С.Ҳаққониро нерӯҳои ИМА дар Афғонистон аз душманони ҷонии худ хонда ва барои сари ӯ 5 миллион доллар ҷоиза таъйин кардаанд.
Гурӯҳи “Ҳаққонӣ” дар гузашта борҳо тақозои музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро рад карда ва онро талоше барои тафриқандозӣ миёни гурӯҳҳои шӯришии Афғонистон хондааст.
ҲАҚҚОНӢ: "БО ТОЛИБОН СОДИҚАМ"
Сироҷуддини Ҳаққонӣ раҳбари ин гурӯҳи тарснок, ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, ба ӯ чандин вазифаҳои муҳим дар давлати Афғонистонро ваъда кардаанд, аммо ӯ ин пешниҳодҳоро напазируфтааст, зеро ба гуфтаи Сироҷуддини Ҳаққонӣ, чунин тарҳ сабаби ҷудоӣ дар миёни гурӯҳҳои шӯришӣ дар Афғонистон мешавад.
Сироҷуддини Ҳаққонӣ гуфтааст, ба гурӯҳи Толибон содиқ аст ва аз ҳар қарори шӯрои раҳбарии ин гурӯҳ, ки барои ҳалли мушкили Афғонистон содир шавад, ҳимоят мекунанд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико борҳо аз ҳукумати Покистон хостааст, дар пайи маҳви шабакаи “Ҳаққонӣ” шавад, ки бовар меравад, дар манотиқи қабоилнишини Вазиристони Шимолии Покистон паноҳ мебарад. Аммо Сироҷуддини Ҳаққонӣ ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, рӯзҳое, ки онҳо дар кӯҳҳои имтитоди марзи Покистону Афғонистон пинҳон буданд, гузаштааст ва “онҳо худро дар дохили Афғонистон амнтар эҳсос мекунанд.”
Сироҷуддини Ҳаққонӣ иддаъо кардааст, маъмурони баландпояи низомӣ ва мақомоти пулис дар Афғонистон бо гурӯҳи онҳо ҳамкорӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар Афғонистон дар ҳукумат афроди содиқе ба Толибон ҳастанд, ки “хоҳони озодии Афғонистон аз чанголи нерӯҳои ишғолгар мебошанд. “
Зимни пурсиш аз Сироҷуддини Ҳаққонӣ дар мавриди теъдоди ҷангҷӯёни гурӯҳи ӯ, ки расонаҳо онҳоро бештар аз 10 ҳазор нафар медонанд, ӯ гуфтааст, “ин рақам дар воқеъ камтар аз теъдоди аслӣ” аст.
ШАБАКАИ ҲАҚҚОНӢ-МАСЪУЛИ ҲАМЛАҲОИ ХУНИН
Мақомоти Амрико шабакаи Ҳаққониро масъули ҳамалоти террористӣ дар Афғонистон медонанд ва ба ин боваранд, ки ҳамлаи хунини интиҳорӣ дар меҳмонхонаи Интерконтинентал дар Кобул, сӯиқасд алайҳи Ҳомиди Карзай, ҳамлаи интиҳорӣ дар сафорати Ҳинд дар Кобулро ин шабака анҷом додааст.
Маъмурони амниятии Амрико ҳамчунин мӯътақиданд, ки шабакаи Ҳаққонӣ ба созмони террористии Ал-Қоида кӯмак кардааст, ки соли гузашта ҳафт маъмури амниятии Хадамоти истихборотии Амрикоро дар шарқи Афғонистон бикушанд. Маъмурони амниятии Амрико дар чанд даҳсолаи гузашта шоҳиди чунин талафот ва ҳамлаи хунин нашуда буданд. Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар манотиқи қабоилнишини Покистон чеҳраҳои калидии шабакаи Ҳаққониро дар Вазиристон ҳадаф гирифта ва аз ҷумла бародари хурдии Сироҷуддини Ҳаққониро куштанд.
ШАБАКАИ ҲАҚҚОНӢ БОЗИЧАИ ДАСТИ ISI?
Бовар меравад, ки ISI, Хадамоти ҷосусии Покистон солҳои тӯлонист, ки бо шабакаи Ҳаққонӣ иртибот дорад ва аз он барои аҳдофи худ истифода мекунад. Аммо давлати Покистон ин гуфтаҳоро рад мекунад, агарчӣ ISI бо ин гурӯҳ аз соли 1980, замони ҷанги муҷоҳиддини афғон алайҳи нерӯҳои шӯравӣ дар Афғонистон ҳамкорӣ доштааст. Дар он замон раҳбари гурӯҳ, падари Сироҷуддин, Ҷалолуддини Ҳаққонӣ, яке аз фармондеҳони нерӯҳои муқовимат алайҳи шӯравӣ буд. То кунун Амрико талош кардааст, то ин гурӯҳро заъиф кунад ва пайваста давлати Покистонро ташвиқ намудааст, ки ба хотири манфиати худ ва амнияти минтақавӣ гурӯҳи Ҳаққониро нобуд кунад.
Хабаргузории “Ройтерс” аз қавли як мақоми давлати Амрико навиштааст, “мо дар гузашта дидем, ки паноҳ додан ба террористон, чӣ балоҳое ба сар меорад, аз ин рӯ будани ҷангҷӯёни шабакаи Ҳаққонӣ дар Покистон, на ба нафъи ин кишвар ва на ба нафъи Амрико хоҳад буд.”
Ин манбаъ афзудааст, суол ин аст, ки оё Покистон ирода ва тавоноии маҳви шабакаи Ҳаққониро дорад?