Дар мавриди кӯчонидани мардум аз маҳалли сохтмони обанбори Роғун мушкили зиёди ҳуқуқӣ вуҷуд доштааст.
Додгоҳи ноҳияи Нуробод сокини ин ноҳия Гулрухсор Неъматоваро, ки аз минтақаи обанбори нерӯгоҳи Роғун ба маҳаллаи Туғии шаҳраки Шаҳрисабзи ҳамин ноҳия кӯчонида шуда буд, аз хонааш берун кардааст.
Бино ба ҳукми додгоҳ, хонаи Гулрухсор, ки ҳукумати маҳаллӣ ба ӯ дода буд, бояд ба Ширинҷон Асоев, мудири шӯъбаи Амонатбонки ноҳия вогузор шавад. Гулрухсор Неъматова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳамчун мутахассис бар асосе, ки ман дар рӯйхати аввалини кӯчбастаҳо будам ва зани бепарастору камбизоат ҳастам, ҳукумати маҳаллӣ маро дар маҳаллаи Туғӣ бо хона таъмин кард. Ҳоло бо даъвои Ширинҷон Асоев, раиси филиали Амонатбонк додгоҳ ҳукм кардааст, ки ман ин хонаро тарк кунам, вале ба куҷо бикӯчам, ҳеҷ кас ба ман намегӯяд."
Хонум Неъматова гуфт, раиси нави ноҳия ваъда додааст, ки ӯро бо хона таъмин мекунад, вале баъид аст, ки ба ваъдааш вафо бикунад. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати маҳаллӣ муваззаф аст, бар асоси меъёрҳои қонуни давлати Тоҷикистон, Гулрухсорро мисли 30 ҳазор нафари дигар, ки аз минтақаи обанбори Роғун кӯчонида мешаванд, бояд бо манзил таъмин кунад. Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми минтақаи обанбор ҷубронпулӣ пардохт мекунад, то дар маҳалли нави зист хона созанд.
"ҶУБРОНПУЛӢ КИФОЯТ НАМЕКУНАД"
Маблағи ҷубронпулӣ аз 15 то 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, вале бархе аз мардум аз ин ҷубронпулӣ розӣ нестанд. Зеро давлат ин пулро дар се давра 30 дарсадӣ ба дасти онҳо медиҳад. Аз ин амалкард мардум розӣ нест ва ба ин асос Бонки Ҷаҳонӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки 70 ва ё 80 дарсади ҷубронпулиро дар марҳилаи аввал ба мардум бидиҳад, то онҳо тавонанд дар ҷойҳои нави зист - ноҳияи Рӯдакӣ, Регар ва Данғара хона бисозанд.
Таҳмина Ҷӯраева, аз Дафтари ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, ки ба масоили кӯчонидани мардум аз ҳавзаи обанбор расидагӣ мекунад, дар гуфтугӯ бо Озодӣ гуфт, ки агар ҳуқуқи мардум поймол нашавад, мардум мухолифи кӯчонидан нестанд, вале дар ин замина мушкили зиёде боқӣ мондааст. Вай афзуд, "мардум иддао доранд, ки ҷубронпулӣ барои сохтмони хонаи нав кифоят намекунад ва бисёриҳо даъво мекунанд, ки ҳаҷми ҷубронпулӣ дубора баррасӣ шавад."
"АГАР КАСЕ РОЗӢ НАБОШАД..."
Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ додаанд, ки ҳукумат ҳаҷми ҷубронпулиро афзудааст. Аммо Рамазон Мирзоев, раиси идораи кӯчонидани мардум аз маҳалли обанбори Роғун ба Радиои Озодӣ гуфт, ин хабар асос надорад ва меъёрҳои пешина тағйир наёфтаст. Аммо касе даъво дорад, мо ин даъворо баррасӣ хоҳем кард.
Ҷаноби Мирзоев гуфт, "навгонӣ ҳамин аст, агар шахсе ба нархи мондаи хонааш дар гузашта розӣ набошад, ба мо муроҷиат кунад ва мо аз Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ тақозо мекунем, то ин масъаларо дубора баррасӣ карда, нархи воқеии хонаи даъвогар дар минтақаи обанборро дубора ҳисоб кунад."
НА ТАНҲО НОКИФОЯТИИ ҶУБРОНПУЛӢ...
Ба гуфтаи Рамазон Мирзоев, дар бораи сарнавишти Гулрухсор Неъматова, сокини ноҳияи Нуробод иттилоъ надорад. Вай афзуд, агар хонум Неъматова ба мо муроҷиат мекард, кӯмак мекардам, ҳол он ки мушкили доштаи хонум Неъматова ба идораи мо рабт надорад. Вай афзуд, "идораи мо танҳо ба масъалаи сохтмони манзили нав барои кӯчбастаҳо расидагӣ мекунад. Хонаҳоро дар ноҳияи Нуробод ҳукумати маҳаллӣ тақсим мекунад."
Ба таъкиди масъулони Дафтари ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар мавриди кӯчонидан ба ҷуз аз нокифоятии ҷубронпулӣ, мушкили зиёди ҳуқуқӣ низ вуҷуд дорад. Барои мисол, мардуми пиронсол ҳеҷ ҳавсалаи кӯчидан аз хонаи бобоиро надоранд. Ба ин хотир онҳо мегӯянд, давлат муваззаф аст, ин қабил мардумро розӣ кунад, на маҷбур. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло нафарони зиёде ҳастанд, ки мисли Гулрухсор Неъматова барои дарёфти манзил дар худи ноҳияи Нуробод дар қабулгоҳи раиси маҳалла ё идораи додгоҳ рӯзро ба шаб мебаранд.
Агар шахсе ба нархи мондаи хонааш дар гузашта розӣ набошад, ба мо муроҷиат кунад ва мо аз Кумитаи сармоягузорӣ дархост мекунем, то ин масъаларо дубора баррасӣ карда, нархи воқеии хонаи даъвогар дар минтақаи обанборро ҳисоб кунад...
Бино ба ҳукми додгоҳ, хонаи Гулрухсор, ки ҳукумати маҳаллӣ ба ӯ дода буд, бояд ба Ширинҷон Асоев, мудири шӯъбаи Амонатбонки ноҳия вогузор шавад. Гулрухсор Неъматова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳамчун мутахассис бар асосе, ки ман дар рӯйхати аввалини кӯчбастаҳо будам ва зани бепарастору камбизоат ҳастам, ҳукумати маҳаллӣ маро дар маҳаллаи Туғӣ бо хона таъмин кард. Ҳоло бо даъвои Ширинҷон Асоев, раиси филиали Амонатбонк додгоҳ ҳукм кардааст, ки ман ин хонаро тарк кунам, вале ба куҷо бикӯчам, ҳеҷ кас ба ман намегӯяд."
Хонум Неъматова гуфт, раиси нави ноҳия ваъда додааст, ки ӯро бо хона таъмин мекунад, вале баъид аст, ки ба ваъдааш вафо бикунад. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати маҳаллӣ муваззаф аст, бар асоси меъёрҳои қонуни давлати Тоҷикистон, Гулрухсорро мисли 30 ҳазор нафари дигар, ки аз минтақаи обанбори Роғун кӯчонида мешаванд, бояд бо манзил таъмин кунад. Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми минтақаи обанбор ҷубронпулӣ пардохт мекунад, то дар маҳалли нави зист хона созанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад