Аз ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳ болои корвони мошинҳои Вазорати дифоъ дар дараи Камароб, ки 28 кушта бар ҷой гузошт, як сол гузашт.
Ин ҳамла, ки бо рехтани хуни сарбозони Вазорати дифои Тоҷикистон оғоз ёфта буд, зоҳиран бо қатли Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло дар баҳори соли ҷорӣ дар Нуробод поён ёфт.
Мақомоти расмии Тоҷикстон Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакиро дар созмон додани ин ҳамла гунаҳкор мешуморанд. Агарчӣ Ҳаракати Исломии Узбакистон баён дошта буд, ки ҳамла кори дасти ин гурӯҳ буд.
19 сентябри соли 2010
Соати 12:30-и рӯз ҳамла болои корвони мошинҳои Вазорати дифоъ сурат гирифт, ки дар натиҷаи он 25 сарбоз кушта ва наздики даҳ тан ҷароҳат бардоштанд. Мақомот дар ин ҳамла Мулло Абдулло ва Алии Бедакиро гунаҳкор донистанд.
Рашт пас аз як ҳафтаи ҳамла дар Камароб
20 сентябри соли 2010
Вазорати дифои Тоҷикистон бо нашри як изҳороти расмӣ ҳалокати 23 сарбози артиш бар асари ҳамлаи як гурӯҳи силоҳбадаст дар ноҳияи Раштро тасдиқ кард.
Телевизионҳои Тоҷикистон навори эътирофи гуноҳи Ҳусниддин Давлатов, бародари Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакиро намоиш доданд. Ҳусниддин Давлатов, вакили маҷлиси ноҳияи Рашт дар ин навор ба гурӯҳи Мулло Абдулло Раҳимов пайвастани бародараш -- Алии Бедакӣ ва даст доштани онҳо дар ҳамлаи хунини рӯзи 19-уми сентябр алайҳи корвони нерӯҳои артиши Тоҷикистон дар дараи Камаробро иқрор кард.
Фаъолони ҷамъиятӣ ва сиёсии ноҳияи Рашт зимни муроҷиатномае ба сокинони ин водӣ хостори ҳамкории мардум бо нерӯҳои амниятӣ ва интизомии давлат дар амри саркӯбии гурӯҳҳои мусаллаҳе шуданд, ки бо ҳамла ба корвони нерӯҳои давлатӣ дар дараи Камароб 25 сарбозро ба қатл расониданд.
21 сентябри соли 2010
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт дар як ҷаласаи изтирорӣ салоҳиятҳои вакилии узви ҲНИТ, Ҳусниддин Давлатовро лағв намуда, роҳро барои ҳабси ӯ ҳамвор кард. Худи Ҳусниддин Давлатов ҳанӯз 10-уми сентябри соли 2010 боздошт шуда буд.
22 сентябри соли 2010
Амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Рашт оғоз ёфт. Ҳачмунин, Вазорати дифои Тоҷикистон пас аз изҳори таслият ба пайвандони кушташудагони даргириҳои дараи Камароби водии Рашт рӯйхати фавтидагонро нашр намуд.
22 сентябри соли 2010
Мақомоти интизомӣ гуфтанд, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Одил Олимов, аз фармондеҳони пешини мухолифин дар Рашт фирор карданд. Бархе манобеи дигар гуфтанд, ки Аҳмадов бо ҷониборонаш муқовимат алайҳи нерӯҳои давлатиро роҳандозӣ кардааст. Ва телевизиони Тоҷикистон дар як гузориши махсус Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик ва собиқ сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Раштро масъули ҳамла ба корвони Вазорати дифоъ дар Камароб номид.
23 сентябри соли 2010
Мақомоти Тоҷикистон ҳамла ба манзили фармондеҳи собиқи мухолифин дар ноҳияи Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро тасдиқ карданд. Телевизиони давлатии Тоҷикистон хабар дод, ки аз манзили Аҳмадов 6 мил мусалсал, 3 гулӯлаандоз ва теъдоди зиёди муҳимоти ҷангиву маводи мунфаҷира кашфу забт шудааст.
27 сентябри соли 2010
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сарбозонеро, ки бар асари ҳамлаи мусаллаҳона ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ дар рӯзи 19 -уми сентябр дар дараи Камароб маҷрӯҳ шудаанд, дар бемористони артиш аёдат намуд.
4 октябри соли 2010
Панҷ корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бар асари даргириҳо дар дараи Камароби ноҳияи Рашт ҷони худро аз даст доданд.
5 октябри соли 2010
Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ки дар ҷараёни амалиёт алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар дараи Камароб 7 нафар аз ҷангиёни мусаллаҳ кушта шудаанд. Ҳамчунин, дар он рӯз дар Кӯлоб ҷанозаи фармондеҳи ОМОН, ки бар асари ин даргириҳо кушта шудааст, баргузор гашт.
Ҷанозаи Алишери Умаралӣ
6 октябри соли 2010
Як чархболи Горди миллии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт суқут кард, ки бар асари он ҳадди ақал 22 нафар, умдатан кормандони Кумитаи амнияти миллӣ кушта шудаанд. Он вақт маркази матбуоти Горди миллӣ сабаби суқути чархболро мушкили фаннӣ гуфта буд.
21 октябр соли 2010
Сардабирони як идда аз нашрияҳои мустақил ҳамроҳ бо созмонҳои ҳуқуқиву дифоъ аз матбуот, Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи касбии хабарнигорон бо номи “Кумитаи 29 сентябр”-ро таъсис доданд. Исми ин ниҳод – “Кумитаи 29 сентябр”- аз таърихи рӯзе гирифта шудааст, ки дастрасӣ ба чанд сомонаи интернетии дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла avesta.tj, tjknews.com, ferghana.ru ва centrasia.ru масдуд шуд.
5 декабри соли 2010
Дар пайи мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи афсароне, ки ба мақомҳои баланди вазорати умури дохила пешниҳод шуданд, Мустафоқул Рустамов ба мақоми раиси бахши минтақавии аз нав таъсисёфтаи Вазорати умури дохила дар водии Рашт таъйин гардид.
15 декабри соли 2010
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон Аброриддин Давлатов ва Бурҳониддини Шарифхоҷа, ду тан аз наздикони Аловуддин Давлатов, маъруф ба Алии Бедакиро, ки аз мадрасаҳои динии Эрон ба Тоҷикистон бармегаштанд, мавриди бозпурсӣ қарор дод.
4 январи соли 2011
Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки фармондеҳи мухолифини мусаллаҳи давлат дар водии Рашт Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, ҳамроҳ бо 7 тан аз ёронаш дар як даргирӣ дар рустои Руноб (Рунов)-и ноҳияи Рашт кушта шуданд.
5 январи соли 2011
"Кумитаи 29-и сентябр", ки аз сӯи чанд созмони рӯзноманигорӣ ва нашрияҳои мустақил ташкил шуда буд, фаъолияти худро расман қатъ кард. Ба қавли таъсисдиҳандагони он, ин тасмим барои он гирифта шуд, ки "эътилоф вазифаи хешро анҷом дод."
11 январи соли 2011
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ҷасадҳои аксари ҷангиёни дар Руноб кушташудаи гурӯҳи Алии Бедакӣ аз ҷониби пайвандони онҳо шиносоӣ нашуданд ва ба ҳамин далел, аз ҷониби мақомот ба хок супурда хоҳанд шуд. Шерхон Салимзода, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт, чунин шароити гӯручӯб дар қавонини Тоҷикистон вуҷуд дорад.
31 январи соли 2011
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи боздошти падари Аловаддин Давлатов маъруф бо лақаби Алии Бедакӣ хабар дод.
2 феврали соли 2011
Мақомоти амниятии Тоҷикистон гуфтанд, ки навори лаҳзаҳои бозпурсии Аловуддин Давлатовро таҳқиқ мекунанд. Онҳо мегӯянд, аз навори пахшуда дар телефонҳои ҳамроҳи бархе аз сокинони пойтахт, ки лаҳзаҳои бозпурсии Алии Бедакӣ, аз роҳбарони гурӯҳи мусаллаҳи мухолифи давлат дар минтақаи шарқи кишварро нишон медиҳад, огоҳ ҳастанд вале аз ироаи ҳар гуна маълумот дар ин бора худдорӣ мекунанд. Бо гузашти тақрибан ҳашт моҳ аз ин ҳодиса мақомот роҷеъ ба ин навор ҳанӯз ҳарфе нагуфтаанд.
8 марти соли 2011
Чанд тан аз аъзои гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифтанд. Олим Одилов, аз гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов, гуфта буд, ки мақомот аз онҳо пиромуни ширкат доштан ва ё надоштанашон дар ҳамла болои корвони мошинҳои Вазорати дифоъ дар Камароб суол кардаанд.
14 апрели соли 2011
Дар атрофи деҳаи Самсолиқи ноҳияи Нуробод дар водии Рашт амалиёти вижаи нерӯҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳи Абдулло Раҳимов, маъруф ба Мулло Абдулло оғоз ёфт.
16 апрели соли 2011
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як баёния ҳалокати Мулло Абдулло ва 14 мусаллаҳи ӯро тасдиқ кард. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки амалиёти зидди гурӯҳи мазкур пас аз ошкор шудани маҳалли будубоши он "дар қисмати ғарбии ноҳияи Рашт, дар масофаи беш аз 50 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар мавзеи баланду мушкилгузар" оғоз ёфта буд.
22 апрели соли 2011
Додситонӣ Музаффар Давлатов, сокини ноҳияи Рашт ва падари Алии Бедакиро дар ташкили воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ гунаҳгор донист.
26 майи соли 2011
Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик ва собиқ сардори шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати умури дохилӣ дубора барои кор дар умури дохила дар ин минтақа даъват шуд.
5 июли соли 2011
Додситонии низомии Тоҷикистон гуфт, ки таҳқиқи парвандаи ҳамла ба корвони артиш дар дараи Камаробро анҷом додааст.