Ду шаҳрванди Амрико баъди беш аз ду соли боздошт дар Эрон раҳо ёфта, нафаси озодиро дар Уммон кашиданд.
Пайвандони онҳо ин рӯзро “беҳтарин рӯз дар зиндагии худ” ба қалам медиҳанд. Алекс, бародари Ҷош Фаттал гуфт, ҳарду “солим, хушбахт ва пуразманд.”
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва вазири хориҷаи он кишвар Ҳилларӣ Клинтон дар баёнияҳои алоҳида аз раҳоии Бауэр ва Фаттал
истиқбол карданд. Обама гуфт, “тамоми амрикоиҳо дар канори аҳли хонаводаҳо ва дӯстони онҳо бозгашти деринтизори онҳо ба хонаро таҷлил мекунанд.” Обама ва Клинтон ҳарду аз талошҳои давлатҳои Уммону Ироқ ва Швейтсария ба хотири раҳоии ин ду амрикоӣ аз зиндони Эрон ситоиш карданд.
Хабари раҳоии Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал аввал аз ИРНО, хабаргузории расмии Эрон расид, ки бино ба гузоришаш, ин ду амрикоиро дар пайи расидани 1 миллион доллар пули васиқа озод карданд. Вакили эронии онҳо Масъуд Шафеъӣ гуфт, ӯ аз сӯи қувваи қазоия хатти тасвиби расидани пули васиқаро гирифтааст ва ин роҳи раҳоии онҳоро боз мекунад.
Пули васиқа тавассути Уммон ба дасти мақомоти Эрон расид, чунки байни Эрону Амрико равобити дипломативу бонкӣ вуҷуд надорад. Манфиатҳои Амрикоро дар Эрон низ аз замони қатъи равобити расмии ду кишвар дар пайи инқилоби исломии соли 1979 сафорати Швейтсария ҳимоят мекунад.
Бауэр ва Фаттал нимашаби гузашта Эронро ба қасди Уммон тарк карданд ва интизор меравад, ки аз онҷо ба Амрико баргарданд. Сафири Швейтсария дар Эрон Ливия Лю Агостӣ дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ба хабарнигорон гуфт: “Онҳо ҳамин ҳоло мераванд ва ман аз ин хеле ва хеле хуш ҳастам. Ин барои онҳо як фурсати хеле тӯлонӣ буд ва мо кори зиёдеро анҷом додем. Ва ман аз тамоми онҳое ки кумак карданд, бахусус аз уммониҳо ва, албатта, аз ироқиҳо, хеле сипосгузорам.”
Шон Бауэр ва Ҷош Фаттал ҳамроҳ бо Сара Шоурд ҳанӯз моҳи июли соли 2009 дар марзи Ироқу Эрон боздошт шуданд. Шоурдро моҳи сентябри соли гузашта ба далели вазъи сиҳҳаташ дар баҳои 500 000 доллар пули васиқа низ бо мусоидати Уммон раҳо карданд ва ӯ ба дунбол ба Амрико баргашт.
Ҳарсе мегӯянд, дар кӯҳистони шимоли Ироқ кӯҳнавардӣ мекарданд ва агар аз марзи аломатгузориношудаи Эрон убур карда бошанд, нодониста кардаанд. Давлати Амрико низ ҷосус будани онҳоро радд мекунад. Аммо додгоҳи Теҳрон дар моҳи август Бауэр ва Фатталро дар ҷосусӣ ва убури ғайриқонунии марз муҷрим шинохт ва ҳар кадоми онҳоро 8-солӣ ҳукми зиндон дод.
Аммо ин парванда вақте чархиши дигар ёфт, ки раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҳафтаи гузашта гуфт, ки ҳарду ба далоили башарӣ аз маҳбас раҳо хоҳанд шуд. Ба назари таҳлилгарон, ҳадаф аз ин эълони Аҳмадинажод эҷоди фазои беҳтари байналмилалӣ дар остонаи сафари ӯ ба Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк буд.
Мақомоти ироқӣ мегӯянд, раиси ин ҷумҳурӣ Ҷалоли Толибонӣ низ аз ҷумлаи миёнҷиҳо ба хотири таъмини раҳоии кӯҳнавардони амрикоӣ буд. Қувваи қазоияи Эрон ибтидо ногузир будани раҳоии Бауэр ва Фатталро радд кард ва гуфт, масъалаи раҳоии онҳо фақат дар дасти баррасист. Аммо дирӯз ин шохаи қудрати Ҷумҳурии исломӣ низ таъйид кард, ки ҳарду амрикоиро дар пайи расидани пули васиқаи онҳо аз зиндон раҳо кардаанд.
Созмони Афви байнулмилалӣ раҳоии Бауэр ва Фатталро хабаре номид, ки бояд барвақт анҷом мешуд. Ҳасиба Ҳодӣ Саҳроӣ, муовини мудири Афви байналмилалӣ дар умури Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ гуфт, “тамоми шавоҳиди дастрас ҳокист, ки мақомоти Эрон аз ибтидо медонистанд, ки ин афрод ҷосус нестанд ва бояд раҳо шаванд.”

Созмони Афви байнулмилалӣ раҳоии Бауэр ва Фатталро хабаре номид, ки бояд барвақт анҷом мешуд...
истиқбол карданд. Обама гуфт, “тамоми амрикоиҳо дар канори аҳли хонаводаҳо ва дӯстони онҳо бозгашти деринтизори онҳо ба хонаро таҷлил мекунанд.” Обама ва Клинтон ҳарду аз талошҳои давлатҳои Уммону Ироқ ва Швейтсария ба хотири раҳоии ин ду амрикоӣ аз зиндони Эрон ситоиш карданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад