Расул Боқиев - барандаи медали тилои Ҷоми ҷаҳонии дзюдо

Расул Боқиев (Акс аз бойгонӣ)

Расул Боқиев ғолиби даври навбатии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо дар вазни то 73 кг дар шаҳри Алматии Қазоқистон гардид.
Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин, нахуст бар намояндаи Узбакистон Усмон Дӯстов ғалаба ба даст овард. Сипас ӯ Давид Папауси швейтсариягиро шикаст дод ва дар даври севум бар Элдар Зарифхонови қазоқистонӣ ғолиб омад.

Расул дар даври ниманиҳоӣ бар рақибаш Наврӯз Ҷӯрақулов дастболо шуд ва қасди нокомиашро аз ӯ дар Бозиҳои осиёии Гуанҷоуи Чин гирифт.

Паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ Ринат Иброҳимови қазоқистониро мағлуб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Ба гуфтаи Худойназар Боқиев, падар ва аввалин мураббии Расул, паҳлавони тоҷик, ки дар ин мусобиқа аз 5 қувваозмоӣ дар 4-тоаш ғалабаи соф - “иппон” ба даст овард, имсол барои севумин бор барандаи Ҷоми ҷаҳонии дзюдо гардид. Вале паҳлавонони дигари тоҷик дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Расул Боқиев роҳхат ба Олимпиадаи Лондонро ба даст хоҳад овард?



Дар сабқати мардону занон варзишгарони 34 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Дар сабқати умумидастаӣ тими мизбон – Қазоқистон бо касби 10 медал (3 тилло-2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ғолиб шуд.

Дар сабқати мардон паҳлавонони Қазоқистон дар 2 вазн – Наврӯзбек Майлашев (66 кг) ва Ислом Бозбоев (81 кг) бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд.

Дар 5 вазни дигар намояндагони Муғулистон (Амартувшин Дашдава, 60 кг), Тоҷикистон (Расул Боқиев, 73 кг), Молдова (Иля Ремаренко, 90 кг), Узбакистон (Уткир Қурбонов, 100 кг) ва Русия (Сергей Прокин, +100 кг) ҷойҳои аввалро касб карданд.

Расул Боқиев 29-уми сентябр 29-сола мешавад. Ӯро бо зодрӯзаш табрик гуфта, барояш тансиҳативу хушбахтӣ ва пирӯзиҳо орзумандем.