Беҳрӯз Абдулванд, устоди Донишгоҳи озоди Берлин ва ҳамоҳангсози маркази олмонии таҳқиқоти минтақаи Каспий мегӯяд, то ба ҳол аҳдофи аслии Амрико ва НАТО дар Афғонистон ба даст наомадаанд, аз ин хотир, ҳарфи хуруҷ маънои батамом тарк карданро надорад.
"Барномаи бузурги "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ", ки соли 1994 НАТО бо кишварҳои Аврупои шарқӣ ва собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ рӯи даст гирифт, манофеи дарозмуддати Амрикоро таъмин накард. Аз ин хотир, маҷбур шуд бо ҷанг алайҳи террор дар Афғонистон ҳузури низомӣ пайдо кунад ва зимни ин ки бо Толибон ва террористони "Ал-Қоида" мубориза мекунад, пайи роҳандозии манофеи дарозмуддати худ низ ҳаст. Аз ин хотир,
Беҳрӯз АБДУЛВАНД
ҳузури дарозмуддати Амрико то мавқеъе хоҳад буд, ки як созмони, масалан, монанд ба СЕНТО (иттиҳоди номуваффақи зиддишӯравии Бритониё, Ироқ, Эрон, Покистон, Туркия аз соли 1937 то соли 1979) ба миён наояд",-афзуд ӯ.
Коршиносони Олмон бар инанд, ки тайи 10 сол Амрико моҳона дар Афғонистон 20 миллиард доллар харҷ намуда, сохтореро дар шакли ҳукумати имрӯзаи Афғонистон эҷод кардааст ва пас аз соли 2014 мекӯшад барои ҷуброни хароҷоти ҳангуфт ва ба хотири ҳимоят аз ҳукумати таҳти нуфузаш дар се қисмати стратегӣ ва хориҷ аз нуфузи Толибон - Багром, Мазори Шариф ва Шинданд пойгоҳҳои низомӣ эҷод кунад. Ба қавли онҳо, ҳадаф бузургтари Амрико ҷилавгирӣ аз пойгоҳҳои нави даҳшатафканӣ дар минтақа, наафтодани силоҳи ҳастаӣ ба дасти гурӯҳҳои террористӣ ва зиддияти эҳтимолии Ҳинду Покистон аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон Осиёи Марказиро чӣ интизор аст?
Ин таҳлилҳо зимни як конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи амнияту субот дар Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон сурат гирифтанд, ки бо ибтикори Бунёди Фридрих Эберт дар Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин конфронс коршиносон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Амрико, Русия, Афғонистон ва Покистон ширкат доштанд.
Абдулғафури ОРЗУ (дар мобайн)
Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, нерӯҳои байнулмилал бояд ҷанг алайҳи террорро дар Афғонистон ба анҷом расонанд, дар акси ҳол, ду натиҷа пеш хоҳад омад: "Аввал, сулҳи ҷаҳонӣ муҷаддадан тавассути "Ал-Қоида" ва терроризм таҳдид хоҳад шуд. Иёлоти Муттаҳида ва ҷаҳон ҳаргиз амният нахоҳанд дошт, тавре аз 11 сентябр ва паёмадҳои он шоҳид будем. Дуввум, табиист, ки Осиёи Миёна дар қадами аввал қурбонии терроризм хоҳад буд. На фақат Осиёи Миёна, балки тавре раисҷумҳури Русия мегуфт, ҷуғрофиёи ноамнӣ то Чеченистону Тотористон хоҳад тавсеа ёфт."
Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносони минтақа худ далели хуруҷи нерӯҳоро як дурнамои хеле дур арзёбӣ мекунанд, зеро то он замон ҳам дар Амрико ва ҳам дар Афғонистон интихоботҳои раисҷумҳурӣ баргузор мешаванд.