Фарид - тифле, ки қурбонии фақр шудааст

Фарид, тифли чаҳорсолаи афғон, ки қурбонии фақр шудааст

Пизишкони бемористони кӯдакона дар Шибирғони Афғонистон мегӯянд, бисёре аз волидайн бо далели фақру камбизоатӣ кӯдаконашонро мефурӯшанд.
Аммо касоне, ки кӯдаконро харидорӣ мекунанд, ба онҳо таваҷҷуҳи зиёд намекунанд, ки дар натиҷаи норасоии ғизо кӯдакон ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд.

Фарид, як тифли чорсолаи афғон, ки феълан бо бемории захми дасту пой дар бемористони кӯдаконаи Шибирғон бистарист, аз ҷумлаи кӯдакони фурӯхта шудааст. Вазъи сиҳатии ӯ ҳар як бинандаро нигарон месозад. Падари ин тифл бар асари як садамаи нақлётӣ ҳалок мешавад ва модараш пеш аз издивоҷ бо як марди дигар, тифлашро бар ивази 12 ҳазор афғонӣ, ҳудуди 300 долари амрикоӣ мефӯрушад.

Доктор Халил Ҳайдарӣ, масъули бемористони кӯдаконаи Шибирғон мегӯяд, аксари кӯдакони фурӯхташуда, ба чунин бемориҳо гирифторанд. Ҳайдарӣ мегӯяд, ҳафтае пеш ин тифл дар як ҳолати нохуби саломатӣ ба беморхона оварда шуд, ки дастонаш пур аз обилаву захм буд. Феълан ба гуфтаи ин пизишк, вазъи сиҳатии ин кӯдак хубтар аст.

Доктор Ҳайдарӣ гуфт: «Сиҳатиаш хеле нигаронкунанда буд. Ҳар он чизе, ки барои беҳбудии сиҳатиаш аз дасти мо меомад, анҷом додем. Осебҳои дасташро шустем ва дору молидем. Бемориаш шадид буд. Ҳоло хеле беҳтар шудааст.»

Модаркалони ин тифл, ки барои нигоҳубини ӯ дар беморхона ҳузур дошт, намехост бо рӯзноманигорон сӯҳбат кунад ва сабаби осеб бардоштани дастони ин тифлро шарҳ диҳад. Танҳо ӯ ба таври кӯтоҳ гуфт, ки дастони тифлро бачаҳои ҳамсоя бо плостик сӯзонидаанд. Аммо то кунун маълум нест, ки ин тифли фурӯхташуда ба чӣ далел ба ин ҳолат расидааст.

Масъулони ҳуқуқи башар дар Афғонистон мегӯянд, фақр ва нодорӣ сабаб шудааст, то бархе аз волидайн тифлони худро бифурӯшанд.

Мағфират Самимӣ, як масъули ҳуқуқи башар дар шимоли Афғонистон гуфт, касоне, ки ба фурӯши фарзандони худ даст задаанд, бекорӣ ва фақрро омили ин кор медонанд. Хонум Самимӣ мегӯяд, ин вазъ дар Афғонистон ҷомеаи маданиро нигарон кардааст. Ӯ мегӯяд: «Ин кӯдакон аз ҳеҷ чиз хабар надоранд. Онҳо хабар надоранд, ки фурӯхта мешаванд ва ҳуқуқашон нақз мешавад. Бояд аз ҳуқуқи онҳо дифоъ кард, то чунин нақз нашавад.»

Афғонистон, аз шумули кишварҳоест, ки зери Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак имзо гузоштааст. Бар асоси ин Конвенсия, ҳукумат бояд барои нақз нагаштани ҳуқуқи кӯдак талош кунад ва монеъи гаравгонгирӣ, фӯруш ва тиҷорати атфол гардад.