Коршиносон талошҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳоро бештар зоҳирӣ ва бидуни шеваҳои амалӣ меноманд.
Дар Варшаваи Лаҳистон вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Ширкатдорони ин нишаст ва ҳазорон нафар алоқамади вазъи озодиҳои маданӣ дар Тоҷикистон гузориши намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Варшаваро думбол намуданд. Баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон қарор аст, рӯзи 3 октябр дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ
низ идома кунад.
Вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсиву мазҳабӣ дар Тоҷикистон аз ду сол ба ин ҷониб, аз замони қабули қонуни нави дин дар Тоҷикистон бештар шиддат гирифта ва бо қабули қонуни масъулияти волидайн ахиран ба авҷи худ расиданд. Давлати Тоҷикистон ба далели маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ, сиёсӣ ва фишор болои матбуот ва озодии баён зарфи яку ним соли ахир ҳамвора зери танқиди ниҳодҳои байналмилалӣ ва дохилӣ будааст.
Ахиран ИМА низ аз қонуни масъулияти волидайн, ки озодиҳои мазҳабиро маҳдуд мекунад ва танқид намуда ва гуфта буд, ки манъи рафтани афроди то 18-сола ба масҷид бар хилофи озодиҳои мазҳабӣ ва усули қонуни асосии Тоҷикистон аст.
Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон гуфта буд, ки посухи ин иддаъоро дар нишасти Варшава хоҳад дод. Ва акнун дар гузориши худ аз минбари иҷлоси Варшава гуфтааст, Тоҷикистон тамоми талошро мекунад, то озодии дину ақидаро таъмин намояд. Вай ба он ишора кардааст, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи марказист, ки ҳизби сиёсие бар пояи ақидаи диинӣ дар он амал мекунад.
Ӯ ҳамчунин шумораву теъдоди масҷиду созмонҳои мазҳабиро аз дастовардҳои сиёсати мазҳабии кишвараш унвон кард ва гуфтааст, то 1-уми сентябри соли 2011 дар ниҳодҳои давлатии масъул 3829 иттиҳодияи динӣ сабти ном шудаанд, ки аз онҳо 3755 адад иттиҳодияҳои исломӣ, аз ҷумла масоҷиданд. Ҳамчунин дар кишвар 74 иттиҳодияи ғайриисломӣ амал мекунад. Шояд ин на ҳамаи он посухи ваъдагии Мухторов ба даъвои ИАМ бошад.
Аммо дар ҳамин ҳол, назарҳо аз Тоҷикистон ба нишасти Варшава ва гузоришҳои ҳайати Тоҷикистон мухталифанд. На ҳамаи фаъолони ҷомеаи маданӣ ва шахсиятҳои мазҳабӣ ба ин даъво мувофиқанд. Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусулмонони Тоҷикистон мегӯяд, ки як соли гузашта соли маҳдудияти озодиҳои мазҳабӣ буд. Ва давлати Тоҷикистон дар афзудани ин озодиҳо ва таъмини онҳо дастоварде надорад.
Ӯ мегӯяд: «Маҳдудияти мазҳабӣ ошкору возеҳ аст. Азонро бо баландгӯяк гуфтан манъ аст. Таълими дарсҳои диниро дар масҷидҳо манъ карданд. Дар ҳоле, ки қаблан имом-хатибон чунин ҳуҳуқеро
доштанд. Баъди Қонуни масъулияти волидайн афроди аз 18-сола поён ҳаққи ба масҷид рафтанро надоранд. Дар ҳоле, ки тибқи қонуни ислом инсон аз 12-солагӣ ин ҳақро хоҳад дошт. Дар телевизиони Тоҷикистон қариб, ки дигар барномаи мазҳабӣ нест, ҳатто дар моҳи шарифи Рамазон ҳам имсол ҳеҷ барномае вуҷуд надошт. Инҳо ҳама нишонаи маҳдуд шудани озодиҳои мазҳабӣ аст».
Ба гуфтаи оқои Тӯраҷонзода ҳамчунин маҳдуд шудани фурӯши мавъизаҳои шахсиятҳои рӯҳонӣ, барканории бархе аз имом-хатибоне, ки дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда буданд ва манъи ҳиҷоби занон дар муассисаҳои таълимӣ ва давлатӣ низ аз маҳдудияти озодиҳои мазҳабӣ аст.
Қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон, дар моҳи марти соли 2009 қабул шуд, ки назорати давлат бар созмонҳои диниро густариш дод ва номнависи дубораи созмонҳои динӣ бар асоси ин қонун боиси аз фаъолият мондани даҳҳо ташкилоти динӣ ва ибодатгоҳҳо шуд.
Дар як соли пеш давлат таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳи мазҳабии хориҷиро маҳдуд кард ва вазорати маориф пӯшидани ҳар гуна либосеро, ки аломати мазҳабӣ дошта бошад дар муассисаҳои таълимӣ манъ намуд.
Мавзӯи дигари мавриди баҳс дар нишасти Варшава озодиҳои сиёсӣ ва озодии баён аст. Содиқ Шоназаров, мушовири раёсати ҷумҳуриии Тоҷикистон дар ин нишаст гуфтааст, ки таъмини озодии баён аз авлавиятҳои сиёсати ҳукумати Тоҷикистон аст. Ӯ гуфтааст, бистари ҳуқуқии таъмини ин навъи озодӣ дар Тоҷикистон фароҳам мебошад. Ва дар шаш соли охир танҳо се мавриди парванда алайҳи хабарнигорон боз шудааст.
Аммо масъулони созмонҳои журналистӣ ва матбуот, ки василаи аслии таъмини озодии баён маҳсуб мешаванд, мегӯянд, ки бештар аз ҳар вақти дигар озодии баён дар кишвар зарба хӯрдааст. Ширкат надоштани намояндаи расонаҳои Тоҷикистон дар нишасти Варшава ба гуфтаи масъулони ин маҳофил худ нишони сатҳи эътибори далват ба ин расонаҳост.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар як соли равон Тоҷикистон ду хабарнигори маҳбус дошт, ки ин нишони бархӯрд ба озодии баён аст.
Ӯ мегӯяд: «Як журналист, Маҳмадюсуф Исмоилов то кунун дар маҳбас аст ва дигаре, Урунбой Усмонов як моҳ дар маҳбас буд ва баррасии парвандааш идом дорад. Дар маҷмӯъ аз нишасти соли гузаштаи САҲА дар Варшава то имсод дар роҳи таъмини озодии баён дар Тоҷикистон аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ягон иқдоми назаррасе сурат нагирифтааст.»
Озодии баён дар нишасти Варшава дар рӯзе баргузор мешавад, чаҳор нашрияи Тоҷикистон, аз ҷумла «Фараж», «Нигоҳ» ва «Пайкон» аз солгарди мутаваққиф шудани нашри худ ёд кардаанд. Ин нашрияҳо дар як соли пеш ба дунболи интиқод аз вазири дифоъ ба манзури саҳлангорӣ дар инъикоси ҳодисаи Камроб, ки мунҷар ба марги 25 сарбоз шуда буд, барои чанд моҳ мутаваққиф шуданд. Ва ҳамчунин нашрияҳои дигаре аз тариқи номашрӯъ ва ногуфта, аз ҷумла тавассути ниҳодҳои андоз «муҷозот» шуданд.
Озодиҳои сиёсӣ низ ҷузъи дигаре аз гузориши мавриди баҳс дар нишасти Варшава мебошад. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ мегуянд, ки озодиҳои сиёсӣ маҳдуд аст ва интихоботҳо тавре доир мешаванд, ки ҳукумат мехоҳад.
Дар ҳоле ки вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мавзӯи аслии ҳамоиши САҲА дар Варшава мебошад, муҳимтарин мушкиле, ки дар Тоҷикистон дар роҳи таъмини озидиҳо ва ҳимоят аз ҳуқуқи башар, вуҷуд дорад, ба назари таҳлилгарон ин аст, ки фарҳанги мубориза барои ҳуқуқи инсон шакл нагирифта ва талошҳои фаъолони ҳимоят аз озодиҳо ба шакли ҳаракати иҷтимоӣ дарнаёмадааст.
Аз нишасти соли гузаштаи САҲА дар Варшава то имсод дар роҳи таъмини озодии баён дар Тоҷикистон аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ягон иқдоми назаррасе сурат нагирифтааст...