Сиёвуш милисаҳоро ба Худо супурдааст

Cиёвуши Аҳрор

Пас аз се моҳи талоши бебарор барои расидагӣ ба арзаш Сиёвуши Аҳрор, як ҷавони 17 солаи сокини Кӯлоб аз идомаи шикоят барои барқарории адолат даст кашидааст.
Ӯро 14-уми июн пас аз анҷоми бозии пурмоҷарои дастаи футболи «Истиқлол» ва «Равшан» бо гумони даст доштан дар беназмиҳо ҳамроҳ бо иддае аз ҷавонон боздошт намуда, ба идораи Раёсати корҳои дохила дар минтақаи Кӯлоб мебаранд. Сиёвуш мегӯяд, ҳарчанд, ӯ дар беназмиҳо ширкат надошт, аммо аз бегоҳ то субҳ ӯро азияту шиканҷа додаанд, то ба гуноҳи нокардааш иқрор шавад. Чун ӯ дар ин бетартибиҳо даст надоштааст, ӯро раҳо мекунанд, вале барои бедалел боздошт ва латукӯб намуданаш бо вуҷуди муроҷиат ба идораҳои дахлдори минтақаи Кӯлоб касе ба додаш нарасидааст.

Ӯ мегӯяд: «Рости гап, касе аризаву арзатро қабул намекунад. Дигар диламон аз ҳама монд, ки касе парво надорад, ки туро задаанд ё не. Ҳамроҳи падарам бо ҳуҷҷатҳое, ки дар даст доштем, ба чанд ҷо, чанд бор муроҷиат кардем, касе аҳамият намедиҳад. Маро дар асл аз ҷои корам, ки савдо мекардам, зада беҳуш карда бурданд ва фикр карданд, ки ман ҳам дар ҳамон сангзанӣ ва бетартибӣ иштирок кардаам. Ман иштирок накарда будам, барои ин то саҳар азобам доданд, заданд, ташна монданд, ки қоил шавам, вале кори накардаро чӣ хел қоил мешавам. Баъди ин аз болои он милисаҳо шикоят кардам, вале чора надиданд.»

Падари Сиёвуш-Аҳрор Сафаров мегӯяд, ҳангоми боздошти фарзандаш ӯ сабаб пурсидааст, вале дар посух зарб хӯрдааст. Ӯ мегӯяд, аз пизишкон ҳуҷҷати осеби ҷисмонии худу писарашро дар даст дошт, вале дар муддати се моҳ касе онҳоро қабул накард. Ҳоло ӯ мегӯяд, тасмим гирифтаанд, то аз идомаи шикояти худ даст бикашанд ва онҳое, ки ӯву фарзандашро бе гуноҳ латтукӯб кардаанд, ба Худо биспоранд. Зеро ӯ бовар дорад, ки дар сурати қабул шикояташон касе он милисаҳоро ҷазо нахоҳад дод. Вай афзуд: «Дигар аз баҳраш гузаштем, чунки бовар дорам, ки
Аҳрор Сафаров, падари Сиёвуш

касе онҳоро ҷазо намедиҳад. Барои ҳамин ҳоло онҳоро ба Худо супурдем.»

Ҳарчанд, Сиёвуш ва падараш дар даст ҳуҷҷати тиббии зарб хӯрдан ва инчунин ариза ба номи мақомоти гуногун дар даст дошта бошанд ҳам, аммо мақомоти маҳаллӣ аз гирифтани чунин як шикояте аз номи онҳо изҳори бехабарӣ менамоянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба мисли Сиёвуш, одатан аксари ҷавонони тоҷик ҳангоми нақзи ҳуқуқашон ё хомӯширо ихтиёр мекунанд ва ё аз идома додани шикоят худдорӣ меварзанд. Коршиносони маҳаллӣ мегӯянд, ҳуқуқи даҳҳо нафар пас аз ҳамон бозии дастаҳои футбол, ки поёнаш ба моҷаро анҷомид, нақз шудааст, вале аксари онҳо хомӯширо ихтиёр кардаанд. Пас аз анҷоми ин бозӣ, ҳудуди сад тан аз ҷавононро барои даст задан ба бетартибӣ боздошт карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Наргис Зокирова, сарвари Созмони ҳуқуқи башари Тоҷикистон мегӯяд, аз қазия бар сари Сиёвуш ва падараш омада хабар доранд, аммо ба гуфтаи ӯ падару писар бо сабабҳои номаълум пешниҳоди расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба худро рад кардаанд. Хонум Зокирова мегӯяд, дар аксари чунин баҳсҳо ҷабрдидаҳо аз идомаи шикоят даст мекашанд, «зеро онҳо ба адолати додгоҳӣ бовар надоранд»: «Чунин меҳисобам, ки нахуст онҳо ба адолати додгоҳӣ бовар намекунанд. Дуввум, онҳо метарсанд, зеро вақте онҳо пай дар пай ба мақомоти дахлдор шикоят мекунанд, ба онҳо бо роҳҳои гуногун фишор оварда мешавад. Маҳз ҳамин тарс омили асосӣ ҳаст, ки боис мешавад, шаҳрвандон дигар талоши ҳимояи ҳуқуқашон накунанд.»

Ба гуфтаи хонум Зокирова, дар таҷрибаи кории ӯ кам иттифоқ афтодааст, ки ҳангоми даъвоӣ ҷиноӣ аз болои мансабдорон ҷавонон ё дигар шаҳрвандон пирӯз шуда бошанд.

Аммо далелҳое вуҷуд дорад, ки ҷавонон дар баҳсҳои шаҳрвандӣ пирӯзӣ ба даст овардаанд.

Усмон Сиддиқов, собиқ донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд аз камтарин ҷавононест, ки барои барқарории адолат дар баҳси шаҳрвандӣ талош карда, пирӯз шудааст. Аммо ӯ мегӯяд, барои пирӯз шудан давоми ду сол, яъне аз соли 2009 то аввали соли 2011 талош кардааст. Ӯ мегӯяд, Донишгоҳ хилофи шартнома маблағи таҳсилро баланд бардошта буд ва ӯ пас аз ду сол дар додгоҳ собит сохт, ки маъмурияти Донишгоҳ ғайриқонунӣ рафтор кардаанд. Аммо ба гуфтаи Усмон дар роҳи расидан ба ҳақиқат ӯ мушкилоти зиёде аз лиҳози рӯҳиву равониро пушти сар кардааст: «Эҳсос мекардам, ки ба ман фишор меоранд, аммо на рӯирост. Ман танҳо будам, ҳарчанд, ки донишҷӯён дар берун аз додгоҳ бо ман ҳамфикр буданд. Ба ман маслиҳати «дӯстона» медоданд, ки аз арзам даст бикашам, аммо ман барои фоидаи донишҷӯён ва ҳақиқат то охир истодагарӣ карда, пирӯз шудам.»

Усмон дар нисбати Донишгоҳи Хуҷанд даъвои шаҳрвандӣ дошта, пирӯз шудааст, аммо Сиёвуш аз болои милисаҳои даъвои ҷиноӣ пешниҳод кардааст, ки ба арзаш касе нарасидааст.

Мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, мақомот талош мекунанд, то даъвоҳои ҷиноӣ нисбат ба милисаҳо ва дигар мақомоти интизомиро баррасӣ накунанд.