"Тиллои сафед" муҳим аст ё таълим?

Додситонии ноҳияи Восеъ нисбат ба чанд масъули Идораи маорифи ин ноҳия тафтиш оғоз намудааст.
Музаффар Юсуфов, муовини додситони ноҳияи Восеъ гуфт, чанд масъули Идораи маорифи ин ноҳия барои иҷборан ба пахтачинӣ сафарбар кардани мактаббачагон айбдор дониста мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, феълан сафарбар кардани мактаббачагон ба пахтачинӣ аз ҷониби муфаттишони додситонӣ санҷида мешавад ва дар сурати пурра тасдиқ шудани ин гуфтаҳо, онҳо аз болои масъулини маориф парвандаи ҷиноӣ боз хоҳанд кард.

ПАХТАЧИНӢ ДАР РӮЗИ ДАРСӢ

Ҳафтае пеш, хонандагони синфҳои болоии чанд мактаби таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Восеъ аз ҷониби кормандони милисаи ин ноҳия аз майдони пахтазор берун шуда буданд.

Хоҷа Назриев, хабарнигори телевизиони маҳалии «Мавҷи Озод» дар ноҳияи Восеъ манзараи пахтачинӣ ва аз пахтазор берун кардани мактаббачагонро наворбардорӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, дар он ҷо беш аз 50 мактаббачаро навор бардоштааст, ки дар рӯзи дарсӣ ба пахтачинӣ машғул буданд.

Назриев мегӯяд: «Пурсидам, ки шумо чӣ гуна ба пахтачинӣ омадед, ҷавоб доданд, ки муаллимон гуфтанд, ки ба пахтачинӣ меравем, рафтем. Дар бораи он пурсидам, ки оё ба Шумо маблағ медиҳанд ё не, гуфтанд, ки аз пул додан барои пахтаи чидан хабар надоранд, яъне аз меҳнати онҳо истифода бурда мешуд».

Масъулони Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ мегӯянд, бар асоси фармони президент, ки ҷалби кӯдакону наврасон ба пахтачиниро манъ кардааст, рафтор намуда, мактаббчагонро аз пахтазор берун кардаанд.

ДАР КОНИБОДОМ ВАЗЪ БЕҲТАР НЕСТ

Берун кардани мактаббачагон аз пахтазор дар Восеъ дар ҳолест, ки дар ноҳияи Конибодом, шимоли Тоҷикистон аксари мактаббачагон озодона ба ҳосилғундорӣ шуғл доранд.

Мақсудҷон Маҳмудов, сокини ноҳияи Конибодом ба «Озодӣ» гуфт, ки воқеан ду ҳафта боз фарзандони мактабхонаш ба пахтачинӣ ҷалб шудаанд. Аммо онҳо пас аз дарс ба пахта мераванд. Ба гуфтаи Маҳмудов, фарзандони ӯ ихтиёри ба пахтачинӣ мераванд ва волидайн зидди меҳнати онҳо нестанд.

Хонум Фарида, як зани дигари сокини ноҳияи Конибодом мегӯяд, ҳоло барои чидани як кило пахта аз 50 то 60 дирам пардохт мекунанд, ки ин хуб аст. Ба гуфтаи ӯ, барои даромади хонаводагӣ барои ба пахтачинӣ рафтани фарзандаш зид нест.

Дар ҳамин ҳол, як масъули ҳукумати ноҳияи Конибодом, ки худро муаррифӣ накард гуфт, воқеан мактаббачагон ба пахтачинӣ баромадаанд, аммо онҳоро касе ба ин кор маҷбур накардааст. Ин масъули ҳукумати Конибодом гуфт: «Онҳоро касе ба пахтачинӣ маҷбур накардааст. Онҳо оилавӣ ё ин, ки барои кӯмак ба дӯстонашон ба пахтачинӣ мераванд».

Ду соли пеш президенти Тоҷикистон ҷалби кӯдакону наврасон ба пахтачиниро расман манъ карда буд. Зеро дар бозори ҷаҳонӣ пахтаи Тоҷикистонро бинобар истифода шудани нерӯи иҷбории кӯдакон харидорӣ намекарданд.