сангини рӯзгораш гуфт: «Шавҳарам барои ду фарзандам бояд 60 сомонӣ алимент диҳад. Вале ман то ба додгоҳ муроҷиат накунам, шавҳарам пул намефиристад. Бори охир додгоҳу милиса ӯро маҷбур карданд, барои чор моҳ 120 сомонӣ дод, вале ҳоло чанд моҳ аст, ки бедарак аст ва пул ҳам намефиристад».
Мисли Шаҳрӣ садҳо зани бевамонда ва фарзандор бекоранду дар талоши пайдо кардани шуғле ҳастанд, то дар пиронсолӣ ақаллан нафақа бигиранд. Зеро кори ғайрирасмие, ки Шаҳрӣ анҷом медиҳад, дар оянда нафақа надорад. Бино ба иттилои Оҷонси омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон беш аз 74 000 нафар бекорон номнавис шудаанд, ки зиёда аз 50 дар сади онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Вале бино ба иттилои ғайри расмӣ теъдоди бекорон дар ҷумҳурӣ ҷуз муҳоҷирони корӣ аз 1 миллион нафар бештар аст. Ба гуфтаи Раҷаб Раҷабов, корманди Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар ҳоли зоҳир таносуби марду зан дар шумори аҳолии Тоҷикистон ҳудудан 50 дарсад аст. Вай афзуд: «Шумораи марду зан дар шумори аҳолии Тоҷикистон, ки беш аз 7 миллиону 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, 3 миллион 776 ҳазор нафар мард ва 3 миллиону 753 ҳазор нафар занон ҳастанд».
БЕКОРИИ РАСМӢ ВА КОРИ ҒАЙРИРАСМӢ
Дар ҳоли ҳозир, бино ба гуфтаи Сабоҳат Раҳимзода, раиси Ассотсиатсияи занҳои тоҷиру соҳибкори Тоҷикистон, ҳиссаи занон дар бахши хусусӣ аз 5 дарсад бештар аст ва ин рақам танҳо занонеро дар бар дорад, ки бо дарёфти патент соҳибкорӣ мекунанд. Вале теъдоди заноне, ки ба кори савдо машғуланд, аз ин бештар аст. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи хонуми Раҳимзода, теъдоди зиёди занон дар Тоҷикистон бекоранд ва давлат вазифадор аст ин тавони иқтисодиро истифода кунад. Вале ба эътиқоди раиси Ассотсиатсияи занони соҳибкору тоҷири Тоҷикистон, бархе аз одату таомули миллии мардумӣ ба кори занон монеа эҷод мекунад.
Хонум Раҳимзода афзуд: «Камбудии асосӣ ва монеа дар бархе аз маврид аз сӯи мардҳои хурофотпараст, падару бародарон ва шавҳарон сурат мегирад, ки ба кор кардани занон мухолифанд. Ба илова, худи занон саводи кофии кор кардан ва касб омӯхтанро надоранд.»
НИЁЗ БА БАРНОМАИ УМУМИМИЛЛӢ
Ба гуфтаи хонум Раҳимзода, Ассотсиатсияи занони соҳибкор ва тоҷири Тоҷикистон аз ҳукумати кишвар тақозо кардааст, ки барномаи ба кор таъмин кардани занонро тарҳрезӣ кунад. Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоли ҳозир созмонҳои байналмилалии молӣ дар Тоҷикистон барои ба кор таъмин кардани занон барномаҳои зиёде доранд, ки дар ин замина бо занон грант дод мешавад. Вале ба далели беиттилоӣ, аксари занон аз ин имкониятҳо истифода намекунанд.
ЗАНОНИ "МАРДИКОР" ДАР РУСИЯ
Ҳоло як идда занони Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва дигар кишварҳо ба сар мебаранд. Гузашта аз ин, теъдоди зиёди занон дар дохили ҷумҳурӣ ба корҳои мухталиф, аз қабили дарздӯзӣ, заргарӣ ва тавлиди колоҳои суннатӣ машғуланд, аммо ба ҳайси занони соҳибкор номнавис нашудаанд.
Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон низ далели аслии ба кор фаро нагирифтани занон дар кишварро ба таомули миллӣ рабт медиҳад. Мукаррама Насруллоева, корманди бахши иттилоъ ва таҳлили Кумитаи кор бо занон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барномаҳои зиёди таъмини занон бо кор қабул шудааст, вале масъалаи муҳим бетаваҷҷӯҳии аксарияти занон ба омӯзиши касб ва кор кардан аст.
Вай афзуд: «Барои бештар ба шуғл фаро гирифтани занон дар тамоми шӯъбаву бахшҳои кумитаи занон дар маҳалҳо нишастҳои омӯзишӣ баргузор мешавад ва занон дар ҷарёни барномаҳои давлат дар робита ба кор таъмин кардани занон қарор дода мешавад. Мутааасифона, теъдоди зиёди занон дар маҳалҳо ба далели мурооти таомули миллӣ, яъне «зан бояд кор накунад» аз касбомӯзӣ даст мекашанд».
ВАЗЪИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ БАДТАР АСТ
Бино бар омори расмӣ, 75 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебарад ва наздик ба ними онҳоро занон ташкил медиҳанд, ки ҳудуди 40 дар сади онон бекоранд, зеро корхонае, ки ба онҳо кор диҳад мавҷуд нест. Ба гуфтаи коршиносон, давлати Тоҷикистон ҳудуди беш аз 1, 5 миллион нафар қувваи кории худро дар деҳот ва шаҳру навоҳӣ аз даст додааст. Ин дар ҳолест, ки дар оянда ин теъдод ба нафақаи бознишастагӣ ниёз хоҳад дошт.