Тӯли се сол аст, дар минтақаи Кӯлоб маркази рӯзонаи «Ситора» барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Восеъ шурӯъ ба кор кардааст, ки кӯдакону наврасони маъюбро фаро гирифта, ба онҳо таълиму тарбия медиҳад.
Майрамбӣ Орифова, директори ин марказ мегӯяд, то кунун марказ тавонистааст, ки 195 нафар кӯдакони синну соли гуногуни маъюбро барои касбомӯзӣ муттаҳид кунад ва дар як рӯз ба се вақт таом таъмин намояд.
Ба қавли Орифова, мутахассисони онҳо дар самти тавонёбии кӯдакони лолу ношунаво ва роҳнораву касбомӯз то як андоза комёб ҳам шудаанд. Орифова афзуд, мутахассисони марказ дар марҳилаи аввал барои инкишоф ёфтани кӯдаки маъюб
шаш моҳ ҷудо намуда, дар мавриди инкишоф ёфтан онро ба касбомӯзӣ ҷалб менамоянд: «Лекин кӯдакро мо нигоҳ мекунем, зеро дар се моҳ кӯдак кам инкишоф меёбад. Аммо ақалан дар байни шаш моҳ кӯдак инкишоф, ки ёфт мо онро иваз мекунему дар ивазаш кӯдаки дигар мегирем. Дар ҷамъбасти нӯҳмоҳаи соли 2011 мо ба 150 нафар кӯдаки маъюб хизмат расондаем».
Дар ҳамин росто, Муқаддас Орифова, як мутахассиси кабомӯзи марказ афзуд, дар марказ ду касб: пояфзолдӯзӣ барои писарон ва дӯзандагӣ барои духтарон омӯхта мешавад ва аллакай маҳсули дасти духтарон ба фурӯш рафта, маблағи ба даст омада барои боз ҳам хуб шудани зиндагии онҳо дар марказ сарф мешавад.
Хонум Муқаддас гуфт: «Мисол болишт медӯзонанд, ки агар ҳамон болишт 15 сомонӣ фурӯхта шавад, аз ҳамин маблағ 5 сомонӣ барои худаш, 5 сомонӣ барои марказ ва 5 сомонии дигараш барои хӯрок сарф мешавад».
Ба ҷуз ин дар марказ чандин кӯдаки лол дар натиҷаи омӯзишу тадрис забонашон кушода шудааст, ки ба андешаи хонум Муқаддас яке аз онҳо бо номи Салима ба шавҳар баромада, хонаашро обод намудааст.
Аммо Гуландом Қаюмова, як корманди дигари ин марказ гуфт, бо вуҷуди мушкилиҳое, ки дар таълиму тадриси маъюбон ба вуҷуд меоянд, онҳо ифтихорманданд, ки ба як қишри нотавону ниёзманди ҷомеа хизмат мекунанд. Хонум Қаюмова афзуд, барои боз ҳам фаро гирифтани шумори зиёди ин қабил маъюбон бояд шароитҳо фароҳам оварда шавад: «Албатта, аз бо маъюбон кор кардан розӣ ҳастам. Зеро вақте барои ояндаи ҷомеа онҳо чизе аз мо меомӯзанд ва ҳис менамоянд, ба мисли хӯрок хӯрдану навиштану хондан, албатта мо хурсанд мешавем».
Аммо ба андешаи Майрамбӣ Орифова, директори ин марказ, онҳо барои пешбурди кор дар марказ ба ду мушкилӣ рӯ ба рӯ
мебошанд, ки ҳарду ҳам бошанд, мушкили маблағ аст. Хонум Орифова мегӯяд, мушкили нахуст ин дар сатҳи хеле паст қарор доштани маоши кормандон аст, ки 250-300 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад ва ин миқдор маблағ дар қиёси нархи гарони бозор ночиз мебошад. Мушкили дуюм бошад, ин надоштани майдончаи бозӣ ва варзишии тобистона барои таълимгирандагон дар марказ аст, ки онҳо дар се фасл бояд дар чунин майдончаҳо вақти худро гузаронанд. Аммо бо вуҷуди ин хонум Орифова мегӯяд, бо фароҳам овардани шароит ва дастгирии соҳибкорон, онҳо тасмим доранд, дар самти кор бо маъюбон шумори онҳоро дар марказ зиёд намоянд: «Ман хоҳиш дорам, ки ҳамон шахсони тавонгар, ки дасташон мерасад, як миқдор пуле, ки доранд, ба чунин марказҳо кӯмак расонанд. Ин беҳтарин кори савоб аст. Зеро ҳамин хел маъюбон дар кунҷи хона нишаста буданд».
Бояд гуфт, маркази «Ситора» барои кӯдакони имконияташон маҳдуди ноҳияи Восеъ аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии «Хирселк-Австрия», дар соли 2009-ум ташкил шуда, дар он барои таълиму тадриси маъюбон 24 нафар мутахассис фаъолият менамоянд. Ба гуфтаи масъулин, ин нахустин марказ дар минтақаи Кӯлоб буда, ду сол бад-ин сӯ аз тарафи Агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад.