Мақомот мегӯянд, квотаи президентӣ одилона ва шаффоф тақсим мешавад, аммо довталабони ноком ақидаи дигар доранд.
Орзу исми ҷавонест, ки барои ба даст даровардани квотаи президентӣ ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон қувваозмоӣ карда, вале ноком шудааст. Ба қавли Орзу, квотаҳои президентӣ пеш аз баргузор гаштани озмун барои ба даст даровардани он аз тарафи довталабон, маълум аст, ки насиби кӣ мегардад, зеро ба андешаи вай бисёре аз фарзандони калоншавандаҳо ба хотири гирифтани ин имтиёз аз шаҳр ба деҳот омада, соли ахири таҳсилро дар он ҷо мехонанд.
Орзу мегӯяд, ҳамакнун тасмим дорад, ба Русия рафта ва бо дарёфт кардани маблағ, соли оянда ҳуҷҷатҳояшро ба ягон мактаби олии кишвар супорад. Орзу афзуд: «Чунин нодаолатиҳо зуҳур мекунанд ва ба воқеият табдил меёбанд, аз ин рӯ дар шуури шаҳрвандон ва ҷомеа нисбат ба вазорати маориф ва шӯъбаҳои он нафрат пайдо мешавад».
Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки нарасидани кадрҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла маориф яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Онҳо меафзоянд, ки квота барои таҳсили сокинони деҳоти дурдаст, ки баъдан ба зодгоҳ баргашта, камбуди кадрҳоро аз байн мебаранд, зарур аст.
Хуҷамурод Қуддусов, як коршиноси масоили маориф мегӯяд, мутаассифона, баъзан масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ ин имтиёзи президентиро ба нафъи худ ва наздиконашон истифода мебаранд. Ҷаноби Қуддусов мегӯяд: «Вомехӯранд чунин минтақаҳое, ки ба иштибоҳҳои сунъӣ роҳ медиҳанд. Яъне аз ҷониби онҳо мешавад, ҳолатҳое, ки ҳамин ҷойҳоро мефурӯшанд ва ё тариқи тағобозӣ ва бо роҳҳои гуногун нафарони имкониятдорро мефиристанд, ки дар ҳақиқат ин бисёр боиси таассуф ва ташвиш аст».
Аммо Алидод Расулов, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Тоҷикистон, ки назорати тақсими квотаҳоро бар ӯҳда дорад, ба ин фикр мухолиф аст. Расулов мегӯяд, ин озмун тибқи қонуну фармони ҳукумат ва вазири маорифи кишвар гузаронида мешавад, ки гурӯҳи санҷишгиранда аз тарафи мутахассисони шӯъбаҳои маориф ва макотиби олии кишвар ташкил ёфта ва ин санҷиш дар ҳузури падару модарони довталаб гузаронида мешавад. Расулов афзуд, имсол тибқи квотаи президентӣ 1146 ҷой ба муассисаҳои олии касбии кишвар ҷудо шудааст, ки пас аз гузаронидани озмун 1144 нафар қабул шуда, 2 ҷои дигари он, ки ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон марбут аст, то кунун холӣ мебошанд.
Ҷаноби Расулов гуфт: «Ду ҷой аз тарафи довталабони ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ҷиргатол дар ихтисосҳои марбут ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон иҷро нашудааст. Аз сабабе, ки довталабони ин ноҳияҳо тибқи талабот пешниҳод нашуда буданд ва мутахассисон дар даври дуюму сеюми озмун довталабони болаёқатро пайдо накардаанд, ин ҷойҳо холӣ мондаанд».
Бо вуҷуди ин, соҳибназарон бар ин назаранд, ки саҳлангории бисёре аз масъулон дар соҳаи маорифи ҳукуматҳои маҳаллӣ боиси он шудааст, ки дар дили бисёре аз мардуми кишвар нобовариро нисбати ҳукумат ба вуҷуд орад ва мисли Орзу садҳо ҷавони дигар барои ба даст овардани пули ночиз тарки ватан намоянд.