Раиси Кумитаи забон: «Барои таҳқир 16 сол намедиҳанд»

Додситон дар нисбати Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори "Нури зиндагӣ" 16 соли зиндонро дархост кардааст.
Дархости додситонӣ пас аз он сурат гирифт, ки Кумитаи забон ва истилоҳот бо дархости додгоҳ ташхиси забонии матолиби нашркардаи Муҳаммадюсуф Исмоиловро анҷом додааст.

Аммо Додхудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба РО гуфт, ки «ташхиси забонӣ умдатан пас аз анҷоми марҳилаҳои таҳқиқии парванда сурат мегирад. Мо ин корро бо дархости додгоҳ ва ба хотири муайян кардани маънои луғавии бархе аз калимаҳо, ки оё маънии таҳқиромез доранд ё на анҷом додем. Дар воқеъ дар мақолаҳои навиштаи ин хабарнигор калимаҳои таҳқиромез ва тӯҳмат буданд, аммо барои таҳқир 16 сол намедиҳанд. Вай, ки одам накуштааст».

Ба таъкиди раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, шояд додситон далели дигаре барои дархости худ доштааст. Зеро ба эътиқоди Додхудо Саймиддинов, бо ду, се ва ё чаҳор калимае, ки таҳқир дониста шудаанд, додгоҳ ҳукм намекунад.

"ИСМОИЛОВРО ОЗОД КУНЕД"

Дар ҳамин ҳол Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) низ аз ҷараёни муҳокимаи Муҳаммадюсуф Исмоилов изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар изҳороти нави худ ин созмони байнулмилалӣ аз мақомоти тоҷик хост, айбномаи зидди хабарнигори маҳаллии нашрияи "Нури зиндагӣ" бекор ва парвандаи ӯ баста шавад.

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон, ки қароргоҳаш дар Ню Йорк аст, аз хабари он ки намояндаи додситонӣ барои Исмоилов ҳукми 16 соли ҳабсро дархост кардааст, шадидан

нигарон шуда, гуфтааст, дар сурати қабул шудани ин ҳукм Муҳаммадюсуф Исмоилов аввалин рӯзноманигори тоҷик хоҳад буд, ки дар даҳ соли охир ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон-«АФРӮЗ» аз дархости 16 соли зиндон барои Муҳаммадюсуф Исмоилов нигаронии шадид намуда онро боиси эҷоди даҳшат дар маҳофили рӯзноманигорӣ унвон кардааст.

Дар баёнияи ин созмон ҳамчунин омадааст, ки ин рӯзноманигор маҳз барои матолиби интиқодияш таъқиб ва маҳкум мешавад ва ин иқдом интиқоми як гурӯҳ афроди соҳибмансаб аст, ки дасти дарозе ба қонун доранд ва ба ҳадафи маҳдуд сохтани озодии баён ва эҷоди тарс ва ҷилавгирӣ аз воқеънигории хабарнигорон сурат мегирад.

Дар ин изҳорот аз ҷумла омадааст: "Мутманин бошед, ки агар ин иттифоқ биуфтад, Тоҷикистон душмани озодии баён ва тӯлонитарин зиндон барои рӯзноманигорӣ унвон хоҳад шуд."

Дар баёнияи ин созмони хабаригорӣ ҳамчунин омадааст, ки агар ин иттифоқ сурат бигирад, ба имиҷи байналмилалаии Тоҷикисто латма ворид хоҳад кард: «Дархости 16 сол ҳукми зиндон барои изҳори андеша, ҳатто бигузор барои лафзи олуда бо таҳқиру тавҳин, Тоҷикистонро дар ақсои олам шармсор хоҳад кард. Ҳоло он, ки ба назари мо мавриди таҳқиру тӯҳмат дар матолиби ин муаллиф ҷой надорад. Ин хабар ба шиддат дар саросари олам мунташир хоҳад шуд. Ба шиддате, ки Тоҷикистон имкони тавзеҳи онро нахоҳад дошт ва касе ҳам тавзеҳ талаб нахоҳад кард.»

«АФРӮЗ» дар хотима аз раиси ҷумҳур ба унвони кафили озодиҳои шаҳрвандӣ тақозо кардааст, ки дар ин қазия мудохила кунад.

Дар воқеъ, дар ҷаласаи додгоҳ рӯзи панҷшанбеи 29-уми сентябр намояндаи додситонӣ аз додгоҳ хост Исмоилов ба 16 соли ҳабс маҳкум шавад, вале ҳамзамон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба қонуни афв ин мӯҳлат метавонад ду сол камтар, яъне 14 сол бошад.

Хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ", ки беш аз 10 моҳ боз дар зиндон ба сар мебарад, дар тӯҳмату таҳқир, тамаъҷӯӣ ва ангезиши эҳсосоти маҳалгароёна айбдор мешавад. Муҳаббат Ҷӯраева -- вакили мудофеи Муҳаммадюсуф Исмоилов мегӯяд, айбномаи нафари таҳти ҳимояти ӯ бояд комилан бекор карда шавад, зеро исботи худро наёфтааст. Аммо Кумитаи забони
Муҳаммадюсуф Исмоилов

Тоҷикистон мавҷудияти таҳқири мансабдори давлатиро дар навиштаҳои Исмоилов тасдиқ кардааст. Вакили дифоъ эътироз дорад, ки ташхис аз тарафи ниҳоди бетараф ҷараён нагирифта, Кумитаи забон як ниҳоди ҳукуматӣ мебошад.

Боздошти хабарнигори "Нури зиндагӣ" вокуниши густардаеро дар байни рӯзноманигорони Тоҷикистон ва ҷаҳон ба дунбол дошта, аз ҷараёни таҳқиқи парвандаи вай назорат мешавад. Cозмони "Хабарнигорони бидуни марз" ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) боздошти хабарнигорро вокуниши мақомоти маҳаллӣ ба матолиби интиқодии ӯ номида, ва ба раҳоии ӯ даъват карданд.

Рӯзи 29-уми сентябр раҳбари НАНСМИТ Нуриддин Қаршибоев гуфт, ки парвандаи Муҳаммадюсуф Исмоилов "хосияти фармоишӣ" дорад ва дар заминаи навиштаҳои интиқодии ӯ ба миён омадааст.