Ҳамроҳхон Зарифӣ аз минбари Маҷмаи умумии СММ бештар рӯи баҳси тақсими об дар минтақа тамаркуз кард.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор намуд, ки тағйири иқлим захираи оби покро коҳиш медиҳад, боиси обхезиҳои мудҳиш, ярч, хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ мешавад.
Ба гуфтаи Ҳамроҳхон Зарифӣ, дар Тоҷикистон, ки тақрибан 60 дарсади захираи оби Осиёи Марказӣ тавлид мешавад, тайи 30 соли ахир майдони пиряхҳо тақрибан 35 дарсад коҳиш ёфтааст. Ӯ афзуд, обшавии босуръати пиряхҳо барои таъмини амнияти обу энержӣ ва озуқаи минтақа хатарҳои нав эҷод мекунад.
Мансабдори тоҷик ба он нукта ҳам таъкид кард, ки тайи беш аз даҳ соли ахир кишвар ҳар зимистон ба камбуди ҷиддии нерӯи барқ мувоҷеҳ мешавад. “Ва чун Тоҷикистон дигар манбаи энержӣ надорад, рушди бахши гидроэнергтика барои кишвар ҳаётан муҳим аст”,-изҳор намуд ӯ.
АЗ МУШКИЛИ АРАЛ ТО ШОМИЛ ШУДАН БА СҶТ
Ҳамроҳхон Зарифӣ ба фоҷиаи баҳри Арал ҳам ишора карда, онро бо “бетафовутӣ дар истифодаи дурусту оқилонаи захираҳои табиӣ” марбут намуд. Ба гуфтаи ӯ, ба хушкшавии баҳри Арал ҳамчунин бунёди обанборҳои бузург дар кишварҳои поёноб мусоидат кардааст. Вазири тоҷик гуфт, “теъдоди ин гуна иншоотҳои амалкунанда аз марзи садто убур кард. Ҳаҷми умумии об дар ҳамаи онҳо назар ба ҳаҷми имрӯзаи об дар баҳри Арал якуним баробар бештар аст”.
Ҳамроҳхон Зарифӣ афзуд, ки ҳукумати Тоҷикистон хостори доир кардани санҷиши пурраи низоми истифодаи об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти сарпарастии СММ шудааст.
Ӯ ҳамчунин изҳор намуд, ки ҳукумати Тоҷикистон айни ҳол се ҳадафи стратегӣ - таъмини амнияти энержӣ ва озуқа ва берун кардани кишвар аз инзивои нақлиётиро дунбол мекунад. “Тоҷикистон барои шомил шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат ҳам талош дорад ва аз кишварҳои узви созмон мехоҳад, ки дар ин роҳ мусоидат кунанд”,- гуфт Ҳамроҳхон Зарифӣ.
ТОҶИКИСТОН АЗ ФАЛАСТИН ҲИМОЯТ МЕКУНАД
Дар суханронӣ дар Маҷмааи умумии СММ вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба зарурати таҳкими муборизаи дастҷамъӣ бо терроризму қочоқи маводи мухадир таъкид намуд. Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон аз талоши Фаластин барои пайвастан ба оилаи ягонаи кишварҳои узви СММ пуштибонӣ мекунад.
Ҳамроҳхон Зарифӣ афзуд, Тоҷикистон ҷонибдори татбиқи Стратегияи байнулмилалии эътидоли комили авзоъ дар Афғонистон аст ва ба ин хотири ҷалби ин кишвар ба раванди ҳамоиши минтақаӣ тавассути ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо давлатҳои ҳамсояро муҳим мехоҳад.
Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон панҷ пул бунёд шудааст ва се пули дигар дар марҳалаи таҳияи аснод ва сохтмон қарор доранд, имсол бунёди хатти баландшиддати барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон хатм шуд. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, тарҳи КАСА-1000 ба ҳалли мушкили дарёфти нерӯи барқ дар Афғонистону Покистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ба Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ нишони Исмоили Сомониро аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон тақдим кардааст. Бино ба хабари дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ нишони "Дӯстӣ"-ро ба раҳбари Барномаи рушди Созмони Милал супурдааст.
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки кишвараш аз талоши Фаластин барои пайвастан ба оилаи ягонаи кишварҳои узви Созмони Милал пуштибонӣ мекунад...