Таҷлил аз Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон

Паради низомӣ дар майдони "Дустӣ"-и пойтахти Тоҷикистон. 9 сентябри соли 2011

Ҷашни 20 соли истиқлоли Тоҷикистон бо баргузории паради низомӣ дар майдони "Дӯстӣ"-и пойтахт таҷлил шуд.
Аз замони суқути Шӯравӣ ин бошукӯҳтарин намоиши нерӯҳои низомӣ буд, ки Тоҷикистон баргузор кардааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон -- ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ба нақши Артиши миллӣ дар таъмини сулҳу субот
Аксарият аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекунанд, ки то ҳол натавонистааст роҳи ҳалли ду мушкили умдаи Тоҷикистон --таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро биёбад...
таъкид кард ва ҳамчунин аз гузаштаи ин нерӯ ёдовар шуд: "Дар оғози истиқлолият имконоти иқтисодии Тоҷикистон хеле маҳдуд буд ва мо Артиши миллии кишварро амалан дар ҷои холӣ таъсис додем."

Тоҷикистон танҳо кишвари минтақа аст, ки нерӯҳои он дар рӯёрӯиҳои воқеӣ таҷриба андӯхтаанд ва бо вуҷуди таҳкими сулҳу оромиш соле як ду бор мавриди чолиши гурӯҳои мусаллаҳ қарор мегирад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Истиқлол, паради ҳарбӣ ва дарозтарин парчам



Дар намоиши низомӣ то 10 ҳазор сарбозу афсари Артиши миллии Тоҷикистон бо сафкашиҳои ҳирфаӣ ва сару либоси идонаи ҳарбӣ ширкат карданд. Ҳамзамон барои бори нахуст ҳудуди 500 низомии артиши Русия, Фаронса, Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон дар гузашти низомӣ ҳузур пайдо карданд. Паради ҳарбӣ бо намоиши чархбол ва ҳавопаймоҳи ҷангӣ анҷом ёфт, ки гуфта шуд ба нерӯҳои Русия, мустақар дар Тоҷикистон, мансубанд.

Шавкат САИДОВ, сухангӯи шаҳрдори Душанбе
Илова ба ин, шарҳрдории Душанбе бахшида ба ин ҷашн парчами 2-километрӣ омода карда буд, ки онро 3 ҳазор низомӣ ва шогирдони макотиб рӯи даст бардошта аз майдон убур мекарданд. ШАВКАТ
САИДОВ
, сухангӯи шаҳрдори Душанбе гуфт: "Парчами мазкур аз сӯи корхонаи нассоҷии тоҷик дӯхта шудааст. Матои парчам абрешимӣ аст ва 860 кило вазн дорад. Бовар дорем, ки ин дарозтарин парчами дунё аз сӯи масъулини Китоби рекордҳои Гиннес ба қайд гирифта мешавад."

Як сокини Душанбе ҳам гуфт: "Албатта, ин парчами бузург зарур аст, зеро ҳар нафар, ки ҳатто аз дур мебинад, мегӯяд, ки парчами Тоҷикистон аст." Тантанаву ҷашнҳои бошукӯҳи бахшида ба 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон аз ду ҳафтаи пеш бо насби баландтарин нишони давлат ва баландтарин парчам, ки дар Китоби рекордҳои Гиннес сабти ном шуд, оғоз гардид. Вале ин маъракаҳо аксаран ба ҷаласаҳои ҳисобот шабоҳат доштанд, ки дар он президент Раҳмон аз дастовардҳои 20- солаи ҳукуматаш гузориш медод.

Ҷашни истиқлол дар тасвирҳо



Бархӯрди мардум ба ин ҷашни серхарҷи бошукӯҳ, парчамсозиву маҷлисороӣ ва ҳамчунин ба дастовардҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 20 сол якранг нест. Аксарият аз ҳукумати ӯ интиқод мекунанд, ки то ҳол натавонистааст ба ҳалли ду мушкили умдаи Тоҷикистон --таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро даст ёбад.

Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 1991 ба дунболи дигар ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ истиқлолияти худро эълон кард ва аммо пас аз 8 моҳ ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки як панҷ сол идома кард. Дар ин ҷанг бештар аз 100 ҳазор сокини Тоҷикистон кушта шуда ва наздики як миллион нафар аз рӯ ба фирор оварданд.