Як генерали афғон мегӯяд, ки нерӯҳои Тоҷикистон дар ҷилавгирӣ аз маводи мухаддир заъф нишон медиҳанд.
Генерал ҲАБИБИ САИДХЕЛ, фармондеҳи кулли қушӯнҳои марзбонии шимоли Афғонистон, ки назорати марзҳои ин кишвар -- аз Туркманистон то Чинро ба ӯҳда дорад, зимни як тамоси телефонӣ ба "Озодӣ" гуфт, Шӯрообод ва Шаҳри Бузург, маҳалли серҷанҷолтарини марзи Афғонистону Тоҷикистон, ба шумор меоянд.
Вай афзуд, борҳо аз фармондеҳии марзбонии тоҷики ин минтақа дархост кардааст, ки ҷилави қочоқбарони худро бигиранд, то аз ҳамтоёни афғонашон маводи мухаддир харидорӣ накунанд.
Ҷаноби Саидхел гуфт, барои убуру мурури қочоқбарони афғон дар марз дасти марзбонон низ ҳаст: "Орзуи мо аз марзбонони тоҷик ин аст, ки афроди худро назорат дошта бошанд ва аз онҳо ҷилавгирӣ намоянд, то инҳо натавонанд он тараф гузаранд. Дар сӣ соли ҷанги Афғонистон осору алоими сарҳадӣ вуҷуд надорад. Аммо Тоҷикистон, ки ҳеҷ даст нахӯрдааст. Сарҳадоташ орому софу сода аст. Бурҷҳои пайраҳадорӣ доранд. Сими
хордор доранд, хоки нарми сарҳадӣ доранд. Газма ё дидбонҳои сайёр доранд. Ҳеҷ чизашон даст нахӯрдааст. Аммо мо инро мегӯем, ки чӣ тавр мешавад инҳо мераванду аз назди онҳо мегузаранд ва онҳо намебинанд?"
Фармондеҳи кулли қӯшунҳои марзбонии шимоли Афғонистон мегӯяд, қочоқбарони афғонро шарикони тоҷикашон тариқи нуқоти душворгузари марзи ду кишвар ба Тоҷикистон мебаранд, дар хонаҳои худ ҷой ба ҷой мекунанд, маводашонро мефурӯшанд, маблағашонро мегиранд ва пас амнияташонро гирифта, боз ба Афғонистон интиқол медиҳанд.
Изҳороти мақоми Афғонистон дар ҳолест, ки зимни як нишасти байнулмилалӣ дар Душанбе Шараф Файзуллоев, муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт,
марзбонҳои Афғонистон тахассуси кофӣ надоранд. Вай аз созмонҳои байнулмилалӣ ба мисли Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милал даъват карда буд, ки ба марзбонони афғон кӯмак кунанд, бахусус барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо.
Дар ҳамон нишасти ҳафтаи гузашта, ки дар он Иттиҳодияи Аврупо барои таҳкими назорати марзи Афғонистон бо Тоҷикистону Узбакистон беш аз 10 миллион евро кӯмак ваъда дод, Давлат Муҳаммад, комиссари сарҳадии Дарвози Афғонистон гуфт, дар даҳаи саввуми моҳи августи соли равон миёни нерӯҳои амниятии афғон ва 250 размандаи Ҳаракати исломии Узбакистон ва мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар вулусволии Кишми Бадахшон даргирӣ ба вуқӯъ пайваст: «Аз ҷумла панҷ нафар аз аъзои ҲИУ кушта шуд ва се нафар аз мухолифини Тоҷикистон дастгир шуданд, ки зуд ба Кобул интиқол дода шуданд. Мутабоқӣ
аз ин нафарон ба дараи Тӯпхона, марзи Покистону Афғонистон ақибнишинӣ карданд ва ҳоло он ҷо мебошанд. Дар ин ҷанг мо се сарбоз шаҳид додем».
Комиссари сарҳадии Дарвози Афғонистон мегӯяд, ҳадафи ин гурӯҳҳо роҳ ёфтан ба Тоҷикистон аст ва нерӯҳои амниятии Афғонистон ҳаракати онҳоро пайгирӣ мекунанд.
Дар гузашта вуруди қочоқбарони афғон ба навоҳии марзии Тоҷикистон ва рабудани сокинони ин маҳалҳо зиёд ба вуқӯъ пайвастааст. Ин манотиқ яке аз нуқоти даргириҳои марзбонони тоҷик бо қочоқбарони афғон низ маҳсуб мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, шурӯъ аз аввали соли равон 7 сарбози раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар набардҳо алайҳи қочоқчиёни афғон кушта шудаанд.
Аммо кушта шудани 8 сокини Афғонистон дар минтақаи Шӯробод дар моҳи июли соли равон яке аз баҳсҳои дигари миёни мақомоти ду кишвар буд. Ҷониби Тоҷикистон онҳоро қочоқбар унвон кард, зеро минтақаеро, ки онҳо дар марз убур карданд, гузаргоҳ надошт. Аммо генерал Ҳабиби Саидхел, фармондеҳи кулли қушунҳои марзбонии шимоли Афғонистон мегӯяд, ӯ шахсан ба хонадони ҳар яке аз кушташудагон рафта, рӯшан кардааст, ки афроди мулкиву оддӣ буданд, раводиди Тоҷикистонро доштанд ва барои
ҷустуҷӯи гиёҳи шифобахш ба он тарафи марз рафта буданд.
Абдулло Ҳабибов, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, идораи марзи Тоҷикистону Афғонистон аз ҳарду ҷониб мушкил дорад, зеро хеле тӯлонист ва ҳеҷ як аз тарафҳо ба пуррагӣ онро назорат карда наметавонанд. Вай афзуд: «Марзбонони Тоҷикистон ва Афғонистон бояд ҷониби ҳамдигар ангушт нишон надиҳанд. Марзи тӯлонӣ ҳамкории зичро талаб мекунад.»
Иддае дигар аз коршиносон ҳам бар инанд, ки мухолифатҳои миёни марзбонони ду кишвар ба осиёби таблиғоти Русия дар бораи аз ӯҳдаи ҳимояти марз баромада натавонистани Тоҷикистон об мерезад.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик дар умури сиёсӣ мегӯяд: «Интиқодоте, ки аз ду ҷониб сурат мегиранд, хавфи сиёсӣ ва геополитикӣ доранд. Аз хориҷ ҳам
ҷонибҳо дар назорати ин марз манфиатдоранд, як сӯ Амрикову Аврупо ва аз сӯи дигар Русия. Амрикову Аврупо тарҳҳои тақвияти ин марзро сармоягузорӣ мекунанд. Аммо Русия ҳамеша мехоҳад фазоеро барои он ақида вуҷуд орад, ки Тоҷикистон марзҳои худро ҳимоят карда наметавонад ва бозгашти русҳо ҳатмист».
Дар ҳамин ҳол, марзи Афғонистону Тоҷикистон танҳо гузаргоҳи қочоқбарони маводи мухаддир ба минтақа нест. Баробари шурӯъи сӯҳбатҳо дар бораи хуруҷи нерӯҳои байнулмилал аз Афғонистон, ҳарфи вуруди нерӯҳои силоҳбадаст низ аз забони сиёсатмадорон намеафтад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад