Аъмоли се шаҳрвандони Қирғизистон, ки ба иртикоби ҷиноёти сангин дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, ҳанӯз дар дасти баррасии мақомот қарор дорад.
Масъулони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир тафтишоти муқаддамотии аъмоли ин се нафар ҷараён дорад ва масъалаи истирдоди онҳо ҳанӯз матраҳ нест.
ИДОМАИ ТАФТИШИ АЪМОЛИ СЕ ШАҲРВАНДИ ҚИРҒИЗИСТОН
Ин се нафар ҳафтаи гузашта аз сӯи кормандони Раёсати мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буданд.
Ҳарчанд ин се нафар аз сӯи маъмурони Раёсати мубориза алайҳи ҷиноёти созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт шудаанд, аммо аъмоли яке аз онҳо Чингиз Ҷумъагулов, соли таваллудаш 1981 тавассути кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Зеро ба гуфтаи Ҳумайро Мирова, котиби масъули дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Чингиз Ҷумъагулов ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам дониста мешавад. Ҳумайро Мирова дар ин бора ба РО гуфт: «Ҳоло тафтишоти пешакӣ идома дорад. Як нафар Чингиз Ҷумъақулов, ки ба убури ғайриқонуни марз муттаҳам дониста мешавад, ба Кумитаи амнияти миллӣ дода шудааст, аъмоли ду нафари дигар дар дасти баррасии УБОП ва ё Раёсати мубориза алайҳи ҷиноёти созмонёфтаи вазорати корҳои дохлии Тоҷикистон қарор дорад. Тафтишоти пешакӣ бояд маълум кунад, ки ин афрод дар Тоҷикистон низ ҷинояте содир карданд ё хайр?»
"МАВЗӮИ ИСТИРДОД МАТРАҲ НЕСТ"
Аммо ба таъкиди хонум Мирова, мавзӯи истирдоди се шаҳрванди Қирғизистон ҳоло матраҳ нест ва мушаххас нест, ки чӣ замоне онҳо аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя фиристода мешавад. Ин аст, ки масъулони сафорати Қирғизистон дар Душанбе низ гуфтанд, ки ҷониби Тоҷикистон онҳоро дар ҷараёни истирдоди ин се шаҳрванди Қирғизистон қарор надодаанд.
Дар ҳамин ҳол генерал Ҷӯрахон Зоиров, сардори Раёсати мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба РО гуфт, ки раванди истирдод як марҳалаи тӯлонист ва эҳтимол дорад ду моҳ бештар тӯл кашад. Ин дар ҳолест, ки генерал Ҷӯрахон Зоиров ба ҳангоми боздошти шаҳрвандони Қирғизистон гуфта буд, ки истирдод дар замоне сурат мегирад, ки агар кишвари ҳамсоя як нафар ҷинояткореро, ки дар Қирғизистон дастгир шудааст, ба Тоҷикистон баргардонад. Ин мақоми вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як тан аз маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар як соли пешро дар назар дорад.
БОЗДОШТ БА ИРТИКОБИ ҶИНОЯТ
Зимнан, сабаби боздошти се тан аз шаҳрвандаи Қирғизистон, ки ҳамакнун дар Душанбе ба сар мебаранд, ба иртикоби ҷиноёти сангин дар кишварашон рабт мегирад. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҷиноёти содир кардаи ин се шаҳрванди қирғиз
чунин гуфт: «Қодирбек Дастонов, соли таваллудаш 1971, сокини вилояти Уши Қирғизистон бо моддаи 247, Чингиз Ҷумъагулов, соли таваллудаш 1981 бо модаи 241, қисми 2 ва Шакулиев Мерлан Ниёзбекович, соли таваллудаш 1986, бар асоси қонуни кайфарии Қирғизистон муттаҳам дониста мешаванд».
Ҳамчунин ба гуфтаи Мелис Турғонбоев, муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон ин се нафар дар қатли Усмонов, як шаҳрванди ин кишвар даст доштаанд. Ба таъкиди муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон, Усмонов ронандае буд, ки бо мошини Мадад Содирқулов, собиқ раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии ин кишвар тасодум карда буд.
Ҷаноби Турғунбоев гуфт, ки қатли Усмонов аз сӯи Ҷониш Боқиев, бародари Қурмонбек Боқиев, собиқ раиси ҷумҳури Қирғизистон фармоиш шуда буд ва иҷрокунандаи ин қатл ин се нафаранд, ки дар Тоҷикистон боздошт шуаанд. Ҳамчунин як нафари дигар аз омилини ин ҷиноят дар Аморати Мутаҳидаи Арабӣ ба сар мебарад.