Ба назари аҳзоби мухолиф, мақомоти кунунии Тоҷикистон ба касби истиқлолияти ҷумҳурӣ рабте надоранд.
Ба гуфтаи онҳо, ин дастоварди таърихиро Михаил Горбачев, охирин раҳбари Шӯравии пешин ба Тоҷикистон ва дигар ҷамоҳири собиқи ин кишвари абарқудрат тақдим карда буд.
АМНИЯТИ АБДУЛНАЗАР, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар ин бора гуфт: "Истиқлолияти Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе ба ҳукумати кунунӣ надорад. Истиқлолиятро ба кулли ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ Михаил Горбачев бидуни мубориза тақдим карда буд. Дар ҳоле давлати кунунӣ ҳеҷ ҳизберо ҷуз Ҳизби халқӣ-демократӣ дар ин дастовард қабул надорад, ки намояндагони ин ҳизб ба хотири мансаб дар он ҷамъ шудаанд ва дар гузашта мухолифи истиқлолияти Тоҷикистон буданд."
МУҲИДДИН КАБИРӢ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ягона шахсе, ки ба ҷоизаи истиқлол қадр шудаму дар ин раванд саҳме надоштам, ман будам. Дар истиқлоли ҷумҳурӣ устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ саҳм дошт, ки дар замони Шӯравӣ мухолифи ин система буд ва барои истиқлолхоҳӣ зиндонӣ ҳам шуда буд."
Ӯ афзуд: "Мутаасифона ҳоло ин истиқлолият як ҷанбаи сиёсӣ касб кардааст ва бисёриҳо вақте ки шаҳду меваи истиқлолро чашиданд ва истиқлолият барояшон ҷоҳу мақом, вазифа ва пулу мол овард, агарчӣ он замон зидди истиқолияти Тоҷикистон буданд ва истиқлолхоҳонро саркӯб мекарданду ватанфурӯш мехонданд, имрӯз парчами истиқлолият дар дасти онҳост."
Ҳизби демократи Тоҷикистон ахиран пешниҳод карда буд, нафарони истиқлолхоҳ, ки дар гузашта давлат онҳоро мухолифини худ мехонд, қадр карда шаванд. Ба эътиқоди МАСЪУД СОБИРОВ, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, бахусус Қадриддин Аслонов, ки замони қоиммақомиаш дар курсии иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эъломияи истиқлоли Тоҷикистонро имзо карда буд, қадр шавад.
"Ман то охирин дақиқаҳо интизор доштам, ки ҳукумат дар бораи фаъолияти истиқлолхоҳони ҷумҳурӣ, аз ҷумла намояндагони Ҳизби демократ андеша мекунад, вале имрӯз мебинам, ки қадрдонӣ нашуданд. Ба назарам ин кори хубе нест аз тарафи мақомоти давлатӣ. Аслан қадршиносӣ аз нафароне шуд, ки дар он замон мухолифи истиқлоли Тоҷикистон буданд",-илова кард ӯ.
Ба эътиқоди Маъсуд Собиров ва дигар азҳобе, ки мухолифи давлат эълом шудаанд, шодравон Тоҳири Абдуҷаббор, раиси ҷунбиши "Растохез" дар истиқлолият касб кардани Тоҷикистон нақши муҳим дошт. Вале, мутаассифона, ҳукумати феълӣ саҳми Тоҳири Абдуҷабборро нодида гирифт, ки дар он замон намояндагони ин ҳукумат мухолифи истиқлолият буданд ва имрӯз бо ифтихор истиқлолияти Тоҷикистонро таҷлил мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад