Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ мавсими нави худро бо намоишнома ё операи "Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино" шурӯъ кард.
Муаллифи ин асар донишманди тоҷик Кароматуллоҳ Олимов ва коргардони намоишнома Убайдуллои Раҷаб мебошанд. Шамсӣ
Низомов, коргардони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, мегӯяд, ин намоишнома аз сӯи бинандагон низ хуб пазироӣ шудааст.
Ӯ гуфт: "Бовар надоштам, ки ин асари баланд дар шакли опера чунин хуб барояду мақбули бинандагон шавад. Толор пур аз тамомшобин буд. Дар ин ҷо ҷои баҳс нест, ки асари хуб ҳамеша тамошобинашро пайдо мекунад. Одамон дар охири спектакл рост истода барои ҳунари волои ҳунармандон каф мезаданд. Ҳатто оби чашм мерехтанд, ба ёди бузургони таъриху фарҳанги худ ва кишвари аҷдодии худ Бухоро. Ин барои ман хеле таъсири баланд гузошт."
Шамсӣ Низомов бар ин назар аст, ки солҳои ахир мардум ҳар чӣ бештар ба тамошои намоишномаҳои Театри опера ва балет меоянд.
Ба қавли ӯ, сабаби аслии ҷалби одамони синну соли гуногун ба опера, балет ва дигар намудҳои санъати касбӣ нисбат ба солҳои пештар ин будааст, ки агар солҳои пеш ин навъи санъат дар ҳамон шакл ва ҳатто мазмуну сужаи аврупоӣ пешкаши мардуми тоҷик мешуд, ҳоло чунин нест. Яъне, театри опера ва балет, ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам мазмун миллӣ шудааст.
Акбари Мирраҷаб, иҷрокунанди нақши марказӣ, яъне нақши Абуалӣ Сино, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд нақшҳои зиёдеро то кунун дар саҳнаи театри опера ва балет бозидааст, вале иҷрои нақши Абуалӣ ибни Сино - табиби ҳозиқ ва донишманди овозадор барояш ба осонӣ даст надодааст.
"То замоне ки ин намоишномаро омода кардем, бовар кунед, (хандида) 10 кило хароб шудам. Бо ҳамин қадар тайёриву тамринҳои хуб ман ин нақшро бозидам ва ё дақиқтараш сароидам, лекин ҳанӯз ҳам то охир аз кори худ қаноатманд нашудаам. Чунки фикр мекунам, боз ҳам бештар бояд меомӯхтам ин нақшро. Вақт барои омодагӣ камтар буд. Лекин хушбахтии мо актёрон ҳамин буд, ки заҳматҳоямон барҳадар нарафт. Толор пур аз тамошобин буд. Ҳам ҷавонон буданд, наврасон буданд ва ҳам калонсолон. Як лаҳза аз ёдам ҳеҷ гоҳ намеравад, вақте ки ман ҳамон қисмати Бухороро месароидам,
як тамошобин аз ҷояш хеста фарёд кашида ба гиря кардан сар кард. Ман аз саҳна истода медидам, ки чашмони тамошбинони дигар медурахшиданд. Албатта, инаш ҳам ҳаст, ки ҳунармандони мо он ҳунармандони чанд соли пеш нестанд. Қариб ҳамаи онҳо мактабҳои бузургу касбиро дар хориҷ аз кишвар аз худ кардаанд",-афзуд ӯ.
Як мусоҳиби мо, ки худро Маъруф муаррифӣ кард, аз қабили онҳое буд, ки намоишномаро тамошо кардаву ба истеъдоди ҳунармандони театри опера ва балет кафкӯбӣ кардааст: "Рости гап, кам ба театри опера ва балет меравам ва операи зиёдеро ҳам наадидаам. Лекин операи Абуалӣ ибни Сино воқеан ба ман маъқул шуд. Чунки коргардону ҳунармандон тавонистанд, ки чеҳраи воқеии Синоро офаранд. Фикр мекунам, чунин асарҳо лозим ҳастанд барои ҷавонони мо. Агар ҳамин хел асарҳои хубро гузоранд, мардум мераванд барои тамошо, албата. Фарқ надорад, ки он опера аст ё чизи дигар."
Бо ин ҳама ба гуфтаи мсъулин ва ҳунармандони театри Айнӣ, операи "Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино" аз ҷониби санъатшиносон ва мунаққидон ҳамчун як дастоварди бузарг ва шоҳкории камназире дар олами санъати касбӣ дониста шуд ва ин намоишнома аз ҷониби намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ки дар рӯзи намоиши нахустини он ҳузур доштанд, дархостҳо барои намоиш ин асар дар хориҷ аз кишвар расидаанд.
Ба ин тартиб, қарор аст операи "Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино" дар ояндаи наздик дар саҳнаи театри кишварҳои ҳамзабони Эрону Афғонистон ва ҳамчунин Туркия ва дигар кишварҳои аврупоӣ ба намоиш дарояд.
Қарор аст, дар ояндаи наздик операи "Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино" дар саҳнаи театрҳои Эрону Афғонистон ва Туркия ба намоиш дарояд...
Низомов, коргардони Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, мегӯяд, ин намоишнома аз сӯи бинандагон низ хуб пазироӣ шудааст.
Ӯ гуфт: "Бовар надоштам, ки ин асари баланд дар шакли опера чунин хуб барояду мақбули бинандагон шавад. Толор пур аз тамомшобин буд. Дар ин ҷо ҷои баҳс нест, ки асари хуб ҳамеша тамошобинашро пайдо мекунад. Одамон дар охири спектакл рост истода барои ҳунари волои ҳунармандон каф мезаданд. Ҳатто оби чашм мерехтанд, ба ёди бузургони таъриху фарҳанги худ ва кишвари аҷдодии худ Бухоро. Ин барои ман хеле таъсири баланд гузошт."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад