Пажӯҳишгари Донишгоҳи Генти Белгия бо сафаре ба Тоҷикистон роҷеъ ба таъсири муҳоҷирати корӣ ба диндорӣ таҳқиқе анҷом додаааст.
Дар сӯҳбате, ки бо Бруно Де Кордиер доштем, нахуст аз ӯ пурсидем, ки доир ба омилҳои таъсири муҳоҷират ба диндорӣ дар Тоҷикистон бигӯяд.
Ҷавоб: Аввал ин ки теъдоди қобили мулоҳизаи мардони муҳоҷир ҳастанд, ки дар ҷараёни сол муддати тӯлонӣ дур аз ватан ва дар муҳити дигар мемонанд ва ин дар воқеъ ба ҷаҳонбинӣ ва рафторашон дар Тоҷикистон ва Русия таъсир мегузорад. Вақте онҳо ба Русия меоянд, як унсури муҳими ҳуввияташон дини ислом аст, ки нигаҳ медоранд, вале албатта ин барои ҳамаи онҳо хос нест. Шояд аксари онҳо ҳуввияти исломии худро нигаҳ доранд, аммо ҳудуди аз 10 то 15 дарсад ҳаст, ки баъди муҳоҷират ба Русия дар кулли аз мазҳаб дур мешаванд. Тамоюли афзоиши муҳоҷирати корӣ умдатан ба Русия ва кишварҳои дигар, ҳамзамон бо тамоюли густариши диндорӣ дар худи Тоҷикистон сурат мегирад. Аҷиб он аст, ки густариши диндорӣ на танҳо дар он бахшҳои Тоҷикистон масалан водии Ғарм мушоҳида мешавад, ки мардуми онҷоро муҳофизакор ва мазҳабӣ медонистанд. Ин тамоюлро дар Кулоб мебинед, дар миёни мардумии таҳҷоии водии Вахш мебинед ва ҳам дар Хуҷанд, дар вилояти Суғд мебинед, ки минтақаи бештар дунявӣ дониста мешавад. Яъне дар воқеъ ин ду тамоюл, диндорӣ ва муҳоҷират ҳамроҳ қадам мезананд. Саввум чизе, ки ман мушоҳида кардам, ин аст, ки диндорӣ ва рӯ овардан ба тоату ибодат ба нуфузи афроди алоҳида дар миёни муҳоҷирон дар Русия ва ҳам худи Тоҷикистон вобаста аст.
Суол: Шумо дар пажӯҳиши худ, аз як имоми дар водии Вахш нақли қавл кардаед, ки тақрибан нисфи онҳое, ки аз муҳоҷират бармегарданд, назар ба гузашта бештар мазҳабӣ шудаанд ва боқимонда тағйир намеёбанд. Ё масалан агар ба тоату ибодат машғул нашаванд ҳам, ҳадди аққал аз хӯрдани шароб парҳез мекунанд. Дар дигар минтақаҳои кишвар ҳам чунин аст?
Ҷавоб: Ман дар пажӯҳиши худ аслан ба водии Вахш ва воқеъият дар баъзе аз манотиқи дигар таммаркуз кардам. Аммо бар пояи манобеъи ғайримустақим, дар минтақаҳои дигари кишвар ҳам тамоюли шабеҳ мушоҳида мешавад. Ба истиснои Ғарму Тавилдара, ки мардуми инҷо ҳамеша ва дар замони шӯравӣ ҳам диндор буданд. Аммо ба гуфтаи манобеъи ғайримустақим, дар вилояти Суғд раванди шабеҳ дида мешавад. Аммо як иллати дигари бештар шудани диндорон, ба назари ман, аввал вокуниши мардум ба ҷаҳонишавӣ, дуввум аз байн рафтани дигар идеологияҳо ба мисли сотсиализм ва баъдан, таъсири манфии либерализми наве аст, ки кишварҳои минтақа тайи 20 солаи гузашта шоҳид шудаанд.
Суол: Дар пажӯҳиши шумо ҳамчунин доир ба мусоидати фановариҳои навин, ба мисли телефонҳои ҳамроҳу интернет дар густариши диндорӣ дар миёни муҳоҷирони тоҷик навиштаед. Инро ҳам шарҳ медодед?
Ҷавоб: Ин омили хеле муҳим аст. Дар воқеъ ҳамроҳ бо афзоиши муҳоҷирати корӣ тақозо ба тамоми навъҳои фановариҳои наве, ки шумо ҳам ёдовар шудед, телефонҳои пешрафтаи ҳамроҳ, моҳвора, интернети телефонӣ ва ғайра меафзояд. Ин фановариҳоро аксаран барои ниёзҳои дунявӣ истифода мекунанд, аз ҷумла муошират бо дӯстон, дарёфти иттилоъ, вале айни замон ин фановариҳо василае барои нашри дониши мазҳабӣ ва андешаҳои рӯҳониёни бонуфуз шудаанд. Аз ҷумла василае барои нашри андешаҳои рӯҳониёне, ки ба онҳо дар телевизионҳои маъмулӣ минбар дода намешавад. Аз ҷумла мавъизаҳои рӯҳониёни бонуфузе ба мисли Тӯраҷонзода ва Ҳоҷӣ Мирзо аз Кӯлоб дар интернет дастрас аст. Онҳо порталҳои худро доранд ва ё аз тариқи навори садоӣ дар Интернет чӣ дар дохил ва ё хориҷи кишвар дастрас ҳастанд. Ин тамоюл дар дигар гӯшаҳои ҷаҳон ҳам мушоҳида мешавад, ки фановариҳои навин ва матбуот ва густариши онҳо дар воқеъ ба гуногунии дониши мазҳабӣ мусоидат карданд ва густариши улуми мазҳабие, ки мардум аз рустоҳои худ мегирифтанд, ё аз улуми динии муллоҳои давлатӣ ва ё муллоҳои рустоҳо фарқ мекунад.
Суол: Шумо мегӯед, ки муҳоҷирати мардон ва ҳузур надоштани онҳо дар Тоҷикистон ба таълиму тарбияи мазҳабии фарзандон таъсир мегузорад ва онҳо дониши илмиеро мегиранд, ки аз дониши падаронашон ва улуми суннатии исломӣ дар Тоҷикистон фарқ мекунад?
Ҷавоб: Воқеан ин як суоли фавқулодда муҳим аст. Мероси мазҳабӣ ва ё арзишҳои мазҳабиву русуми тоату ибодат дар хонаводаҳои Тоҷикистон аз марди бузурги хонавода ба фарзанд мегузарад. Як таъсири иҷтимоии муҳоҷират, ки мушоҳида мешавад, ин аст, ки бонувон дар рустоҳои Тоҷикистон умури иқтисодӣ ва косибиро бар ӯҳдаи худ гирифтанд. Чунин тағйирро метавон дар бахши таълими мазҳабии фарзандон низ мушоҳида кард. Чанде аз мусоҳибони ман гуфтанд, ки чун марди хонавода дар муҳоҷират аст ва ҳузур надорад, занҳо ба ҳайси саробони хонавода дар ҷустӯҷуи каси дигаре мешаванд, ки ба фарзандонашон саводи динӣ бидиҳад. Инҳо метавонад, муҳоҷирони собиқ, рӯҳониёни расмӣ ва ғайрирасмӣ, аксаран ғайрирасмӣ бошанд. Ва дигар ин, ки дар ба рӯи садҳо донишҷӯёни тоҷике боз мешавад, ки аз мадрасаҳои исломии Мисру, Покистон, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо бозгаштаанд. Аксарияти онҳо баъди дастури раиси ҷумҳур дар соли 2010 баргаштанд. Баъзе аз ин донишҷӯён ба сафи муҳоҷирони корӣ пайвастанд, вале баъзеашон ба рустоҳои худ ба миёни мардум баргаштанд ва онҷо аз нуфузу эътиборе бархӯрдоранд, зеро дониши онҳо аз дониши мӯйсафедон, оқсақолон ва муллоҳои русто беҳтар аст. Яъне онҳо метавонанд, нақши онҳоеро бигиранд, ки дар гузашта ба бачаҳо дарси дин медоданд.
Ба гуфтаи Бруно Де Кордиер, омили дигари таъсири муҳоҷират ба диндор шудани мардум дар Тоҷикистон,
ташвиқу тарғиби озоди мазҳаб дар Русия аст ва афроди мазҳабӣ метавонанд, бе тарсу ваҳм Исломро дар миёни муҳоҷирон тарғиб кунанд.