Бисёре аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз ночорӣ рӯзи худро бо “ролтону доширакҳо” сипарӣ мекунанд, ки оқибати он бемориҳои гуногуни меъда будааст.
Раҳмиддин, сокини 33-солаи ноҳияи Ҳисор, пас аз муддате кор дар ҷойи муносибе дар Русия ба Тоҷикистон баргашт ва чун каме вазн гирифтаву тануманд шуда буд, модараш меболид, ки писараш "фарбеҳи
хушрӯ" шудааст.
Дар воқеъ, теъдоде аз муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия "фарбеҳу хушрӯ" бармегарданд, аммо ҳамаи лашкари бештар 800 ҳазорнафарии муҳоҷирони тоҷик чунин "хушиқбол" нестанд. Даҳҳо ҳазор Раҳмиддини дигар ҳаст, ки бозгашти ӯ ба Тоҷикистон, модараш бо дидани писари "обу адо" шуда, ашк мерезад.
Дар баробари дигар иллатҳо яке аз иллатҳои аслии лоғар ва ё "обу адо" шудани муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, кори вазнини сохтмон ва, албатта, ғизоҳои берамақест, ки онҳо истеъмол мекунанд. Яке аз ғизоҳои аслии муҳоҷирони кории тоҷик, ки бештар аз 50 дарсади онҳо дар сохтмонҳо кор мекунанд, ба қавли худи муҳоҷирон "доширак", як навъи макарони арзону хушкест, ки омода карданаш ҳам осон аст.
РОЛТОН, ДОШИРАК...
Тасвири Аҳмад як муҳоҷири кории тоҷик дар вилояти Саратови Русия аз ин ғизо чунин аст: "Доширак, лапша аст дар даруни як табақи чаҳоркунҷаи пластикӣ, як истакон оби ҷӯшидагиро ба ҳамон меандозӣ, бо адвиёту рӯғанаш мехӯрӣ. Хӯроки бисёри бачаҳо ҳамин аст, зуд омода мешаваду осон."
Як доширак, тақрибан 255 килокалория дорад ва агар муҳоҷири гуруснаи тоҷик дутои онро бо нон ҳам истеъмол кунад, шояд бадани бечорааш дар як рӯз камтар аз 1000 килокалория нагирад. Миқдоре, ки ҳатто барои бадани афроди беҳаракат кофӣ нест, чӣ расад ба як коргари сохтмон, ки рӯзи дароз ба корҳои сангину нерӯталаб машғул аст.
Шарифи 38-сола аз ноҳияи Қубодиён ва як муҳоҷири кории дигар дар вилояти Саратов зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ эътироф кард, ки худи ӯ ҳам дар моҳҳои аввали муҳоҷираташ ба Русия бо доширак ва ролтон рӯз мегузарондааст: "Дар сохтмон, ки кор мекардам, ҳоламон ҳамин буд, фақат ролтонхӯрӣ. Як стакани оби ҷӯшро меандозӣ мехӯрӣ, кор мекунӣ, мехӯрӣ кор мекунӣ."
ШАРОИТИ БАДИ ЗИНДАГӢ
Дар воқеъ, "ролтону доширакхӯрӣ" дар миёни муҳоҷироне зиёд аст, ки дар сохтмонҳо кор мекунанд, дар арсае, ки барои он нерӯи ҷисмонии зиёд ва ғизои хубу муқаввӣ лозим аст. Теъдоде аз миёни онҳо, албатта, баъди кор дар хонаҳои иҷора агар дошта бошанд, худашон ғизоҳои тоҷикӣ омода мекунанд ва ё аксарият, ки хаставу бемадоранд, бо хӯрдани тухм қаноат мекунанд ва мехобанд, то барои рӯзи хастакунандаи дигар омода шаванд.
Вале бисёре аз муҳоҷирони корӣ дар маҳалҳои сохтмон дар вагонҳо мехобанд, ки шароити ошпазӣ дар онҳо вуҷуд надорад. Аҳмад, муҳоҷири кории тоҷик дар вилояти Саратов мегӯяд: "Шароити зиндагиашон беҳад вазнин аст. Дар вагонҳо мехобанд, шароити оббозӣ надоранд. Мисол, дар ҳамин як вагон дар нисфаш хоб мекунанд, дар нисфаш хӯрок мепазанд ва дар нисфаш хӯрок мехӯранд."
ВАРАМИ МЕЪДА, ЗАХМИ МЕЪДА...
Аз як сӯ шароити вазнин, аз сӯи дигар одати сарфаҷӯӣ ба хотири фиристодани пули бештар ба хона, муҳоҷирони тоҷикро маҷбур мекунад, то бо ролтону доширак ва дигар ғизоҳои хушки арзони нимтайёр қаноат кунанд. Аммо истеъмоли пайвастаи ғизоҳои хушки арзон барои муҳоҷирони кории тоҷик дар ниҳояти амр гарон меафтад. Зиёратшо Қодиров, табиби тоҷики муқими Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, бисёре аз муҳоҷирони корӣ пас аз муддате кор дар сохтмонҳои Русия ба бемориҳои меъда мубтало мешаванд.
Ӯ афзуд: "Бо хӯроки якранге, ки онҳо мехӯранд, тақрибан 99 дар садашон ба бемориҳои варами меъда ва захми меъда мубтало мешаванд. Дар оянда эҳтимоли гирифтории онҳо ба бемории талхадон ва дигар бемориҳо зиёд аст."
Сабади истеъмолии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, агарчӣ аз тухму гӯшти мурғ, қаймоқу маҳсулоти ширӣ низ холӣ нест, вале оморе дар ин бора вуҷуд надорад ва маълум нест, ки як муҳоҷири тоҷик барои хӯрду хӯрок моҳе чанд пул сарф мекунад. Вале ин маълум аст, ки ин муҳоҷирон солона ба Тоҷикистон бештар аз 2 миллиард доллар мефиристанд, то бачаҳову волидонашон гуруснагӣ накашанд ва хӯроки дурусттар бихӯранд. Возеҳ аст, ки баҳои табобати муҳоҷирони "ролтонхӯр"-и беморро дар оянда ё худи онҳо, ё фарзандони муҳоҷири онҳо ва ё хадамоти беҳдоштии Тоҷикистон хоҳад пардохт.
Возеҳ аст, ки баҳои табобати муҳоҷирони "ролтонхӯр"-и беморро дар
оянда ё худи онҳо ва ё фарзандони муҳоҷири онҳо хоҳанд пардохт...