Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки навъҳои синтетикии маводи мухадир барои ҷомеаи кишвар хатарнок буда пеш аз ҳама ҷавононро мӯътод намуда мағзи онҳоро хароб мекунад.
Раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири вазорати дохилаи Тоҷикистон дар танӯри корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» дар ҷамъи хабарнигорон 466 кило навъҳои мухталифи маводи мухаддир, аз ҷумла 8000 дона таблеткаҳои синтетикии мухталифи мухаддирро маҳв кард.
Ба қавли Мансур Бухориев, сардори Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати умури дохила, таҳқиқот ҳокист, ки бештар ҷавонон ба ин таблетакаҳо алоқа нишон медиҳанд. Ба ҷои харидани хокаи ҳероину харидани сӯзандоруву дигар васоил, як таблеткаро зери забон меандозаду то 20 соат мадҳуш мемонад: «Ҳозир дар миёни ҷавонони мо мутаассифона таблеткаҳо ё худ ҳабҳои синтетикӣ бештар ривоҷ ёфтааст, ки аз қабили «хлорпипефразил», «броланфетамин», «экстазил» ва ғайра мебошад, ки инҳо маводи сунъии мухаддир буда инсонро барои соатҳои дароз дар ҳоли мадҳушӣ нигоҳ медорад. Он афродеро, ки мо боздошт кардем мегӯянд, ки аз 20 то 30 соат дар ҳоли махмурӣ мемондааст, ки ҳероин ин кайфиятро намедодааст.»
Ба қавли полковник Бухориев, чунин таблеткаҳои сунъии мухаддирро аксаран дар марказҳои дилхушӣ-дискотекаҳо ҷавонон истеъмол мекунанд. Ҳоло Вазорати умури дохила дар ин роҳ ҳамаи чораҳоро ҷуста истодааст, ки аз дохил шудани он ба Тоҷикистон комилан ҷилавгирӣ шавад. Нархи як донаи ин таблеткаҳо аз 50 то 200 доллар арзиш дорад.
Дар оташсӯзӣ теъдоди маводи мухаддир, ҳамчунин 120 кило ҳероин, 150 кило афюн ва 233 кило бангдона нест карда шуд, ки ин теъдоди маводи мухаддир аз 231 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон ва Чин боздошт ва мусодира карда шудаанд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки таблетка ё худ ҳабҳои синтетикӣ ҷавононро бештар гирифтори маводи мухаддир яъне мӯътод мекунад.
Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Оҷонсии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки вақте ин таблеткаҳои синтетикӣ бештар дар марказҳои дилхушии ҷавонон истеъмол мешаванд, ҳатман дар миёни ҷомеа таблиғ мешавад ва рӯз ба рӯз гирифторони ин ҳабҳо зиёдтар мегардад: «Бубинед вақте, ки фурӯшандаҳои ин навъи нави маводи мухаддир дар ҳаркуҷое, ки онро мефурӯшанд ҳатман сифату бартариҳои онро дар нисбати ҳероину бангдонаву афюн ташвиқ мекунанд. Ҳоло талабгорони ин навъҳои синтетикии маводи мухадир бештар шудааст. Дар Тоҷикистон агар иштибоҳ накунем, тайи ду сол аст, ки аз ин навъ истифода мекунанд. Таъсири ин таблеткаҳо сахттар аз ҳероин буда барои ҷомеаи Тоикистон хатари ҷиддӣ дорад”.
Ҳоло тибқи иттилои Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати умури дохила, ҷавононе, ки расман дар қайди Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ мебошанд ҳудуди 8000 нафаранд. Аммо оморҳои ғайрирасмӣ теъдоди воқеъии мӯътодонро дар Тоҷикистон бамаротиб бештар мегӯяд.