Гуфтугӯи ихтисосии "Озодӣ" бо Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Тоҷикистон.
Дар оғози нооромиҳои соли 1992 дар моҳи август додситони кулли Тоҷикистон ҳадафи террор қарор гирифта, чанд муддат ин идора бидуни роҳбар фаъолият кард.
Дар ҳоле ки муддаиёни ин вазифа кам набуданд, моҳи сентябр Солеҳҷон Ҷӯраев иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон таъйин шуд. Ҳоло аз ҷаноби Ҷӯраев мепурсем, ки чаро маҳз ӯро ба ин мақом таъйин карданд?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Дар моҳи январи соли 1992 , ки ман ба ҳайси сардори раёсати тафтишоти Прокуратураи генералӣ (Додситонии кулл) фаъолият мекардам, ба зиммаи ман ҳамчунин вазифаи ноиби прокурори генералии Тоҷикистон гузошта шуд. Ба ҷуз аз ин, бо фармони махсуси прокурори генералӣ ва супориши ҳукумат роҳбарии бригадаи тафтишотии ҳаводиси рухдода дар соли 1992-ро бар дӯш доштам, ки дар ҳайати он кормандон аз КГБ ва ВКД шомил буданд. Моҳи сентябри соли 1992 Акбаршо Искандаров - раиси Шӯрои олӣ ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон маро ба назди худ даъват карда, ҳамроҳам сӯҳбат анҷом дод. Сӯҳбати мо ду рӯз давом кард. Дар бораи авзои ҷумҳурӣ ва роҳҳои таъмин кардани амнияти давлат ва бехатарии шаҳрвандони ҷумҳурӣ фикрҳоямро баён доштам. Он вақт Т.Почомуллоев ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералӣ кор мекард. Раиси Шӯрои олӣ гуфт, ки барои ин мақом номзадии панҷ-шаш нафар пешниҳод шудааст. Ҳар як гурӯҳи сиёсӣ афзуд Искандаров, барои ин вазифа номзади худро дорад, вале ба сифати раиси Шӯрои олӣ ва сарпарасти раиси ҷумҳурӣ номзадии Шуморо муносиб ёфтам. Тавзеҳ дод, ки ман ба ин гурӯҳҳо алоқа ва тааллуқ надорам ва ба сифати нафари холису беғаразу ҷудо аз ин гурӯҳҳо, номзадии маро тавсия ва дастгирӣ мекунад. Ман дар аввал розӣ нашудам. Зеро дар он вақт ба дӯш гирифтани ин масъулият басо мушкил ва душвор буд. Акбаршоҳ Искандаров исрор варзид ва таъкид кард, ки агар ту ватанатро, Тоҷикистонро дӯст дорӣ, бояд барои ба эътидол овардани вазъият саҳми худро бигзорӣ. Хулоса дар рӯзи дуюми сӯҳбат раиси Шӯрои олӣ маро мутақоид кард, ки ба пешниҳоди ӯ розӣ бишавам. Искандаров дар президиуми Шӯрои олӣ низ ин суханҳояш: бетарафӣ, беғаразӣ ва шарик набудан ба ҳеҷ яке аз гурӯҳҳоро дар сифати шахси ман такрор кард. Ба ин тартиб, ман тибқи конститутсия (Қонуни асосӣ) ва бо фармони Президиуми Шӯрои олии ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералӣ таъйин шудам ва фармон дар ин бора дар нашрияҳо чоп шуд."
ВАҚТЕ МАН ДОДСИТОН БУДАМ...
Радиои Озодӣ: Ёдам ҳаст, ки яке аз роҳбарони Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дар он солҳо дар як сӯҳбати матбуотиаш ҳам гуфта буд, ки дар воқеаҳои февралӣ Шумо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро ғайриқонунӣ аз ҷавобгарӣ озод намудед. Ин гуна овозаҳоро дар иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ ҳам паҳн карда буданд. Гӯиё аз ин сабаб Шумо бо кӯмаки мухолифин ба вазифа омадаед...
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Барои тафтиши ҳодисаҳои феврали соли 1990 беш аз сад нафар аз ниҳодҳои амниятиву тафтишотии СССР ҷалб шуда буд. Роҳбарии тафтишотро ҳам дар чаҳор моҳи аввал Маскав дар ихтиёр дошт. Танҳо пас аз чаҳор моҳ роҳбарии ин гурӯҳро бо супориши прокурори генералии СССР ба зимма гирифтам. Аммо тафтиши ширкати рӯҳониён дар ҳодисаи мазкурро КГБ бар ӯҳда дошт. Аз ин сабаб, ман Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро мавриди тафтишу пурсиш қарор надодаам. Вале онҳое ҳам, ки агар ӯро тафтиш ва пурсиш карда бошанд, дар бораи ҳузур ва ширкати ӯ дар ин ҳодиса ба ман ягон далел ва маводе, ки ӯро айбдор месозад, пешниҳод накардаанд. Пас, ман дар кадом асос ӯро ба ҷавобгарӣ мекашидам? Агар Тӯраҷонзода гунаҳкор мебуд, ҳанӯз Прокуратура ва КГБ-и СССР якҷоя бо КГБ-и Тоҷикистон ӯро дар назди роҳбарон ва мардум ошкор ва байрақ мекарданд. Вале мебахшед, чун вақти гуфтан омад, бояд бигӯям, ки вақте ман то ба мақоми муовини Прокурори генералӣ боло рафтам, таҷрибаи кории ман ба унвони яке аз беҳтарин намунаҳои фаъолият дар қаламрави Шӯравӣ якчанд маротиба паҳн карда шуд ва дар Кремл ин хидматҳо бо орден тақдир гардид. Мӯҳтарам Тӯраҷонзода дар масҷид, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар колхоз ва Сангак Сафаров дар «буфет» кор мекарданд. Пас, чаро прокурори генералӣ таъйин шудани ман боиси шакку гумонҳо мешудааст. Ин овозаҳои бардурӯғ ва тӯҳматомезро дасисабозону фитнагарони пасипардагӣ паҳн кардаанд.”
МУХОЛИФАТҲО БАР САРИ ТАЪЙИНИ ДОДСИТОНИ КУЛЛ
Радиои Озодӣ: Ба ҳангоми таъйини Шумо ба ин мақом мухолифатҳо низ ҷой доштанд?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Чи хеле гуфтам, номзадҳо чанд нафар буданд. Вале ба сари ҳеҷ яке аз онҳо мувофақа ҳосил нашудааст. Зеро ин номзадҳо аз маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон буданд ва ваҳдати назар дар раёсати Шӯрои олӣ барои ҳеҷ яке аз онҳо маҳз дар заминаи маҳал ба даст наомадааст. Мухолифин ҳам номзади худро доштанд, ки он ҳам дастгирӣ намеёбад. Аз ин ҷиҳат ба ҳангоми таъйиноти ман онҳо мавқеи бетарафиро ишғол карданд. Онҳо гуфтанд, азбаски номзади мо дастгирӣ наёфт, мо бетараф ҳастем. Лекин онҳо пешниҳод карданд, ки С.Шарофов - прокурори шаҳр ба ҷойи Т.Почомуллоев ба вазифаи муовини аввал қабул шавад, ки ман розӣ нашудам. Ошкоро гуфтам, ки ӯ натавонист қонуният дар шаҳри Душанберо таъмин кунад ва агар Шумо маро ба ин вазифа интихоб кунед, он шахсро ба Прокуратураи генералӣ роҳ намедиҳам. Пешниҳод шуд, ки Почомуллоевро барканор намоям. Гуфтам, ӯ устоди ман аст ва агар ман корро аз маъзул кардани устоди худ шурӯъ кунам, аз рӯи одоб нест. Раёсати Шӯрои олӣ ба ин фикрҳои ман розӣ шуданд.”
МАҚСУД ИКРОМОВРО КӢ ВА ЧАРО ОЗОД КАРДА БУД?
Радиои Озодӣ: Яке аз мавзӯъҳои баҳси он замон раҳоии Мақсуд Икромов - шаҳрдори Душанбе аз маҳбас буд, ки гуфта мешавад ин кор бо қарори Шумо анҷом гирифтааст...
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Бояд гӯям, ки ин саволи Шумо воқеият надорад. Зеро Икромов қабл аз таъйини ман ба ин мақом бо қарори иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералӣ Т.Почомуллоев аз маҳбас озод шуда буд. Ӯро аз маҳбас озод карданд, аммо ӯ ҳақ надошт, ки аз манзил ба берун равад ва дар ин бора санад имзо карда буд. Хабари раҳоии ӯро аз радио шунидам ва дар ҷаласаи раёсати прокуратура аз Почомуллоев сабаб пурсидам. Гуфт, ки масъаларо ба роҳбарияти давлат худаш тавзеҳ хоҳад дод. Дар ҳақиқат бо қарори иҷлосияи 15-и Шӯрои олӣ тафтиши қазияи Икромов ва қабули қарорҳо бо ин парванда ба зиммаи маҳз Почомуллоев гузошта шуда буд.”
ПОЧОМУЛЛОЕВРО БО РАҲМОНОВ РӮ БА РӮ КАРДАМ
Радиои Озодӣ: Аммо масъалаи озодсозии Икромов дар иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ низ матраҳ шуд ва дар он ҷо як барқияи ҳукуматиро ҳам қироат карданд, ки гӯё прокурор дар раҳоии ӯ хато кардааст ва Шуморо айбдор карданд...
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Бале, дар иҷлосияи 16 аз тарафи А. Достиев, ки роҳбари котиботи он иҷлосия буд, як барқияи ҳукуматӣ, аммо дар асл сохтаву ҷаълӣ қироат шуд, ки гӯё ман қотили Нурулло Ҳувайдуллоев Раҳим Нуруллобековро аз маҳбас озод карда бошам. Дар он ҳамчунин зикр мешуд, ки бо супориши Искандаров ман Икромовро озод карда бошам, ки дар асл дурӯғи маҳз буд. Пас аз ин барқия ба унвони раиси Шӯрои олӣ Раҳмонов чанд навбат дархост фиристодам, ки бояд қазияро барои депутатҳо шарҳ диҳам. Аммо танҳо пас аз чопи мусоҳибаам бо нашрияи “Ленинабадская правда”, ки ҳақиқати ҳолро баён дошта будам, муяссар гардид, ки масъаларо бифаҳмонам. Дар ҳақиқат, чанд нафари силоҳбадаст ба Прокуратураи генералӣ омада таҳдид карданд, ки Нуруллобековро ҷавоб диҳам, дар ғайри сурат маро мекушанд. Ҳатто мӯҳлат доданд, ки пагоҳ то соати 12 рӯз ҷавоб надиҳам, фарзандони маро ба гарав хоҳанд гирифт. Ман ночор фарзандонамро дар дигар ҷо пинҳон кардам. Худам низ минбаъд ҷойи хобамро иваз кардам ва баъди муроҷиат ба Искандаров дар меҳмонхонаи Шӯрои вазирон ҷо дода бароям аз ҳисоби фирқаи 201-и Русия муҳофиз таъйин карданд. Дар иҷлосияи 16 чанде аз депутатҳо ба ман гуфтанд, ки бархе аз депутатҳои вилояти Ленинобод, раиси ин вилоят Абдуҷалил Ҳомидов, иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Абдумалик Абдуллоҷонов ва Саломиддин Шарофов, Тӯхта Почомуллоев ва дигар даъвогарони курсии Прокурори генералӣ овоза паҳн кардаанд, ки ман тарафдори мухолифин ҳастам ва он нафарони ҷинояткорро ҷавоб додаам. “Мо аз газета мусоҳибаи шуморо хонда донистем, ки ягон гуноҳ надоред, аз ин рӯ, ҳатман баромад карда ба депутатҳо асли ҳодисаро фаҳмонед.” Баъд аз гузашти се рӯз аз баррасии ин барқия дар иҷлосия тавонистам, ки ин ҳама овозаҳои бардурӯғро дар ҳузури депутатҳо рад кунам. Эмомалӣ Раҳмонов (Эмомалӣ Раҳмон), раиси нави Шӯрои Олӣ гуфт Почомуллоев дар иҷлосияи 15-ум ваъда дода буд, ки Икромовро ба додгоҳ мекашад, аммо ҳоло мефаҳмем, ки худаш ҷавоб додааст. Раҳмонов ба ман супориш дод, ки Почомуллоевро даъват намоям. Рӯзи дигар бо супориши ман прокурори вилоят И.Қаноатов Почомуллоевро ба иҷлосия овард. Бояд бигӯям, ки Икромов дар маҳбаси Хуҷанд нигоҳ дошта мешуд. Супориш додам, ки парвандаи шахсии Икромовро ҳам оваранд. Ман бо Т.Почомуллоев парвандаро гирифта ба назди Эмомалӣ Раҳмонов даромадем. Гуфтам, мӯҳтарам раис, ин ҳам ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва ин ҳам худи Почомуллоев. Раис дар ҳақиқат дид, ки зери ҳуҷҷатҳо Почомуллоев ҳамчун и.в прокурори генералӣ имзо гузоштааст. Раис аз Почомуллоев пурсид, ки чаро ҷавоб додӣ? Гуфт, ки бале ҷавоб додам. Зеро бештари шоҳидон ҷумҳуриро тарк карданд, овардани онҳо ғайримумкин шуд ва мӯҳлати боздошт гузашт ва аз ин рӯ бо гирифтани забонхат, ки ҳаққи тарки маҳалли зистро надорад, ҷавоб додам. Раисро пурсидам, ки ба ман дигар савол надорад. Гуфт, не, вале афзуд, ки Почомуллоев бояд ба вакилон шарҳ диҳад. Ҳарчанд Почомуллоев ду рӯз дар он ҷо ҳузур дошт, аммо ба ӯ сухан надоданд. Ин ҷо ҳам, албатта, як навъ бозии сиёсӣ буд, чун намехостанд, ки нимкосаи зери коса намоён шавад. Ҳадаф сиёҳ кардани ман буд. Зеро агар Почомуллоев баромада мегуфт, ки Икромовро ӯ ҷавоб додааст, ин бӯҳтон пурра ошкор ва ман сафед мешудам.”
АБДУМАЛИК АБДУЛЛОҶОНОВ МАРО НАМЕХОСТ
Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, ин телеграмма (барқия)-и ҳукуматиро кӣ ташкил карда буд?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Фикр мекунам, он кори дасти нафароне аз вилояти Суғд буд, ки даъвои мансаби прокурори генералиро доштанд, албатта, ҳамроҳ бо Абдуҷалил Ҳомидов ва Абдумалик Абдуллоҷонов. Онҳо мехостанд як прокурори генералии кисагии худро биоваранд. Вақте ман ба ин вазифа омадам, чандин пешниҳоду хоҳишҳои онҳоро дар бораи таъйин кардани нафарони наздикашон ба вазифаи прокурори вилоят ва ё ноҳияе напазируфтам. Аз ҷумла хостанд, ки прокурори вилоят Иброҳим Қаноатовро аз вазифа гирифта ба ҷояш нафари онҳоро таъйин намоям, ки ин корро накардам. Аз тарафи дигар, бо супориши хаттии ман ҳамчун сардори раёсати тафтишоти Прокуратураи генералӣ алайҳи Абдуллоҷонов, ки пештар дар мақоми вазири ғалла фаъолият мекард, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд. Ғайр аз ин дар соли 1992 вақте ман и.в прокурори генералӣ будам Русия тахминан 320 миллион ба Тоҷикистон пул дод. Аммо пул бевосита ба Бонки марказии Тоҷикистон наомада, бо супориши Абдуллоҷонов, ки он вақт дар Маскав ҳузур дошт, ба вилояти Ленинобод дохил шуд. Дар бораи ин пулҳо дар ҳукумат ва президиуми Шӯрои олӣ ҷангҷол хест. Ба ман роҳбари давлат Акбаршоҳ Искандаров супориш дод, ки онро тафтиш намоям. Вақте ман ба тафтиш шурӯъ кардам, ин кор ба Ҳомидов ва Абдуллоҷонов маъқул нашуд. Гуфтанд Шумо шарик нашавед. Ман гуфтам, чӣ тавр ман прокурори генералӣ будаам, ки кордор намешудаам. Дар ин миён иҷлосияи 16 оғоз шуду корро то ба охир бурда натавонистам. Фикр мекунам, ки бо расонидани ҳар гуна овозаву дурӯғҳо назари раиси нави Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро нисбати ман бад карданд. Ба ҷуз аз ин, ман бародар ва шавҳари хоҳари яке аз муҳофизони Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷандро дар солҳои пеш ба ҳабс гирифта, парвандаи ҷиноятии ӯро ба суд дода будам. Ин муҳофизи Раҳмонов афсари умури дохилаи шаҳри Кӯлоб буд. Яке аз онҳо 11 сол ҳукми зиндон гирифт, вале дертар аз маҳбас озод ва бо ёрии Сангак Сафаров қумандони Фронти халқӣ ва дертар раиси шаҳри Турсунзода таъйин шуда буд. Шояд инҳо низ нисбати ман маълумоти нодуруст расонида бошанд.”
САНГАК САФАРОВ АСЛОНОВРО ГАРАВГОН ГИРИФТА БУД?
Радиои Озодӣ: Вақте шумо и.в. прокурори генералӣ будед, баъзе ҳодисаҳое рух доданд, ки то ҳанӯз афкори ҷомеаро машғул медорад. Масалан, боздошт ва гаравгон гирифтани Қадриддин Аслонов. Дар мавриди ин қазия додситонӣ парванда кушода буд?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Дар ин бора ба ман прокурори вилояти Қӯрғонтеппа маълумот дод, ки ӯро ба гарав гирифтаанд. Ҳамчунин баъди ду ё се рӯз ҳамсари Аслонов ҳамроҳ бо чанде аз пайвандонаш назди раиси Шӯрои олӣ Акбаршо Искандаров омаданд. Ман ҳам даъват шудам. Бо зани Аслонов сӯҳбат кардам. Гуфт Аслоновро дуздиданд, аммо кӣ дуздидааст, намедонист. Прокурори вилоят ва аз ВКД гуфтанд, ки Сангак Сафаров ӯро ба гарав гирифтааст. Дертар фаҳмидем, ки аз тарафи Сангак ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст.”
Радиои Озодӣ: Ҳамин тавр, қазияи куштори Муродуллоҳи Шералӣ, сармуҳаррири “Садои мардум” ва депутати Шӯрои олӣ ҳам ҳар гуна сару садоҳоро дар ҷомеа ба бор оварда буд. Зимнан, ин куштор яке аз аввалин мавридҳои хунрезӣ дар он замон буд...
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Ҳодисаи куштори депутат Муродулло Шералӣ 5-уми майи соли 1992 дар Шӯрои олӣ рух дод ва ман он ҷо ҳузур доштам. Бевосита бо гурӯҳи тафтишотӣ дар Шӯрои олӣ парвандаи ҷиноятӣ тафтиш мекардам. Дар байни ҳамон гурӯҳи ба гарав афтодаҳо будам.”
Радиои Озодӣ: Чӣ гуна гаравгонгирӣ?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Он ҷо гаравгон гирифта ба тарафи таҳхона мебурданд, ки ман раҳо шуда фирор кардам.”
ДӮСТОВ ГУФТ, КИ "ҶАНГ САР ШУД"
Радиои Озодӣ: Он рӯзҳо тазоҳуроти майдони “Озодӣ” идома дошт ва тазоҳургарон дар давродаври бинои Шӯрои олӣ таҷаммӯъ карда буданд. Кӣ ӯро ба гарав бурда буд?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Бо супориши бевоситаи президент Раҳмон Набиев, ки маро мешинохт, тафтиши ҳодисаҳои рухдода, аз ҷумла ғасби қасри раёсати ҷумҳурӣ ба зиммаи ман гузошта шуда буд. Ман шахсан аз ҷониби прокурори генералӣ Нурулло Ҳувайдуллоев роҳбари гурӯҳи муфаттишон таъйин шуда будам. Аз тарафи вазорати умури дохила муовини вазир Абдураҳим Қаҳҳоров бо як гурӯҳ кормандони милиса ба ин кор ҷалб шуда буд. Набиев барои ман дар худи бинои Шӯрои олӣ, ки ҳамон замон утоқи кориаш дар ҳамон бино буд, шароити кор дуруст карда буд, то ин ки бархе аз депутатҳои шоҳид дар ҳодисаи ғасби бинои раёсати ҷумҳуриро бозҷӯӣ кунем. Набиев ноиби худ Нарзулло Дӯстовро амр кард, ки қабулгоҳашро барои мо холӣ кунад. Ман дар қабулгоҳи Дӯстов депутатҳоро даъват карда пурсиш мегузаронидам. Ҳамон рӯзи панҷуми май, баъд аз нисфирӯзӣ ва баъди анҷоми тазоҳуроти майдони «Озодӣ» Набиев омада гуфт, ки Солеҳҷон ман касал шудам, имрӯз дигар намеоям, Дӯстов ояд расонед. Пас аз тахминан як соат ё бештар Дӯстов хеле саросемавор омад. Вай президентро суроғ дошт. Гуфт, ку Набиев, ҷанг сар шуд. Гуфтам чӣ хел ҷанг? Гуфт, ки дар Олий Совет одамкушӣ сар шуд, ҷанг. Гуфтам Набиев дача рафтанду гуфтанд дигар намеоям, аз он ҷо меёбад. Ӯ ҳам рафт. Ман муфаттишҳоро ҷавоб додам. Ошёнаи якум фаромадам, ки Қаҳҳоров нест. Вале дидам, ки Муродулло Шерализода ва чанд корманди милисаро силоҳбадастони кӯлобӣ гарав гирифтаанд. Баъд ӯро паррониданд. Ҷойи кор рафта ба Қаҳҳоров занг зада гуфтам, Шумо бояд гаравгонҳоро озод кунед. Онҳоро гирифта ба таҳхонаи Шӯрои олӣ бурдан доштанд.”
Радиои Озодӣ: Онҳоро киҳо ба гарав гирифта буданд?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Онҳоро ман намедонам. Онҳоро ба гарав гирифта буданд. Бегоҳ фаҳмидам, ки онҳо озод шудаанд.”
МУРОДУЛЛОҲИ ШЕРАЛИРО КӢ АБ ҚАТЛ РАСОНД?
Радиои Озодӣ: Вале овозаҳо паҳн шуда буданд, ки Муродуллоҳи Шералиро мухолифин ба қатл расонидаанд...
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Ман шахсан дар он ҷо будам ва тафтиш мегузаронидам. Вақте ки ҳодиса рух дод, дар он ҷо силоҳбадастони мухолифин ҳузур надоштанд. Сипас, тафтишоти муқаддамотӣ муайян кард, ки вай аз тарафи шахси силоҳбадасте, ки дар майдони ҳавлии Шӯрои олӣ машқ мекард, парронида шуд, ки баъдан мақомоти прокуратура қарори ҳабс ва ҷустуҷӯи онҳоро иттихоз карда буд.”
Радиои Озодӣ: Куштори Ҷӯрабек Аминов, ноиби аввали Раиси КГБ, низ ҳамоно як рози нокушода боқӣ мондааст...
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Ин ҳодиса дар ҷараёни кори иҷлосияи 16 сурат гирифт. Ман дар ин иҷлосия ширкат доштам, вале бо муовини прокурор дар тамос шуда парванда боз карданро супориш додам, чун ин вазифаи додситон аст. Аммо баъд тафтиши он то ба куҷо кашид, дигар хабар надорам.”
ФИШОР АЗ ДУ ҶОНИБ БУД...
Радиои Озодӣ: Ба ҳангоми кор дар мақоми Прокурори генералӣ дар он даврони ноором болои Шумо фишорҳо зиёд буданд?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Фишор аз ҳама ҷонибҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва мусаллаҳ зиёд буд. Ҳар як гурӯҳи сиёсӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ мехост нафареро озод кунам ва ё баръакс ба ҳабс гирам. Аммо ман ба ягонтои онҳо тан надодам, гардан нафаровардам. Як мисол меоварам. Аз номи ҳукумат супориш шуд, ки 17 нафарро ба ҳабс гирам. Мебоист Сафаралӣ Кенҷаев, Сангак Сафаров, Амирқул Азимов, Ибод Бойматов, Раҳмон Набиевро ба ҳабс гирифта ва баъзе аз шахсон, аз он ҷумла Нуруллобековро озод мекардам. Ин гуна супоришро аслан иҷро накардам. Нисбати ҳабси командирони Фронти халқӣ бошад, ман аз ҳукумат, вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи амният (КГБ) талаб кардам, ки бояд гунаҳкорон аз тарафи мухолифин ҳам якҷоя ба ҳабс гирифта шаванд. Яке аз мансабдорони ҳукумати ҷумҳурӣ ба ман бисёр сахту дурушт амр кард, ки онҳо хиёнаткоранд, бояд ҳабс шаванд. Гуфтам, барои гунаҳкор ҳисобидани онҳо асосу далели қонунӣ даркор аст. Вақте исрор варзид, гуфтам, ман прокурор дар назди ҳукумати Тоҷикистон нестам, супоришҳои Шумо ғайриқонунӣ аст. Баъди ин рафтам қабули Искандаров ва арз кардам, ки ё маро аз вазифа озод кунад ва ё ман ин гуна супоришҳоро иҷро карда наметавонам. Ин ҷо мехоҳам ёдовар шавам, ки вақте маро ба ин вазифа таъйин мекарданд, дар президиуми Шӯрои олӣ талаб пеш гузоштам, ки агар гурӯҳҳои сиёсӣ болои ман фишор оваранд, кор намекунам. Таъкид кардам, ки агар бо ғаразҳои сиёсӣ маро таъйин карданӣ бошанд, хато мекунанд. Акбаршоҳ Искандаров ва баъзе аз роҳбарони мухолифин, аз ҷумла худораҳматии Аслиддин Соҳибназаров гуфтанд, ки барои мо чунин нафар лозим аст, ки адолатро таъмин ва дар доираи Конститутсия амал кунад. Хулоса, ман ин талаби ғайриқонунии яке аз роҳбарони ҳукуматро ба Искандаров расонидам. Ӯ гуфт, ки кори худатро мутобиқи қонун давом деҳ ва касеро гӯш накун. Ман ҳоло ҳам аз ӯ барои дастгириаш миннатдор ҳастам. Як лаҳзаи дигари фишороварӣ ин аст, ки як рӯз фаъолияти маро дар маҷлиси ҳукумат муҳокима карданд. Он ҷо яке аз роҳбарон вазири дохилӣ ва амниятро танбеҳ кард, ки чаро он нафаронро ба ҳабс намегиред? Посух доданд, ки барои ҳабс санксияи прокурор лозим аст, аммо Ҷӯраев намедиҳад. Аммо тибқи қонун барои дарёфти санксия аввал бояд ин ду ниҳод мавод ва далелҳои айбдоркуниро пешниҳод намоянд. Агар асос буд, прокурор иҷозат медиҳад. Дигар ин ки яке аз онҳо раиси ҷумҳурӣ аст, ҳарчанд истеъфо додааст, аммо ҳоло ба таври конститутсионӣ ин истеъфо таъйид нашудааст, дигарӣ собиқ раиси Шӯрои олӣ ва депутат аст, ман ҳуқуқ надоштам, ки бе ризояти Шӯрои олӣ ва раъйпурсии умумӣ онҳоро ба ҳабс бигирам. Ҳамин гуна фишорҳо буд. Кор ба ҳадде расид, ки ду нафар муҳофизи маро аз ҳимояти ман дур карданд.”
НОРИНҶАК ПАРТОФТАНД, ТО ОДАМОНРО БА ҶАНГ КАШАНД...
Радиои Озодӣ: Шумо бо Сангак Сафаров сӯҳбат карда будед?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Ман бо Сангак Сафаров бори аввал дар соли 1990 вохӯрда будам. Он вақт ман дар масъалаи даст доштани бархе аз роҳбарони вилояти Кӯлоб, аз он ҷумла сардори умури дохила ва муовини прокурор ва сардори Госснаби он ҷо корҳои тафтишотиро пеш мебурдам. Дар ҷараёни ин тафтишот маълум шуд, ки Сангак бо роҳи зӯрӣ аз мудири анбори Госснаб ба маблағи беш аз 9 ҳазор сӯм маводи сохтмониро гирифта, маблағро надодааст. Он вақт бо супориши ман Ҷиёнхон Ризоев, ки сардори бахши ҷустуҷӯи умури дохилаи вилоят буд, ӯро кашон-кашон овард ва ман ӯро пурсиш гузаронидам. Зимнан, ман на танҳо бо Сангак, балки бо Рустами Абдураҳим ҳам сӯҳбат карда будам. Рӯзи 5-уми май дар рӯзи равшан дар майдони “Озодӣ” муовини раиси КГБ-и Тоҷикистон А.Белоусов бо мақсади ду майдон - «Шаҳидон» ва «Озодӣ», яъне халқи тоҷикро ба ҷанг кашонидан ҳамроҳ бо ду корманди ин идора норинҷак партофт. Ӯро Сангак ва чанде аз ҳамроҳонаш дастгир карда, ба таҳхонаи Шӯрои олӣ овард. Сангак ӯро латукӯб кард. Белоусов гуфт, ки дастури раиси КГБ-ро иҷро кардааст. Сангак хост, ки ӯро кушад, аммо Кенҷаев ва Ҳувайдуллоев нагузоштанд. Он рӯз, дертар Сангакро мухолифин гаравгон гирифтанд. Аммо бо Сангак чӣ сӯҳбат шуд, ба фикрам, як умр ҷавоб намедиҳам. Он ҷо гапҳо зиёд буд, намехоҳам ифшо шаванд. Вале тамоми ҷараёни сӯҳбат, ки ба таври расмӣ ба протоколи пурсиши Сангак Сафаров ва инчунин Рустам Абдураҳимов аз тарафи муфаттиш баргузор шуд, дар навори магнитофон сабт шудааст.”
ҶИЁНХОН РИЗОЕВРО АЗ ҚАБЛ МЕШИНОХТАМ...
Радиои Озодӣ: Дар он солҳо Шумо ба унвони муовин ва и.в прокурор барои ором кардани авзоъ чӣ тадбирҳо андешидед?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Ба ҷуз аз иҷрои вазифаи бевоситаи худ, бо супориши ҳукумати Тоҷикистон ва Прокурори генералӣ моҳи июни соли 1992 ман ва и.в сарвазири Тоҷикистон Ҷамшед Каримов барои омӯзиши вазъияти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба Кӯлоб рафтем. Дар маҷлиси фаъъолони вилоят, ки раиси вилоят Қурбоналӣ Мирзоалиев доир кард ва дар он Ҷиёнхон Ризоев ҳам ҳузур дошт, иштирок кардем. Ризоевро аз қабл мешинохтам. Ӯ одами ботаҷриба, мутахассис ва ҷасур буд. Дар додситонии вилоят низ бо иштироки прокурори вилоят Ҳабибов ман шахсан маҷлис баргузор кардам. Он ҷо шикоят карданд, ки вазорати дохила ва амният бехатарӣ ва назму тартиботро таъмин ва риоят намекунанд. Ман омада дар коллегияи Прокуратураи генералӣ авзои вилоятро гузориш додам. Он вақт вазорати дохила ва амният ва худи раиси ҷумҳурӣ Раҳмон Набиев дар нисбати ҳодисаҳо мавқеи бетарафӣ гирифта буданд. Ҳатто роҳбарони ин ниҳодҳо бетарафии худро эълон карда буданд. Ҳувайдуллоев аз ман пурсид, ки Шумо чӣ фикр доред? Ман гуфтам, онҳо савганд ёд кардаанд, ки амнияти давлат ва шаҳрвандони Тоҷикистонро таъмин мекунанд. Онҳо ҳуқуқи бетараф буданро надоранд. Ҳам тибқи оинномаи кор, ҳам дар асоси қонунҳои мавҷуда ва ҳам бар пояи савганди ёдкарда агарки корманди милиса ва амният, пеш аз ҳама президенти мамлакат ҳатто дар ҷанги ду шаҳрванд мавқеи тамошогарро гирад, он ҷиноят ҳисобида мешавад. Ман ҳамин тавр баҳои ҳуқуқӣ додам. Гуфтанд, чӣ кор бояд кунем. Гуфтам онҳоро мутобиқи қонуни амалкунанда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан даркор: вазири корҳои дохила, амният ва аз он ҷумла раиси ҷумҳуриро. Боз пурсид, ки кӣ ин ҳодисаро тафтиш мекунад. Гуфтам, ман тафтиш мекунам...”
РАИСИ КГБ АЗ КОР САБУКДӮШ ШУД
Радиои Озодӣ: Вале вақте худатон ба ҳайси и.в. прокурори генералӣ ба кор шурӯъ кардед мушаххасан кадом чораҳо дар роҳи таъмини қонуният ва амнияти шаҳрвандонро ба кор бурдед?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Вақте ман ба вазифа шурӯъ кардам, ҳамроҳ бо раиси Шӯрои олӣ ва и.в. раиси ҷумҳурӣ Акбаршоҳ Искандаров дар вазорати умури дохила маҷлис доир кардем. Дар ин маҷлис ман ҳамчун прокурори генералӣ суханронӣ доштам. Дар ин суханронӣ аз ҳама кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қотеъона талаб кардам, ки вазифаи худро тибқи Конститусия ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ иҷро кунанд ва ба ҳеҷ як гурӯҳи сиёсӣ итоат накунанд ва танҳо манфиати давлат ва аҳолиро ҳимоят намоянд. Бо пешниҳоди расмии прокурори генералӣ ба и.в президенти Тоҷикистон ва раёсати Шӯрои олӣ барои таъмин карда натавонистани амнияти давлат ва шаҳрвандон вазири умури дохила, дифоъ ва раиси КГБ ва ҳамчунин раиси Кумитаи Телевизион ва Радиои Тоҷикистон барои ноором кардани авзои ҷумҳурӣ бо пахши хабарҳои нодуруст аз мансабҳо сабукдӯш карда шуданд. Маҳз бо пешниҳоди прокурори генералӣ дар даҳуми ноябр дар ҷаласаи ҳукумат ва президиуми Шӯрои олӣ оид ба гузаронидани иҷлосияи 16 дар Хуҷанд ва ҳаллу фасли ҳокимият ба таври конститутсионӣ қарор қабул карда шуд. Ман роҳбари гурӯҳи кории ба истеъфо рафтани ҳукумат ва раёсати Шӯрои олӣ будам.”
"СИЛОҲБАДАСТОН ПАРРОНИДАНӢ БУДАНД..."
Радиои Озодӣ: Баъди аз вазифа озод шудан Шумо бо прокурори генералии нав марҳум Маҳмадназар Солеҳов мулоқот кардед. Дар ин мулоқот сабаби аз кор озод карданатонро пурсидед?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Дар Хуҷанд ман бо ӯ вохӯрда будам. Гуфтам, ки дар сейф баъзе асноди махфӣ мавҷуд аст, ман онҳоро бояд бисупорам. Бо ӯ чунин маслиҳат карда будем. Аммо дар Душанбе ӯ маро қабул накард. Се маротиба омадам, қабул накард. Баръакс маро дар прокуратура силоҳбадастон паррониданӣ шуданд. Силоҳбадастон маро ба самти таҳхонаи прокуратура барои куштан дароварданӣ шуданд, ки ба толеи ман Олимов Амир Сайидович – муовини прокурори генералӣ, ки зодаи Кӯлоб аст, аз дасти силоҳбадастон халос карда бо мошини худаш маро гурезонд. Албатта, ин кор бар пояи он овозаҳое, ки дар иҷлосияи 16 дар ҳаққи ман паҳн карданд ва дар радио ҳам бардурӯғ гуфтанд, ки гӯиё ман чанд ҷинояткорро ҷавоб додаам, сурат гирифта буд...”
ВАҚТЕ АЗ САМАРҚАНД БА ДУШАНБЕ МЕОМАДАМ...
Радиои Озодӣ: Бубахшед, чунин лаҳза, ки имкон дошт ҳадафи тир қарор гиред боз иттифоқ афтода буд?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Як маротибаи дигар дар аввалҳои баҳори соли 1993 аз Самарқанд ба Душанбе меомадам, то бубинам дар Прокуратураи генералӣ сарнавишти маро чӣ тавр ҳал карданианд. Дар Турсунзода маро Малик - қумондони Шаҳринав, ки баъдтар раиси ин шаҳр таъйин шуд ва Шаҳоб Шарифов-собиқ раиси КГБ, ки бо пешниҳоди ман аз вазифа барканор шуда буд, дастгир карда куштанӣ шуданд. Шарифов ошкоро гуфт, ки худам медонам, ки барои чӣ чунин муҷозот мешавам. Он вақт прокурори Турсунзода Абдусаломов, ки ба пешвози ман омада буд ба Ибод Бойматов – раиси шаҳри Турсунзода вазъиятро фаҳмонида тавонистанд, ки маро аз дасти онҳо халос кунанд.”
ГУФТУГӮ БО МАҲМАДНАЗАР СОЛЕҲОВ
Радиои Озодӣ: Хуб, баргардем ба дидори Шумо бо Солеҳов, ки баъдан ҳамроҳаш вохӯрдаед...
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Дар соли 2002, замоне ки ман дар Донишгоҳи славянӣ дарс медодам, як рӯз тахминан вақтҳои пешин Солеҳов ва Назаров, ки ҳоло ҳам дар суди Конститутсионӣ муовин аст, бо ман рӯбарӯ шуданд. Солеҳов маро гирифта ба утоқи кориаш даромад. Мо ду соат сӯҳбат кардем. Худи Солеҳов ба ман гуфт, ки ҳар як ҳашароте, ки дар Прокуратураи генералӣ кор мекард, нисбати ту ҳар хел гапҳоро расонд, барои ҳамин ман нисбати фаъолияти ту санҷиш гузаронидам. Дар ин сӯҳбат ба ӯ гуфтам, ки нисбати ман беадолатӣ кардед, чаҳор моҳ ҳуҷҷатҳои шахсии ман, аз ҷумла дафтарчаи меҳнатиамро надодед, сейфи маро кофта ҳуҷҷатҳо ва таппончаи маро ғайриқонунӣ гирифтед. Гуфтам, мебоист ин ҳама корҳо аз роҳи қонунӣ сурат мегирифт, ки нашуд, вале хуб, ки чаҳор моҳ фаъолияти маро мӯшикофона таҳқиқу тафтиш карда, кадом гуноҳе, камбуде ёфтед? Гуфт не, Солеҳҷон, ман ягон гуноҳ дар кори Шумо наёфтам. Дар замони ҷанг ҳамин гуна нофаҳмиҳо мешавад, маро бубахш. Туро сиёҳ карданд, аз он ҷумла хуҷандиҳо ва ному насаби чанде аз онҳоро ҳам гирифт. Прокурори онрӯза Бобохоновро танқид карда гуфт, ки сиёсати ҷобаҷогузории кадрҳоро нодуруст пеш мебарад. Агар ҳозир ҷойи ӯ мебудам, туро дар тафтишоти Прокуратура истифода мебурдам. Гуфтам, ки Шумо прокурори ҷумҳурӣ будед, ба ёд наовардед, акнун дар ҷойи дигарҳо гап мезанед. Баъд аз ин Солеҳов роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент таъйин шуд. Дар он вақт ба президент бо аризаҳо ва ба воситаи рӯзномаҳо муроҷиат кардам, манро ягон маротиба даъват накард ва боз ду маротиба дар Шӯрои адлия дид, маро оғӯш гирифт, аммо чизе нагуфт. Дар назди президент буд ба ягон аризаи ман ҳатто ҷавоб ҳам надод. Фикр мекунам, як бозии ин шахс маҳалгароии ӯ буд.”
АЗ ОВОЗАҲОИ БАРДУРӮҒ ТО ГАРАВГОНГИРӢ
Радиои Озодӣ: Ҳоло баргардем ба сари даъвои Шумо, ки мегӯед ба таври ғайриконститусионӣ аз вазифа озод шудаед. Суди конститутсионӣ (Додгоҳи Қонуни асосӣ) ба Шумо посухи радд дод. Аммо бо ин даъво Шумо чӣ мехоҳед? Мехоҳед ба вазифа баргардед?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Ман талаби ягон мансаб накардам. Маро ба вазифаи прокурори генералӣ бо роҳи қонунӣ ва дар асоси Конститутсия таъйин карданд. Аз ин ҷиҳат мебоист дар иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ маро ба таври қонунӣ ё ба ин вазифа тасдиқ ва ё озод мекарданд. Аммо то ҳамин ҳоло ҳеҷ гуна фармон ё қарор дар бораи аз вазифа озод шудани ман содир нашудааст. Баъди севуним моҳ прокурори генералие, ки дар ҷойи ман таъйин шуд, маро бо фармони худ аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералӣ сабукдӯш ва аз мақомоти прокуратура тамоман озод кард. Ин кор ғайриконститусионӣ сурат гирифт ва ба ҳеҷ чаҳорчӯбаи қонун дуруст намеояд. Ман тӯли ин ҳама сол борҳо ба роҳбари давлат нома навишта хостори барқарории адолат дар сарнавишти худам шудам. Давоми нуздаҳ сол бисёр азоб кашидам. Ҳатто чанд бор гаравгон ҳам гирифтанд ва овозаҳои бардурӯғ паҳн карданд, ки ҷинояткорҳоро ҷавоб додаам. Ман мехоҳам, ки адл барқарор ва беадолатии худро нисбати ман тан гиранд.”
ҲАДАФ: АДОЛАТ Ё МАҚОМ?
Радиои Озодӣ: Агар билфарз гӯянд, ки иштибоҳ шудааст, бояд Шумо ба мақом барқарор шавед?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Ман талабгори мансаб набудам ва нестам ва нахоҳам буд. Бояд дар назди фарзанду набераҳоям ва дар назди мардум бегуноҳии худро собит созам ва номи неки худро, ки болотарин арзиш барои ҳар як инсон аст, барқарор кунам. Аз тарафи президиуми Шӯрои олӣ ва ду прокурори генералӣ фаъолияти манро санҷиш гузарониданд. Маълум гардид, ки дар ҳаракати ман ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералӣ қонуншиканӣ, амал ва кирдори нодуруст мавҷуд нест. Пас, гуноҳи ман дар чист? Рутбаҳои маро, ки ҳатто дар солҳои Шӯравӣ ва барои хидматҳои шоистаам дар Прокуратура гирифта будам, бидуни кадом асос лағв карданд. Дигар ин, ки ман бояд нафақа гирам. Собиқаи кории ман ҳоло нуқс дорад. Дар дафтарчаи меҳнатии ман сана ва сабаби аз мақомоти прокуратура озод шудани ман нодуруст навишта шудааст. Онро бояд дуруст кунанд.”
5 ҲАЗОР БОҶИ ДАВЛАТӢ
Радиои Озодӣ: Ба ҷуз аз посухи расмӣ боз аз роҳу усулҳои дигаре ҳам фаҳмониданд, ки кори беҳуда мекунед, беҳтар аст, даъво накунед?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Аслан намехоҳам дар ин бора чизе бигӯям. Вале фишорҳо ҳаст ба ин маъно, ки гӯиё ман мехоҳам баъзеҳоро сиёҳ кунам. Аммо ман чунин ҳадаф надорам. Ман масъаларо аз тариқи қонунӣ ва додгоҳ ҳал кардан мехоҳам. Ба роҳбари давлат, ба Маҷлиси олӣ ва прокурори генералӣ борҳо муроҷиат кардам. Вақте инҳо ҳатто посух надоданд, сипас, ба додгоҳ рафтам. Бале, Суди конститутсионӣ даъвои маро рад кард. Ҷавоб дод, ки даъвои ман дар додгоҳи шаҳрвандӣ бояд муҳокима шавад. Ба ин додгоҳ, яъне ба додгоҳи ноҳияи Сино рафтам, ки он ҳам рад кард. Дар таъйиноти ин додгоҳ навишта шудааст, ки чун ҷавобгарони асосӣ: Дастгоҳи иҷроияи президент ва Маҷлиси олӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор доранд, бояд арзамро ба ин додгоҳ барам. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ қарор қабул кард, ки баррасии аризаи ман боздошта шудааст. Шарт пеш гузошт, ки дар давоми чор рӯз баъзе корҳоеро, ки ғайриимкон аст, иҷро кунам. Аз ҷумла, аз ман талаб карданд, ки барои муҳокимаи аризаам 5 ҳазор сомонӣ боҷи давлатӣ биспорам. Дар ҳоле, ки ман ҷуброни зарари маънавӣ талаб кардаам. Аммо вақте се додрас аз Додгоҳи олӣ ва суди шаҳр алайҳи ман ва се нашрияи “Озодагон”, “Фараж” ва “Азия-Плюс” ба маблағи панҷуним миллион сомонӣ зарари маънавӣ талаб карданд, онҳо ҳамагӣ чор сомонӣ боҷи давлатӣ супориданду халос. Вақте мо талаб кардем, ки онҳо бояд 0,5 фоиз аз маблағи даъвокардаро, ки қонун пешбинӣ мекунад, бисупоранд, гуфтанд, ки барои ҷуброни маънавӣ шарт нест, ки ҳамаи фоизи пешбинишуда супорида шавад. Яъне, ин чунин маъно дорад, ки агар мансабдори давлатӣ дар додгоҳ даъво пеш оварад, ба ӯ аз қонунҳои нонавишта кор мегиранд. Қонунро бо меъёрҳои дугона наметавон татбиқ кард.”
"ТО ҲОЛ НАТАВОНИСТАМ АДОЛАТРО БАРҚАРОР КУНАМ"
Радиои Озодӣ: Муносибат бо Шумо ба тақдири фарзандони Шумо таъсир гузошт?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Бале. Фарзанди ман факултаи ҳуқуқшиносиро хатм кардааст. Панҷ забон аз ҷумла забони англисиро хуб медонад. Вале дар шаҳри Маскав мардикор аст. Мехостам, ӯ кори маро дар прокуратура идома диҳад. Вақте ӯ ба прокуратура барои кор рафт, дар вақти прокурори генералӣ будани Бобоҷон Бобохонов гуфтанд, мо туро дар рӯихат ҷо медиҳем, вале бояд бист ҳазор доллар диҳӣ. Пас аз як моҳ меравад, мегӯянд, ки ту писари ҳамон шахс - Солеҳҷон Ҷӯраев ҳастӣ, туро қабул карда наметавонем. Дар ин бора ба ҳеҷ куҷо муроҷиат накардам, аммо дар мавриди худам ду маротиба ба назди Бобоҷон Бобохонов даромадам, ки адолатро барқарор кунад, аммо чора надид. Ҳамин тавр кор нагирифтанд. Фарзанди дигарам Соиб Ҷӯраев – шоҳмотбоз, ду карат чемпиони Тоҷикистон байни калонсолон. Ба ӯ ҳам эътибор намедиҳанд. Ӯро дар сатҳи байнулмилалӣ ҳамчун устоди варзиш (Устоди ФИДЕ) дар дунё эътироф карданд, аммо дар ватани худ Тоҷикистон бошад ба ӯ на он ки устоди варзиш, ҳатто ягон дараҷа (разряд) надоданд ва барои ширкати ӯ дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ва Осиё дастгирӣ намекунанд. Як фарзанди дигарам, ки ба фарзандхондагӣ аз хоҳарам гирифтаам, ҳоло дар Амрикост ва дар онҷо ду карат чемпиони Амрико оид ба бокс аст ва духтарам, ки Донишгоҳи тиббиро хатм кард, азбаски дар Тоҷикистон натавонист, кор пайдо кунад, ҳоло дар давлати бегона дар Амрико кор мекунад. Дар охир мехоҳам як чизеро бигӯям. Ман як умр барои барқарории адолат ва номи неки одамон мубориза кардам. Аз ҷумла, ба ҳайси адвокат (вакили мудофеъ) ҳам чандин нафарҳоро тавонистам дар додгоҳҳо сафед намоям. Ҳатто бегуноҳии нафареро, ки прокурор барои ӯ ҳукми қатл талаб намуд, исбот карда ӯро ба озодӣ баровардам. Нисбати дигарон тавонистам, аммо нисбати худ 19 сол боз адолатро барқарор карда наметавонам. Аз ин ҷиҳат рӯҳан азоб мекашам. Азоб мекашам, ки ҳоло бисёр фарзандони содиқ ба миллат ва давлат, ки холисона хидмат карданианд, аз ҳиссиёти маҳалгароиву хешу таборбозӣ ва авҷи коррупсия дар мақомот аз мансабҳо дур карда шуданд. Ҳозир беадолатие, ки дар давлати мо вуҷуд дорад, махсусан беадолатӣ ва қонуншиканӣ дар мақомоти прокуратура ва судҳо ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ин тавр набуд. Шояд раисиҷумҳур вазъиятро намедонад, шояд ба ӯ намефаҳмонанд. Аммо мумкин нест, ки президенти мамлакат аз ин вазъ бехабар бошад. Медонам, ки судҳо аризаи маро рад мекунанд. Лекин дунё ба умед аст ва ин вазифаи муқаддаси ман аст, ки барои барқарории адолат ва ҳақиқат мубориза барам, то ҳеҷ набошад дар оянда дар назди виҷдони худ покиза бошам. Зеро мубориза барои адолат ин ҳаёт ва маънои зиндагии ман аст.”
Сипас, аз соли 1978, дар додситонии кулл ибтидо ба сифати муфаттиш ва сипас зина ба зина дар вазифаҳои муовини сардори раёсат, сардори раёсати тафтишот, муовини Додситони кулл ва дар моҳи сентябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон кор кардааст.
Фаъолияти кории ӯ минбаъд ба сифати адвокат дар шаҳрҳои мухталифи Русия, Узбакистон ва Тоҷикистон идома меёбад. Борҳо ба унвони беҳтарин муфаттиш ва адвокат ё вакили мудофеъ эътироф шудааст. Соҳиби ҷавоизи ҳукуматист. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.
19 сол боз адолатро барқарор карда наметавонам. Аз ин ҷиҳат рӯҳан азоб мекашам. Азоб мекашам, ки ҳоло бисёр фарзандони содиқ ба миллат ва давлат, ки холисона хидмат карданианд, аз ҳиссиёти маҳалгароиву хешу таборбозӣ ва авҷи коррупсия дар мақомот аз мансабҳо дур карда шуданд...
Дар ҳоле ки муддаиёни ин вазифа кам набуданд, моҳи сентябр Солеҳҷон Ҷӯраев иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон таъйин шуд. Ҳоло аз ҷаноби Ҷӯраев мепурсем, ки чаро маҳз ӯро ба ин мақом таъйин карданд?
Солеҳҷон Ҷӯраев: “Дар моҳи январи соли 1992 , ки ман ба ҳайси сардори раёсати тафтишоти Прокуратураи генералӣ (Додситонии кулл) фаъолият мекардам, ба зиммаи ман ҳамчунин вазифаи ноиби прокурори генералии Тоҷикистон гузошта шуд. Ба ҷуз аз ин, бо фармони махсуси прокурори генералӣ ва супориши ҳукумат роҳбарии бригадаи тафтишотии ҳаводиси рухдода дар соли 1992-ро бар дӯш доштам, ки дар ҳайати он кормандон аз КГБ ва ВКД шомил буданд. Моҳи сентябри соли 1992 Акбаршо Искандаров - раиси Шӯрои олӣ ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон маро ба назди худ даъват карда, ҳамроҳам сӯҳбат анҷом дод. Сӯҳбати мо ду рӯз давом кард. Дар бораи авзои ҷумҳурӣ ва роҳҳои таъмин кардани амнияти давлат ва бехатарии шаҳрвандони ҷумҳурӣ фикрҳоямро баён доштам. Он вақт Т.Почомуллоев ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералӣ кор мекард. Раиси Шӯрои олӣ гуфт, ки барои ин мақом номзадии панҷ-шаш нафар пешниҳод шудааст. Ҳар як гурӯҳи сиёсӣ афзуд Искандаров, барои ин вазифа номзади худро дорад, вале ба сифати раиси Шӯрои олӣ ва сарпарасти раиси ҷумҳурӣ номзадии Шуморо муносиб ёфтам. Тавзеҳ дод, ки ман ба ин гурӯҳҳо алоқа ва тааллуқ надорам ва ба сифати нафари холису беғаразу ҷудо аз ин гурӯҳҳо, номзадии маро тавсия ва дастгирӣ мекунад. Ман дар аввал розӣ нашудам. Зеро дар он вақт ба дӯш гирифтани ин масъулият басо мушкил ва душвор буд. Акбаршоҳ Искандаров исрор варзид ва таъкид кард, ки агар ту ватанатро, Тоҷикистонро дӯст дорӣ, бояд барои ба эътидол овардани вазъият саҳми худро бигзорӣ. Хулоса дар рӯзи дуюми сӯҳбат раиси Шӯрои олӣ маро мутақоид кард, ки ба пешниҳоди ӯ розӣ бишавам. Искандаров дар президиуми Шӯрои олӣ низ ин суханҳояш: бетарафӣ, беғаразӣ ва шарик набудан ба ҳеҷ яке аз гурӯҳҳоро дар сифати шахси ман такрор кард. Ба ин тартиб, ман тибқи конститутсия (Қонуни асосӣ) ва бо фармони Президиуми Шӯрои олии ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералӣ таъйин шудам ва фармон дар ин бора дар нашрияҳо чоп шуд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зиндагиномаи Солеҳҷон Ҷӯраев
Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм ва фаъолияти кориашро ба ҳайси муфаттиш дар ноҳия шурӯъ мекунад.Сипас, аз соли 1978, дар додситонии кулл ибтидо ба сифати муфаттиш ва сипас зина ба зина дар вазифаҳои муовини сардори раёсат, сардори раёсати тафтишот, муовини Додситони кулл ва дар моҳи сентябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон кор кардааст.