Бишкек: Сарнавишти CASA-1000-ро "ҳал" мекунанд

Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ва Покистону Афғонистон иҷрои тарҳи CASA-1000-ро баррасӣ доранд.
Дар ин нишаст, ки дар пойтахти Қирғизистон ҷараён дорад, Тоҷикистонро муовини вазири энержӣ ва саноати кишвар -- Пӯлод Муҳиддинов намояндагӣ дорад.

Гуфта мешавад барои иҷрои ин тарҳ, ки нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистонро ба Афғонистону Покистон интиқол хоҳад дод, беш аз 950 миллион доллар зарур аст.

Дар оғози моҳи сентябр дар нишасти чаҳоргона дар Душанбе раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев гуфт, ки кишвараш дар иҷрои тарҳи CASA-1000 иштирок ва “садҳо миллион доллар” сармоягузорӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъа намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ Теодор Алерс ва раисҷумҳури Тоҷикистон низ роҷеъ ба сарнавишти CASA-1000 гуфтугӯ анҷом доданд. Ҷаноби Алерс низ гуфт, дар сурати ризояти Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон Бонки ҷаҳонӣ омодааст, ки аз ин тарҳ ҳимоят ва барои татбиқи он маблағ ихтисос бидиҳад.

Ӯ афзуд: "Тоҷикистону Қирғизистон бидуни бунёди нерӯгоҳҳои нав, ҳоло ҳам имкон доранд, ки дар фасли тобистон ба воситаи ин хат ба Афғонистону Покистон нерӯи барқ интиқол диҳанд. Аз ин рӯ бунёди он бояд оғоз ёбад."

Вале бархе аз соҳибназарони тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон, ки худ ба камбуди барқ мувоҷеҳ аст, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун метавонад ба Покистону Афғонистон барқи бештар интиқол бидиҳад. Дар ҳоле ки сарнавишти ин нерӯгоҳи азим ҳанӯз норӯшан боқӣ мондааст ва Бонки Ҷаҳонӣ низ гуфта, ки ташхиси ниҳоии тарҳи Роғунро танҳо тобистони соли оянда эълом хоҳад кард.

Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақавист, ки умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои "Қамбарота"-и Қирғизистон ва "Роғун"-и Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистонро дар назар дорад.

Ба гуфтаи мақомот, дар оғоз тариқи ин хатти баландшиддати 500 киловолта 1000 ва ниҳоятан 4000 мегават барқ ба Осиёи Ҷанубӣ, умдатан Покистон интиқол дода хоҳад шуд.

Парлумони Тоҷикистон ҳанӯз дар оғози моҳи январи соли 2010 созишнома миёни Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон дар бораи эҳдоси хатти баландшиддати интиқоли барқи "CASA-1000"-ро тасвиб карда буд.