Дарду андӯҳ ва суолу гумонҳои яксолаи Камароб

Бо гузашти як сол аз рӯйдодҳои Рашт гуфта мешавад, дигар дар ин ҷо нерӯи нооромкунандаи вазъ боқӣ намондааст.
Ҳуҷуми террористии як соли пеш ба корвони сарбозони ҳукуматӣ дар дараи Камароб мардумро дар дохилу хориҷи кишвар такон дод ва Дараи Камаробро то муддате ангуштнамо кард.

Ин ҳуҷуми ғофилгирона то 28 сарбози ҳукуматро қурбон
Вақте қаҳрамониҳои ӯро нодида мегиранд, инашро ҳам намехоҳем. Як сол мегузарад, ба ҷуз аз чанд ҳамхидматҳои писарам ва журналистҳо дигар ҳеҷ нафари масъуле хабаргириамон наомадааст...

кард. Дар ин ҳодиса фарзанди Зӯҳро Каримова, сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, Содиқ Каримов низ кушта гардид. Зӯҳро Каримова аз ин фоҷеа ҳанӯз ба худ наомадааст ва пайваста ғамҳои худро ба хешу ҳамсояҳо қисса мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар ин рӯзҳои пурандӯҳ аз ҳама бештар ба дилбардориву ҳолпурсӣ ниёз дошт, махсусан ба дилбардории мақомот, ки писарашро ба хизмат бурданд, вале ҷасади беҷонашро оварданд. Бо он ки ҳукумат мегӯяд тамоми гурӯҳҳои террористиро саркуб кардааст, вале Зӯҳро Каримова аз сарнавишти се писари дигараш хавотир аст, ки ба сини аскарӣ расидаанд ва бояд ба хизмат даъват шаванд.

Ӯ бо шиква мегӯяд: "Се бачаи дигар дорам. Ҳамаашонро бояд ба хидмат бифиристодам. Аммо инашро, ки давлат қадрдонӣ накард, чаро бояд дигар фарзандҳоямро ба хидмат фиристам? Розӣ нестам, ки номи кадом мактаб ё кӯчаеро ба номи Содиқҷон гузоранд. Вақте қаҳрамониҳои ӯро нодида мегиранд, инашро ҳам намехоҳем. Як сол мегузарад, ба ҷуз аз чанд ҳамхидматҳои писарам ва журналистҳо дигар ҳеҷ нафари масъуле хабаргириамон наомадааст."

Ҳодисаи Камароб ва таҳаввулоти минбаъдаи он даҳҳо ҷони дигарро дар ин дара бар бод дод ва чандин хонаро мотамсаро кард. Аммо ин ҳалокат аз ҳалокати сарбозон ва ин мотам аз мотами модарони сарбозон фарқ дошт. Ин дафъа ҷангиёни мусаллаҳ кушта шуданд.

Навори ҷасадҳои беҷони ҷангиёни мусаллаҳ рӯзе чанд бор аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш гардид ва баъдан ба торномаи видеоии Юутуб низ гузошта шуд. Хонаводаи ҷангиёни мусаллаҳ ғами худро хомӯшона фурӯ бурданд, то гумоне ба миён наояд, ки онҳо ба террористҳо таваҷҷӯҳ доранд.


То ҳол ҷузъиёти муҳими амалиёти вежаи ҳукумат дар Дараи Камароб пӯшида ва шеваи боздошту ба ҳалокат расидани ҷангиёни мусаллаҳ мармуз боқӣ мондааст. Мардуми маҳаллӣ низ дар сӯҳбат бо хабарнигорон бозу ошкор нестанд ва умдатан бо ҷавобҳои кӯтоҳи “ҳа” ва “не” маҳдуд мешаванд.

Шаҳодат Давлатова, хоҳари собиқ фармондеҳи мухолифони тоҷик Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакӣ, танҳо нафарест, ки бо хабарнигорон ошкоро сӯҳбат мекунад. Ӯ дар посух ба суоли мо дар бораи ҳавдиси як соли пеш, ҷанги Камароб ва умуман норомиҳои соли гузаштаи Раштро маҳкум кард. Дар ин ҳодисаҳо бародари ӯ Алии Бедакӣ кушта ва як бародари дигару падари 76-солааш ба маҳкама кашида шудаанд.

"Бародарам қурбони тӯҳмату дасиса шуд. Рӯзномаҳо навиштанд, ки вай дар фермаи Бедак 800 сар гӯсфанд дошту чанд сар гов. Вақте ки вай фермаро гирифт, чорво надошт. Мардум ба навиштаи рӯзномаҳо гуфтанд, ки дар ин ферма чизе набуд. Боз дар ҳамин ферма, ки ба ҷои
Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Давлатӣ.

бозии бачаҳо табдил шуда буд, яроқ бурда гузоштанд ва Алиро тӯҳмат карданд. Ин ҳама ӯро асабонӣ мекард ва дигар натавонист соҳибкориашро идома диҳад ва аз хонааш рафт,” --афзуд ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумат масъулияти ҳуҷум ба корвони сарбозонро бар дӯши Алии Бедакӣ гузошт ва дар як наворе аз саҳнаи бозпурсии Алии Бедакӣ аз тарафи ходимони амниятӣ, ки баъдан дар шабакаи Юутуб нашр шуд, аксари суолҳо ба ҳамин ҳуҷуми террористӣ марбут буданд. Ин навор ҳамчунин шубҳаеро ба миён овард, ки амалиёт на ба он гунае гузаштааст, ки ҳукумат мегӯяд. Ҳоло ҳам бисёре аз суолҳо беҷавоб боқӣ мемонанд.

19 сентябр дар солрӯзи шабехуни дараи Камароб, як ҳайати иборат аз ходимони идораҳои қудратии Тоҷикистон ҳамроҳ бо сокинони ноҳияи Рашт дар ҳамин дараи акнун машҳур ҷамъ омада, аз сарбозони Вазорати дифоъ, ки расо як сол қабл дар ҳамин рӯз ва дар ин дара ба қатл расида буданд, ёдоварӣ карданд.

Дар ин ҳамоиши ёдбуди сарбозони Вазорати дифоъ Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон суханронӣ карда ва аз ҷумла таъкид намудааст, ки дар минтақаи шарқи кишвар дигар гуррӯҳҳое, ки оромиро халалдор кунанд, вуҷуд надоранд ва вазъи амниятии ин навоҳӣ таҳти назорати нерӯҳои қудратӣ қарор дорад.

Яке аз фармондеҳони пешини мухолифин дар Рашт -- Олим Одилов низ мегӯяд: “Ба ҳодисаи ҳамла болои сарбозони Вазорати дифои Тоҷикистон тайи ин як сол баҳо дода шуд. Намехоҳам, кадом нуктаи дигаре изофа кунам. Ҳоло тамоми минтақаи шарқи Тоҷикистон таҳти назорати нерӯҳои қудратӣ қарор дорад ва ҳеҷ гурӯҳи худсаре дигар мавҷуд нест.”

Амалиёти ҳукумат бар зиди ҷангиёни мусаллаҳ, ки гуфта мешуд бархе аз ҷавонҳои маҳаллӣ буда, бархи дигар аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштаанд, чандин моҳ идома кард ва бо маҳви ин гурӯҳҳо анҷом ёфт. Алии Бедакӣ дар натиҷаи як амалиёти вежа дар авоили моҳи январ ва Мулло Абдуллоҳ дар моҳи апрели соли ҷорӣ кушта шуданд.