Ҳабибулло Табаров: “Аз дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ сахт гиламандам”

Ҳабибулло ТАБАРОВ

Гуфтугӯи ихтисосии Абдуқаюми Қаюмзод бо Ҳабибулло Табаров, вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон.
Озодӣ: Инак, тақрибан бист сол аст, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлати Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Ӯ баъд аз ду ҳафтаи интихоб дар вазифаи раиси вилояти Кӯлоб моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ раиси ин Шӯро ва ҳамзамон бо аз байн бурдани идораи
Мехоҳам, ҷамъияте бошад, ки ҳама баробар зиндагӣ кунад. Принсипҳои шахспарастӣ, хешутаборчигӣ, кадрҳоро ба таври худ хоста гирифтан вуҷуд надошта бошад. Ҳама чиз бояд аз рӯи ҳақиқат бошад, то мардум бо дили гарм кор кунанд. Чунки ягон бори каҷ ба манзил нарасидааст...

раёсати ҷумҳурӣ сардори давлат интихоб шуд. Аммо оё дуруст аст, ки дар иҷлосияи депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб дар соли 1992 дар ҷойи холишудаи раиси вилоят номзадии Шумо қабл аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод шуда буд ва худи Шумо аз гирифтани ин вазифа даст кашидаед?

Ҳабибулло Табаров: “Ёд дорам, ки ман он рӯзҳо дар Ховалинг будам. Соати панҷи саҳар наздам омаданд ва гуфтанд, ки ҳамроҳӣ мо меравӣ.”

Озодӣ: Барои раис интихоб кардан?

Ҳабибулло Табаров: “Бале. Қурбоналӣ Мирзоалиев, раиси онвақтаи вилоятро бояд аз вазифа озод мекарданд. Албатта, замона замонае буд, ки аз ту намепурсиданд. Сангак Сафаров ва Лангарӣ Лангариев - ҳарду қумандонҳои соҳибнуфузи Кӯлобро гуфтам, ки Шумо равед, ман аз қафои Шумо бо мошини худам меравам. Омадем. Дохили Ситоди
Ҳабибулло ТАБАРОВ

Горди халқии Кӯлоб шудем, ки дар бинои Кумитаи ҳизбии вилоятӣ воқеъ буд. Тахминан 15 кас менишастанд. Сангак Сафаров гуфт, ки акаи Ҳабибулло ягон савол намедиҳӣ, не намегӯӣ, ҳар чизе, ки мо мегӯем, қабул мекунӣ. Гуфтам, хуб бубинам, ки Шумо чӣ мегӯед. Гуфтанд, ки дар ҷойи Мирзоалиев Шумо раиси облисполком мешавед. Гуфтам, ки дар ин курсӣ як бор нишаста будам, дуюм бор нишастанам он қадар мақбул нест. Сангак ба зарда гуфт, ки акаи Ҳабибулло ман туро огоҳ карда будам, ки савол надеҳ ва гап ҳам назан. Дигар сукут кардаму нишастам, чун ҳама дар даст автомат доштанд. Дигар мисле, ки масъаларо ҳал карда бошанд, ҳар кадоме ҳар сӯ баромад. Сангак супориш дод, ки равед Мирзоалиевро ёфта оваред ва депутатҳоро даъват кунед. То бегоҳӣ онҷо нишастам, ҳеҷ кас наомад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳ.Табаров дар бораи иҷлосияи 16, Сангак Сафаров ва вазъи кунунии Тоҷикистон



ВАЗИФАҲОИ МУВАҚҚАТӢ

Озодӣ: Шумо не гуфтед?

Ҳабибулло Табаров: “Не. Ман гуфтам, ки як бор дар ин курсӣ нишаста будам дубора нишастан дар онро муносиб намедонам. Маро гуфтанд, ки бишин, гап назан. Дертар ғизо оварданд. Раҳматӣ Лангариев гуфт, ки ака як сад грамм арақ мехӯрӣ? Ман, не гуфтам. Хуллас то бегоҳӣ нишастам. Мирзоалиевро наёфтанд. Сангак худаш боз омад. Наздаш даромадам ва гуфтам маро танҳо қабул кун. Ду кас нишастем. Ман гуфтам акаи Сангак ту аз ман ду ё се ё панҷ сол калонӣ, ба ҳар ҳол калонӣ, лекин як чиз бигӯям, ки барои ман муносиб нест боз биёяму дар ин курсӣ шинам. Як бор ин ҷо нишастаам. Дигар чиз ин аст, ки вазифаҳои Шумо доимӣ нест, муваққатӣ аст. Ҳоло ту маро маҷбур мекунӣ, розӣ мешавам, вале пагоҳ, ки ту аз ин ҷо рафтӣ, маро мегиранду мепарронанд, мегӯянд хеши Сангак аст. Чунки ту ҳам аз Ховалингиву ман ҳам аз он ҷо. Гуфтам ин тарафашро ҳам фикр кун, ки оқибаташ чӣ мешавад. Як каме фикр карду гуфт, хайр, хез бирав хонаат, назди кӯдаконат, лозим шуд, боз даъват мекунем. Бо ҳамин рафтам.”

"АЗ НОМЗАДИИ РАҲМОНОВ ҲИМОЯТ КАРДАМ"

Озодӣ: Аммо интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ин мақом чӣ тавр сурат гирифт?

Ҳабибулло Табаров: “Он вақт Сангак дар Қӯрғонтеппа қарор дошт. Иборат аз даҳ нафар аз ҳисоби вакилони мардум як кумиссюн ташкил карда пеши ӯ фиристоданд, ки розигиашро барои интихоби Эмомалӣ ба вазифаи раиси вилоят бидиҳад. Аъзои кумиссюн рафту омад аз пеши Сангак. Ҳама ҷамъ шудем. Маро ҳам даъват карданд. Дар он ҷо гуфтанд, аз Сангак ва Файзалӣ розигӣ гирифтем, ки Раҳмоновро раис интихоб мекунем. Номзадии Раҳмонов пешниҳод шуд. Айнулло Неъматови раҳматӣ, ки он вақт котиб буд ё чи вазифае дигар дошт, ба ҳар сурат депутати вилоят буд, сухан карда гуфт, ки ӯ намешавад, ҳоло ҷавон аст. Ӯ гуфт, ки дар ин ҷо номзадии Ҳабибулло Табаровичро бояд пешниҳоду дастгирӣ кунем, чун ӯ чанд сол кор кардааст, таҷрибаи корӣ дорад, ақлаш мерасад дар корҳо. Ҳоло Эмомалӣ ҷавон аст, бояд биистад. Фавран бархоста гуфтам, ки ман аз ин кор даст кашидаам, ин вазифаро иҷро карда наметавонам, синну соли ман ба ҷое расидааст. Наметавонам ва афзудам, ки Раҳмонов кадри ҷавону ташкилотчӣ ва боқувват аст. Суханрониҳояш бисёр боақлона аст, ӯро ҷонибдорӣ мекунам. Ҳамин тавр ҳама тарафдорӣ кард ва кумиссюн розигиро дод. Баъд сессияи вилоятӣ баргузор шуд, аввал як нафар номзадии Раҳмоновро пешниҳод кард, сипас боз ҳам ман хеста номзадии ӯро тарафдорӣ кардам. Гуфтам дар сессияҳои ҷумҳурӣ хуб сӯҳбат мекунад, ҷавон аст ва таъриф кардам, чун он вақт расм ҳамин буд, ки бояд таъриф мекардӣ, бе ин намешуд. Ҳамин тавр номзадии ӯро барои раисии вилоят гузаронидем.”

РАИСИ ИҶЛОСИЯИ 16

Озодӣ: Дар иҷлосияи Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 1992 ҳам ҷаласаеро, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои олӣ интихоб шуд, Шумо раисӣ кардед?

Ҳабибулло Табаров: “Бале, вақте мо Хуҷанд рафтем дар он ҷо маро раиси иҷлосия интихоб карданд. То номзадии ӯро гузаронидан се рӯз ҷараёни кори иҷлосияро раисӣ кардам ва дар дафтарчаи меҳнатии Эмомалӣ Раҳмон ва қарори иҷлосия дар мавриди интихоби ӯ ба мақоми раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ман имзо кардам.”

АБДУЛЛОҶОНОВ ВА ТАРАФДОРОНАШ ИҶЛОСИЯРО ТАРК КАРДАНДУ...

Озодӣ: Дар оғози дар курсии раиси иҷлосия нишастан Шумо пешниҳод кардед, ки ба ҷуз аз вакилон, намояндагони матбуот ва намояндагони кишварҳои меҳмон дигарҳо толорро тарк кунанд. Сабаб чӣ буд?

Абдуқаюми ҚАЮМЗОД ҳангоми сӯҳбат бо Ҳабибулло ТАБАРОВ
Ҳабибулло Табаров: “Не, ин хел таклиф набуд. Аммо якчанд таклифҳоеро, ки Абдумалик Абдуллоҷонов пешниҳод кард, онҳоро рад кардам. Дар ҳамин вақт як нафар, ки ҳоло дар хотирам нест аз ҷо бархеста гуфт, ки агар иҷлосия ба чунин тарз баргузор шавад, мо иштирок намекунем. Аз толор як нафар аз тарафдорони Абдуллоҷонов чунин гуфт. Вақте чунин гуфт, Абдуллоҷонов аз ҷояш хест ва вазирҳое, ки тарафдори Абдуллоҷонов буданд низ ӯро тақлид карданду баромаданду берун рафтанд. Дигарон ҳама дар толор нишаста буданд ва мо ҳам иҷлосияро идома додем. Сипас рафтанду онҳоро даъват карданд, ки дубора гашта омада дар ҷойҳои худ нишастанд. Дар кори иҷлосия танаффуси дурӯза эълон ва барои идомаи кор ва таъйини масъалаҳои он кумиссюн ташкил кардем. Дар ин вақт Абдуҷалил Ҳомидов, раиси онвақтаи вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) пешниҳод кард, ки дар кори иҷлосия якмоҳа танаффус эълон ва идомаи он бигузор дар Душанбе сурат бигирад. Адолат Раҳмонова бар зидди ин пешниҳоди ӯ суханронии сахт кард. Мо низ се-чор нафар аз мавқеи Раҳмонова тарафдорӣ кардем. Ин таклифро аз байн бардоштем ва иҷлосияро идома додем.”

БА ХУҶАНД ТАВАССУТИ ТИРМИЗ

Озодӣ: Оё дуруст аст, ки вақти омадани вакилон аз вилояти Кӯлоб ба Хуҷанд Сангак Сафаров шарт гузошта, ки дар сурати раҳбариро ба даст нагирифтан кушта хоҳед шуд?

Ҳабибулло Табаров: “Ин кор ин тавр шуд. Ҳоло Ҷиёнхон Ризоев, раиси вилояти Кӯлоб зинда буд. Як кумиссюни депутатӣ ташкил карданд, ки барои ҳалли баъзе аз масоил бояд ба Ленинобод равад. Мо ҳама депутатҳои Шӯрои олӣ аз вилояти Кӯлобро дар бинои облисполком ҷамъ оварданд. Ҷиёнхон маро он ҷо сардори кумиссюн таъйин кард. Гуфт, ки ҳамаи саволу ҷавобҳо дар иҷлосияи Хуҷанд бар дӯши ҳамин одам аст. Сардори Шумо ҳамин гуфт ва афзуд, бо ӯ меравед. Аз он ҷо оварданд фурудгоҳ ва мо савори чархбол шудем ва чархбол моро ба шаҳри Тирмиз бурд. Он ҷо хӯроки чошт хӯрдем ва то ину он кардем, ки рӯз бегаҳ шуд.”

ВАЗИРИ ДИФОИ УЗБАКИСТОН: АКАИ САНГАК ОМАДАНД

Озодӣ: Дар Тирмиз Шуморо касе пешвоз гирифт?

Ҳабибулло Табаров: “Дар Тирмиз, ба назарам ё муовини раиси вилоят ё кадом нафаре дигар аз масъулини ин вилоят, ки ҳоло дақиқ дар ёдам нест, пешвоз гирифт. Он ҷо то бегоҳи рӯз истодем. Тарафи бегоҳ буд, ки гуфтанд ҳавопаймои вазири дифои Узбакистон омадааст ва Шуморо ӯ ба Хуҷанд хоҳад бурд. Мо рафтем ва савори ҳавопаймо
Сангак САФАРОВ ва ҳамроҳонаш
шудем. Ин вақт вазир омад. Ахмедов ном дошт. Вазир омад бо мо саломуалейк кард ва аз номи Ислом Абдуғаниевич барои мо хеле суханҳои нек гуфт. Сипас, ман низ дар ҷавоби ӯ сухан карда изҳори миннатдорӣ намудам. Дар ин вақт ба вазир хабар доданд, ки Сангак омадааст. Вазир аз мо узр пурсиду гуфт, ки ба пешвози акаи Сангак хоҳад рафт. Тахминан пас аз 15-20 дақиқа ҳамроҳи Сангак назди мо омаданд. Вазир бо дасташ тарафи ман ишора карда гуфт, ки ҳамаи гапҳоро ба ин нафарон гуфтам. Баъд Сангак ба гап сар кард ва хеле дар бораи ҷангҳо сӯҳбат намуд. Вай дар фароварди суханаш таъкид ва таҳдид кард, ки агар дар ҳамин сафар масъаларо дар Ленинобод ҳал нокарда баргардед, бидонед, ки нафаре аз Шумо зинда нахоҳад монд. Ба тарафи ман гашту гуфт, ки “акаи Ҳабибулло гапи мара фаҳмидӣ?” Ман гуфтам, ки фаҳмидам, масъаларо ҳал мекунем. Гуфтам чунин вазифадор шуда бошем, чаро ҳал накунем. Бо ҳамин Сангак рафт ва моро бо ҳавопаймо бурданд ба Хуҷанд. Хуҷанд расидем, моро ба меҳмонхонаҳо ҷо доданд. Саҳар шуд, гуфтанд, ки раиси вилоят даъват кардааст. Мо рафтем назди раиси вилоят, ки гуфт ҳозир тайёра омодааст, бишинед ба Кӯлоб бармегардед, барои он ки раиси вилояти Кӯлоб Ҷиёнхон Ризоевро куштанд. Мо вақте ин хабари ногаҳониро шунидем, дар воҳима афтодем. Хуллас бо ҳавопаймо ба Кӯлоб баргаштем. Аз фурудгоҳи Кӯлоб рост ба манзили раҳматӣ Ризоев рафтем. Он ҷо ҷанозаро гузаронидем, гапҳои хеле зиёд шуд. Муллоҳайдар доду войи бисёре кард, ки ин навбат навбати ман, маро мепарронанд. Ба ҳар ҳол ӯрову дигарҳоро ором кардем. Хуб, дигарбора вақте ки Эмомалӣ Раҳмон раиси вилоят баргузида шуд ба Хуҷанд ҷиҳати ширкат дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ рафтем.”

ҶИЁНХОН РИЗОЕВ БА КӢ МАЪҚУЛ НАБУД?

Озодӣ: Ҷиёнхон Ризоевро барои чӣ куштанд, ӯ ба кӣ маъқул набуд?

Ҳабибулло Табаров: “Ин ҷо як гурӯҳ -- Қурбони Зардаку мудири маорифи ноҳияи Восеъ, ки ҳоло исмаш аз ёдам рафт ва як милисионер бо номи Иброҳимов, ки бидуни ризояти Сангак Ҷиёнхонро раиси вилоят интихоб карда буданд. Сангак, ки дар Қӯрғонтеппа қарор дошт, ин гурӯҳ бе розигии вай Ризоевро раиси вилоят интихоб карданд. Барои ҳамин Сангак Ризоевро дар Қӯрғонтеппа парронд.”

Озодӣ: Гуфтед, ки Сангак вақте Тирмиз омад, вазири дифои Узбакистон ба истиқболаш рафт. Яъне, Сангак пештар ҳам бо ин вазир шиносоӣ доштааст?

Ҳабибулло Табаров: “Он вақт Сангак машҳур шуда буд. Ӯро ҳама мешинохт. Чанд бор ҳамроҳ бо қумандонҳо ба Узбакистон рафтуомад карда буд. Барои ҳамин ӯро хуб мешинохтанд. Номашро ва ҳам худашро хуб медонистанд. Ҳатто вақте гуфтанд, ки Сангак дар берун омадааст, вазир суханашро ба поён набурда аз ҷояш парид ва гуфт, ки ман акои Сангакро пешвоз гирам.”

УЗБАКИСТОН БА КӮЛОБ КӮМАК МЕКАРД?

Озодӣ: Худи Шумо бо он вазир чанд бор вохӯрда будед?

Ҳабибулло Табаров: “Ҳамон як маротиба.”

Озодӣ: Вақте кӯмакҳои Узбакистон ба Кӯлоб меомад, он вақт чӣ?

Ҳабибулло Табаров: “Ман барои гирифтани ягон кӯмак ёрдам накардам ва дар ягонтоаш ҳам шарик набудам.”

Озодӣ: Ба назаратон чаро Узбакистон ин ҳама кӯмакҳоро ба Кӯлоб кард, масалан орду равған медод ва ҳамзамон силоҳу тиру дигар муҳиммоти ҷангӣ?

Ҳабибулло Табаров: “Охир он вақт оппозитсия раҳи Кӯлобро баста буд. Кӯлобро муҳосира кард. Он ҷо мардум тухми ҷорӯбу талхаву дигар чизҳоро маҷбур мехӯрданд. Рӯзашон ба решаи алаф монд, ман худам аз он ҷумла. Худам он ҷо будам, ба ҳамин ҳол гирифтор шудам. Барои ҳамин Узбакистон дар як давраи муайян ин вазъиятро фаҳмид ва ин кӯмакҳоро рост ба фурудгоҳи Кӯлоб равона мекард. Лекин кӣ қабул мекард, кӣ тақсим мекард, рости гап, он тарафашро намедонам.”

"РАҲМОНОВ МЕГУФТ, КИ КАРИМОВ ВАЗЪИЯТИ МОРО ХУБ МЕДОНАД"

Озодӣ: Ба ҳар сурат, онҳо бисёр мехостанд, ки Фронти халқӣ бар зидди оппозитсия биҷангад ва ғалаба кунад?

Ҳабибулло Табаров: “Бисёр мехостанд. Ман дар ёд дорам Ҷаноби олӣ дар як маҷлис суханронӣ мекард гуфт, ки раҳмат ба рафиқ Каримов, ки вазъияти ҳозираи моро ӯ аз мо хубтар медонад. Гуфт, ки ҳар рӯз телефон мекунад, мепурсад, дилбардорӣ мекунад.”

Озодӣ: Ин солҳои 1993-94 буд?

Ҳабибулло Табаров: “Бале, ҳамон солҳо буд, ки ҳамин гуна гапҳои хуб мегуфт.”

Озодӣ: Дар ҳамон солҳо ба чандин совхозу колхозҳо номи Ислом Каримовро гузоштанд, аммо дертар тағйир доданд. Сабаб дар чӣ буд?

Ҳабибулло Табаров: “Ман дар ягон ҷо чунин корро надидам. Вақте вазир будам, ба ноҳияҳо бисёр мерафтам. Дар ягон ҷо надидам, ки колхоз ё совхозро ба номи Ислом Каримов гузошта бошанд.”

ҚАДРИДДИН АСЛОНОВРО КӢ КУШТ?

Қадриддин АСЛОНОВ
Озодӣ: Чун Шумо аз бисёр ҳаводиси он вақт огоҳ будед, метавонед бигӯед, ки Қадриддин Аслоновро чаро ва барои чӣ куштанд?

Ҳабибулло Табаров: “Ҷузъиёташро намедонам. Барои он ки ман Қӯрғонтеппа намерафтам. Сангак чандин бор маро пешниҳод кард, ки дар бари ман биист, ман нарафтам. Гуфтам, ки ҳатто гунҷишкро парронида наметавонам, чӣ расад ба одам. Он вақт нақл мекарданду мо ҳам мешунидем, ки гӯшу бинии одамҳоро мебуранд. Аслонов тарафдори оппозитсия буд, сахт тарафдор буд. Аз шунидаҳом мегӯям, чун худам надидаам. Ӯро аз роҳ дастгир карда меоваранд. Чанд вақт ӯро боздошт мекунанд. Бо вай чӣ тавр муносибат мекунанд, намедонам. Баъдтар шунидам, ки ӯро парронидаанд. Дигар ин кори замони гузашта аст. Медонистам мегуфтам.”

ДАР СӮҲБАТИ РАҲМОН НАБИЕВ

Озодӣ: Шумо ҳамчунин дар раъси як кумиссюни депутатӣ дар иҷлосияи Шӯрои олӣ дар Хуҷанд ба манзили Раҳмон Набиев рафта будед. Набиев ин гурӯҳро чӣ тавр қабул кард ва байни Шумо чӣ сӯҳбатҳое бургузор шуд?

Ҳабибулло Табаров: “Дар ҳақиқат, барои даъвати Раҳмон Набиев ба кори иҷлосия як кумиссюн ташкил дода шуд ва дар аввал ман ба ҳайси сардори ин гурӯҳ ба назди ӯ рафтам. Дар ҳайати ин гурӯҳ Абдулмаҷид Достиев, Муллоҳайдар ва Шаҳоб Шарифов, раиси пешини КГБ ва чанд нафари дигар шомил будем. Мо рафтем, аммо касе ҳозир набуд, бо мо сӯҳбат кунад. Набиев, албатта, моро қабул кард, то соати 1-и шаб ҳамроҳ нишастем. Он қадар талош кардему фаҳмонидем, вале мегуфт не, маро бигузоред, ки кор кунам. Ман гуфтам, мо ин тавр ваколат надорем, ки дар вазифаатон Шуморо барқарор намоем. Вале мо дастур гирифтем ба Шумо бирасонем, ки дар сурати ба пешниҳоди мо розӣ шудан Шумо аз ҳамаи имтиёзҳои президентӣ бархӯрдор ва баҳраманд хоҳед шуд. Бо мошин, муҳофизон ва хона Шуморо таъмин хоҳем кард. Аммо не, қабул накард. Худаш яке қабул мекунад, аммо хонумаш комилан рад мекунад. Мегӯяд, Шумо кӯлобиҳо ӯро президент интихоб кардед, акнун то охир ӯро нигоҳ доред. Ман гуфтам, ки кӯлобиҳо мегӯянд, ҳозир мо ҷанг карда истодаем аз Ленинобод, аз хешу таборҳои Набиев ягон кас наомад, ки дар бари мо биистад. Хуб хешу табораш наомад, лоақал ҳамин писараш наомад, ки дар бари мо биистад, то ки мо барои Набиев биҷангем. Ин тавр, ки бошад мо худамон сару ҳисобамонро меравем. Гуфтам, ҳоло кӯлобиҳо чунин мегӯянд. Хулоса, то соати яки шаб нишастем, аммо чизе ҳосил нашуд. Бегоҳӣ ба хонаи Набиев рафта будем, вақт мегузашт гурусна мондем, ягон пиёла чой ҳам накарданд, хеле дер шуд, дигар хайру хуш кардему омадем ва ахбори бударо расонидем. Аммо фардо дар иҷлосия аз сари нав кумиссюн ташкил карданд. Ин навбат низ маро ҳамроҳ карданд, ки ман рад кардам. Гуфтам як бор рафтам, бас аст, дигар намеравам. Хулоса кумиссюн рафта Набиевро ҳамроҳ овард. Се бор болои минбари иҷлосия баланд мешавад, мефарояд, вале истеъфо намедиҳад. Ниҳоят дар охир як коғазро хонданд, ки гӯиё ариза дода бошад, ки майлаш, ман истеъфо медиҳам. Ва бо ҳамин ҷавоб доданд.”

САФАРАЛӢ КЕНҶАЕВ ДАР ИҶЛОСИЯИ 16 БА КУҶО РАФТ?

Озодӣ: Дар рафти иҷлосияи 16 Сафаралӣ Кенҷаев чанд рӯз нопадид шуд, ӯро куҷо бурданд, чӣ шуда буд он вақт?

Ҳабибулло Табаров: “Ин ҳодисаро касе намедонад. Баъзеҳо гуфтанд, ки худаш барои ахборро расонидан ба Узбакистон рафтааст. Ба қавли баъзеи дигар ӯро фирефта ба Узбакистон бурдаанд. Рости гап, чанд нафареро ҳам, ки пурсидем асрори ин қазияро нагуфт. Баъди аз пайдо шуданаш дар долони қасри Арбоб рӯбарӯ шудам, пурсидам, ки ака се-чор рӯз набудед, пазмонатон шудем, куҷо будед? Гуфт, ки як коре буду рафтам ва ҳоло боз омадам. Ҳамин қадар ҷавоб дод. Аз ин зиёд чизе нагуфт.”

Озодӣ: Ҳоло дар ин бора, ки дар он иҷлосия бисёриҳо аз гирифтани вазифа даст кашиданд, зиёд мегӯянд. Оё воқеан ҳамин тавр буд ва масалан худи Шумо, ки вазири кишоварзӣ таъйин шудед, дар аввал «не» гуфта будед?

Ҳабибулло Табаров: “Рости гап он вақт аллакай байни ман ва Абдуллоҷонов гапҳои пасту баланд гузашта буд. Абдуллоҷонов маро даъват кард ва гуфт, ки Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки Муллоабдуғаффорро ман ба кабинетам даъват кардаам. Ман гуфтам, Абдумалик мебахшед: “дунё пури овоза аст”. Ман ҳамин тавр , ки шунида будам, дар як суханрониам дар иҷлосия гуфта будам, ки сарвазир, ки Мулло Абдуғаффорро дар кабинеташ доим қабул кунад, аз дигарон чӣ умед кардан мумкин. Худам ягон маротиба Мулло Абдуғаффорро надида будам. Бо ҳамин гап ба охир расид. Дар бораи он ки одамҳо даст кашида бошанд аз гирифтани мансаб фақат ҳамин чизро мегӯям, ки як нафар Валентина Ивановна Абдусамадоваро, агар дар ёд дошта бошед барои муовини сарвазир пешниҳод карданд, ҳақиқатан ҳам рад кард. Гуфт, ки ин ҳукумат оқибат надорад, намеравам. Шояд бо дигарҳо дар алоҳидагӣ сӯҳбатҳо шуда бошад, ки аз он дарак надорам, аммо Абдусамадова дар назди ҳама рад карда буд.”

ЧАРО ҶАНГ ИДОМА КАРД?

Озодӣ: Аммо ба фикри Шумо, чаро баъди ҳукумати нав ҳам ҷанг идома кард?

Ҳабибулло Табаров: “Силоҳбадастҳо зиёд буданд. Онҳо омода набуданд, ки силоҳҳояшонро ба хубӣ ба замин гузоранд. Онҳо умеди калон доштанд. Ҳарчанд эълон шуд, ки дигар ҷанг бас аст, дар Хуҷанд оши оштӣ доданду ҳама иштирок ва дуо карданд, мо ҳам ҳеҷ кадоме фикр намекардем, вале медонистем, ки бо ин ҳама ва бо ин зудӣ ба охир намерасад. Баъди ба имзо расонидани Созишномаи умумии сулҳ ҳам ҷанг чанд вақти дигар давом кард. Пас аз фаҳмониданҳо ва баъди ҳатто бар зиддашон силоҳ истифода карданҳо ҷангу хунрезӣ қатъ шуд.”

ГИЛАИ ТАБАРОВ

Озодӣ: То ҷое мушоҳида мешавад, Шумо дар ҷашнҳову тантанаҳои расмӣ ширкат намеварзед, чаро? Шуморо даъват намекунанд?

Ҳабибулло Табаров: “Маро ҳамин чиз дар воқеъ алам мекунад, ки дар ҳамаи корҳо иштирок доштам, яке аз муборизони фаъоли барқарории ҳукумати қонунӣ будам, лекин дар чорабиниҳо даъват намекунанд. Намедонам. Ба ҳеҷ кас бадӣ накардаам, ба ҷуз некӣ. Шояд ягон кас бад мебинад, шояд мегӯянд, ки пир шудаам, дигар ҳоҷат надорад. Маро бисёр алам кардааст, ман сахт гиламандам аз маъмурияти президент, ки ҳамаашон медонанд, мешиносанд, лекин даъват намекунанд. Як кас ҳаққи ҳамаро хӯрда наметавонад, як кас ҷои ҳамаро танг карда наметавонад. Як кас, як кас аст, бояд иштирок кунад.”

“ПРЕЗИДЕНТ ГУФТ, КИ РАҚС КУН...”

Озодӣ: Бори охир бо президент кай вохӯрда будед?

Ҳабибулло Табаров: “Бо президент бори охир, ба фикрам, дар соли 2009 вохӯрдам. Кадом як чорабиние буд, ки даъват карданд, рафтам. Дар чорабинӣ одам зиёд буд. Маро президент алоҳида ҷеғ зад ва шӯхӣ карда гуфт, ки як рақс кун. Ман гуфтам, ки аз ман дигар рақс намебарояд. Ман дигар поямро базӯр мемонам. Дар он ҷо маро пурсид, ки акаи Ҳабибулло дар давраи Советӣ (Шӯравӣ) дар вазифаҳои баланд зиёд кор кардӣ, роҳбари калон будӣ, котиби райком, раиси исполком, раиси облисполком будӣ, аз ҳамон давраҳо ба ту чӣ монд? Ман гуфтам, ки Эмомалӣ Шарифович худоро шукр, фарзандҳоям, ки чандеаш кор мекунад, чандеаш бекор ва оилаи ободам боқӣ мондааст. Шукри ҳаминҳоро мекунам, дигар ҳеҷ чизе надорам. Як гарнитур дорам, ки аз давраи котиби комсомол буданам дар манзилам аст. Ман нафаҳмидам, ки ин тавр мешавад. Вале фикр мекунам шояд нафаҳмидагиам хуб шуд. Чун мефаҳмидам, ман ҳам дасти покамро дар як ҷойи ифлос дароз мекардам. То аз вазирӣ рафтан фикр мекардам, ки дар давраи Советӣ зиндагӣ мекунам. Чанд кас омад, ки биё, раис-бобо розӣ шав, хона харему ба номат ҳуҷҷат кунем, Худои таъоло шоҳид, ман гуфтам, Шумо маро суд карданиед ва розӣ нашудам. Ман дар кӯча нестам. Як хонаеро, ки ҳукумат додааст дар он зиндагӣ дорам.”

"РАИСИҶУМҲУР БА МАН КӮМАК НАКАРДААСТ"

Озодӣ: Мақсад аз ин саволи президент чӣ буд?

Ҳабибулло Табаров: “Ба ростӣ, мақсади президентро нафаҳмидам. Чунки аз ин зиёд чизе напурсид. Маро чизе кӯмак ҳам накардааст. Масалан, дар иду ҷашну чорабиниҳо маро ин тавр, ки 50 ё сад доллар дода бошад, ягон бор нашудааст. Маро боз чӣ алам мекунад. Масалан ба баъзе нафақахӯрон ва ё одамоне, ки ба арзиши як тин кор накардаанд, ғоратгар, дузд, душман, ҳароманд дар (лифофа) конверт сесад ва ё маблағи сад долларро андохта бурда медиҳанд.”

Озодӣ: Аз номи президент тӯҳфа мекунанд?

Ҳабибулло Табаров: “Аз номи президент бурда тӯҳфа мекунанд, лекин кӣ медиҳад ман намедонам. Ҳайрон мешавам ва мегӯям афсӯси ин меҳнатҳои ман, ки наход ба панҷоҳ сӯмаш наарзад. Лекин як бор вақте Қурбон Тӯраев вазири кишоварзӣ буд, бо дасти як корманди вазорат 150 сӯм фиристод. Ман бо ӯ ҷӯра будам. Вақте ӯ котиби райком буд, ман ҳам котиби райком будам. Омаду рафт доштему дар пойтахт вомехӯрдем. Акнун ин аз ҳамон ҳисоб ва ё вазорат аз ягон ҷо маблағ ёфта буд аз ин тарафаш дарак надорам. Дигар аз ин зиёд чизе нагирифтам. Лекин боз як тарафи дигари малол шуданам ин аст, ки баъзе аз ин одамҳо телефон мекунанд. Акнун ҳама, ки мешиносаду онҳо чунин тӯҳфаҳоро мегиранд, телефон мекунанд, ки Ҳабибулло Табарович мо таклифнома ба фалон тантана гирифтем ва ё мегӯянд, ки сесад сомонӣ, чорсад сомонӣ тӯҳфа гирифтем, Шумо чӣ гирифтед. Ман мегӯям, ки ҳеҷ кадомашро нагирифтам. На инашро на онашро. Як маротиба вақте Амиршо Миралиев, роҳбарии дастгоҳи иҷроияи президентро бар ӯҳда дошт, даъват шудам. Гуфтам, чаро маро дар чорабиниҳо даъват намекунӣ? Гуфтам наход ман баробари ҳамин ғоратгарҳову дуздҳову одамҳои ифлос қадр надошта бошам, ман ин қадар меҳнат кардам, аммо меҳнати ман ҳеҷ арзиш надоштааст. Гуфт, аз ин пас даъват мекунем. Баъди ин як бор даъват карданд. Вале, бубинед, масалан ҳамин чанд рӯз пештар чандин чорабиниҳо бахшида ба бистсолагии истиқлолияти давлатӣ баргузор шуд. Аммо боз ҳам дар ягонтои ин чорабиниҳо маро даъват накарданд.”

ЛЕНИНЧИИ МАТИН

Озодӣ: Фикр мекунед, худи Эмомалӣ Раҳмон аз ин чизҳо бохабар аст ва ё ин ки масъулини баргузории ин чорабиниҳо иштироки Шуморо намехоҳанд?

Ҳабибулло Табаров: “Фикр мекунам, Ҷаноби олӣ ин чизҳоро намебинад. Вақт ҳам надорад, ки ҳамаи рӯйихатҳоро бубинад. Ман ҳамин хел ҳис мекунам. Лекин вақте раҳматӣ Маҳмадназар Солеҳов роҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ буд як бор ба наздаш рафтам. Гуфтам Маҳмадназар сабаби асосии прокурори генералӣ таъйин шуданат ман шудам. Дар Ленинобод дар иҷлосия 16 вақти ташкили ҳукумат як бор ба сӯҳбат даъват карданд, вале пагоҳаш даъват накарданд. Ман ба назди калон даромада гуфтам, ки як бор ҳамроҳаш сӯҳбат кардӣ, аз рӯзи аввал ин хел нағз намешавад. Чун он вақт он одам ҳоло як одами одӣ буд, гапҳоро рӯирост гуфтан мумкин буд. Маҳмадназар прокурори район буд, ки мебоист прокурори генералӣ таъйин мешуд, аммо номзадиашро рад карданд. Баъде ки ман даромада бо калон сӯҳбат кардам, ӯро таъйин намуданд. Дертар вақте раиси дастгоҳи президент таъйин шуд, наздаш рафтам ва гуфтам чаро дар чорабиниҳо маро даъват намекунед. Як касе, ки як тин фоида наовардааст, фақат зарар овардааст, ӯро пул медиҳеду маро фаромӯш мекунед. Ман дар назди Худои таъоло виҷдонам тоза аст, қасам ба ҳамин 8 фарзандам мехӯрам, ки дар вақти роҳбариам аз ягон кас пора нагирифтаам. Ман ленинчии матин будам. Ман фикр мекардам, ки шахси ивазнашавандаам. Баъд ӯ гуфт, ки рӯйихатро мебарем, худи калон мегирад, хат мезанад. Ҳамин рӯйихати даъватмешудаҳоро, ҳамаи онҳоро калон мебинад гуфта пурсидам? Гуфт, ки бале, мебинад. Гуфтам хуб, ки агар бинаду хат зада бошад, дигар гап нест. Об, ки аз боло лой бошад, дигар гап нест. Сипас, Маҳмадназар гуфт, ки хафа нашав, он тарафашро накоб. Аз ин ба баъд худам назорат ва ҳал мекунам. Баъди ҳамин гапро гуфтан як бори дигар таклиф карданд.”

“БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД...”

Озодӣ: Шумо дар тӯли фаъолият дар хеле аз вазифаҳо кор кардед, имрӯз танқид мекунанд, ки ҳукумат ба дасти як маҳал, ҳатто як оила афтодааст. Оё чунин тарзи идораро чӣ баҳо медиҳед?

Ҳабибулло Табаров: “Агар ин тавр мегӯянд, ин бад аст.”

Озодӣ: Худи Шумо мушоҳида мекунед?

Ҳабибулло Табаров: “Ҳоло дар байни онҳо нестам. Гапҳои одамҳоро низ камтар мешунавам. Лекин газетаҳоро мехонам, каму беш. Ин ҳарфҳоро аз газетаҳо мехонам, ки менависанд хешутаборчигӣ ва маҳалбозӣ дар мо ҳаст. Як дараҷа ман бовар мекунам. Барои он ки баъзе чизҳоеро, ки дар газетаҳо менависанд, баъдан мебинед, ки дар ҳақиқат ҷой доштааст. Ман мехоҳам, як ҷамъияте бошад, ки ҳама баробар зиндагӣ кунад. Принсипҳои шахспарастӣ, принсипҳои хешутаборчигӣ, принсипи кадрҳоро ба таври худ хоста гирифтан вуҷуд надошта бошад. Ҳама чиз бояд аз рӯи ҳақиқат бошад, то ки мардум бо дили гарм кор кунад. Чунки ягон бори каҷ ба манзил нарасидааст. Мо бисёр давраҳоро медонем: давраи шахспарастии Сталин, давраи шахспарастии Хрушевро ва боз чандин давраҳои дигарро. Дар газетаҳо дар бораи ин падидаҳои номатлуб менависанд, қисман бовар мекунед, қисман не, лекин вақте одамҳо мегӯянд, мумкин вуҷуд дошта бошад. Чунин корро умуман аз байн бояд бардошт, одам аз ин обрӯ намегирад.”

Шарҳи ҳоли Ҳабибулло Табаров

Ҳабибулло Табаров, муовини раиси корхонаи шири шаҳри Душанбе ва вазири собиқи кишоварзии Тоҷикистон соли 1938 дар Ховалинг ба дунё омадааст. Баъди мактаби миёна факултети агрономии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм мекунад.

Фаъолияти кориашро ҳанӯз аз даврони мактаби миёна ҳамчун муҳосиб шурӯъ кардааст. Соли 1958 котиби аввали Кумитаи комсомол дар ноҳияи Фархор таъйин мешавад. Баъдан ба кори ҳизбӣ ҷалб мешавад ва дар вазифаҳои муншии аввали ноҳияҳои Маскав, Фархор ва Восеъ кор мекунад. Сипас, раиси кумитаи иҷроияи ноҳия ва баъдан раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб таъйин мешавад.

Дертар раиси иттиҳодияи чорвопарварӣ дар ноҳияи Ховалинг ва дар соли 1992 вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин мегардад. Қабл аз бознишаста шудан раёсати Кумитаи саноатии ширу гӯшти ҷумҳуриро бар ӯҳда доштааст. Чаҳор навбат депутати Шӯрои олии Тоҷикистон интихоб мешавад. Корманди шоистаи Тоҷикистон аст. Оиладор, соҳиби 8 фарзанд.