Рашид Раҳимов, собиқ бозигари “Помир”-и Душанбе, аз вазифаи сармураббии дастаи “Амкар”-и Перм истеъфо дод.
Раҳбарони бошгоҳи “Перм” истеъфои Рашид Раҳимови 46-соларо пазируфтанд ва қарордод миёни ҳарду ҷониб лағв гардид.
Миодраг Божович, мутахассис аз Черногория, ки 20-уми апрели соли равон аз вазифаи сармураббии дастаи “Динамо”-и Маскав даст кашида буд, ба вазифаи сармураббии тими “Амкар” таъйин шуд.
Геннадий Шилов, президенти бошгоҳи футболи “Амкар”, дар бораи истеъфои Рашид Раҳимов гуфтааст: “Бо мақсади нигаҳ доштани даста дар премйер-лига, мо бо Рашид Раҳимов ба чунин хулоса омадем, ки қарордод пеш аз мӯҳлат лағв шавад. Бо Раҳимов барои он хайрухуш намудем, ки вазъ дар клуб беҳтар гардад. “