Тақозои хабарнигорон аз раисиҷумҳур ва порлумон

Ҳамоиши хабарнигорони тоҷик. 8 сентябри соли 2011

Дар рӯзи байнулмилалии Ҳамраъйии журналистон созмонҳои хабарнигорӣ ба раисиҷумҳур муроҷиат карданд.
Ҳамоиши рӯзноманигорони тоҷик бахшида ба рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии журналистон бо нашри як муроҷиатнома ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон ва порлумони кишвар кори худро анҷом
Агар Хазинае таъсис дода шавад ва идораи нашрияҳо ба миқдори муайян ба ин хазина маблағ пардозанд, баъд мо метавонем, ки хонаводаҳои рӯзноманигоронро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кунем...

дод.

Дар ин муроҷиатномаи
иттиҳодияҳои рӯзноманигории Тоҷикистон аз раисиҷумҳур ба унвони кафили таъмини озодии баён ва ба порлумони кишвар ба унвони ниҳоди олии қонунгузории кишвар дархост мешавад, ки аз афзоиши мавориди фишор болои матбуот ҷилавгирӣ кунанд.

Даъвои пардохти зарар ба маблағи як миллион сомонӣ аз сӯи Вазорати кишоварзӣ алайҳи нашрияи мустақили "Миллат", панҷ миллион сомонии даъво аз тарафи додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон аз нашрияҳои "Азия-Плюс", "Фараж" ва "Озодагон", қатъи муваққати чопи бархе аз ин нашрияҳо дар пайи инъикоси нооромиҳои ахири водии Рашт бо шумули "Нигоҳ" ва ахиран боздошту нигаҳдории рӯзноманигорон Муҳаммадюсуф Исмоилов ва Урунбой Усмонов гувоҳи он аст, ки хабарнигорон ҳамоно як бахши осебпазири ҷомеаи тоҷик боқӣ монда ва ниёз ба таваҷҷӯҳи хос доранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳамоиши хабарнигорон ва ҷоизаи "Озодӣ"



Зеро талоши ин расонаҳо ва хабарнигорон танҳо барои анҷоми рисолати касбиашон сурат гирифтааст, вале мақомоти алоҳида бо ҳар роҳу васила болои онҳо фишор меоваранд. Бо ишора ба ин маврид, дар муроҷиати созмонҳои мустақили хабарӣ ба раисиҷумҳур ва порлумони Тоҷикистон ҳамзамон аз татбиқи нодуруст ва ғайримунсифонаи меъёрҳои қонун дар нисбати хабарнигорон ва расонаҳои мустақили кишвар дар ду соли ахир изҳори нигаронӣ шуда ва даъват мешавад, ки ба ҳайси кафили озодии баён ва таъмини ҳуқуқи инсон аз фишорҳои фазоянда дар нисбати матбуот ҷилавгирӣ шавад.

Нуриддин Қаршибоев
НУРИДДИН ҚАРШИБОЕВ, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ ва яке аз мубтакирони баргузории ин нишаст гуфт, иттифоқоти номатлуби рухдода дар ду соли ахир созмонҳои рӯзноманигории тоҷикро водор кардааст, ки ба раисиҷумҳур ва порлумон муроҷиат кунанд: "Мо аз раисиҷумҳур ҳамчун кафили ҳуқуқҳои конститутсионии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз фишорҳо ба васоити ахбори омма ва рӯзноманигорон дархост кардем, то ҳамаи он қазияҳои судӣ, ки дар истеҳсолот ҳаст, мунсифона мавриди баррасӣ қарор гирад ва ба нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва васоити ахбори омма дар иҷрои рисолати аслиашон монеа эҷод накунад."

Зимнан, дархости рӯзноманигорон аз раисиҷумҳур дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзноманигорони тоҷик масъалаи ҳамараъйии худ дар баробари чунин мушкилотро дар ин нишаст мавриди арзёбӣ қарор доданд.

Хуршеди Атовулло
ХУРШЕДИ АТОВУЛЛО, раиси созмони "Медиа-Алянси Тоҷикистон" гуфт, ки ба фарқ аз солҳои пешина дар миёни рӯзноманигорони тоҷик як навъ тафоҳум ва ваҳдати назар дар баробари таҳдидҳои гуногун ба вуҷуд омадааст.

Ӯ гуфт дуруст аст, ки ҳанӯз ҳам рӯзноманигорони тоҷик ба ду бахш -- давлатӣ ва мустақил тақсим шудаанд, вале таҳаввули мусбат дар ин самт ин аст, ки расонаҳо ва созмонҳои мустақили хабарӣ ба фарқ аз чанд соли пеш дар рафъи мушкилоти болояшономада дар канори ҳам қарор гирифтанд: "Қадам ба сӯи ҳамраъйӣ миёни журналистони Тоҷикистон дар соли гузашта аз мусибати умумии онҳо оғоз шуд. Вақте ки чопи се рӯзномаи маъруф аз нашр бозмонду дастрасӣ ба чанде аз сайтҳои интернетӣ маҳдуд шуд, онҳоро водор кард, ки новобаста аз мавқеашон ва аз манфиатҳояшон дар як кумита ҷамъ оянд. Ин кумита бо номи «29-сентябр» хеле фаъолона амал кард ва тақрибан ҳамаи сардабирон ва масъулони созмонҳои рӯзноманигорӣ узви ин кумита шуданд ва ин кумита дар ниҳоят муваффақ шуд, ки мушкилии пешомадаро бартараф кунад."

Қироншоҳ Шарифзода
ҚИРОНШОҲ ШАРИФОЗОДА, яке дигар аз нотиқони ин нишаст пешниҳод кард, ки ба хотири дастгирии рӯзноманигорони бо мушкил дучоршуда як Хазинаи кӯмак ба рӯзноманигорон таъсис дода шавад: "Дар ин рӯзҳое, ки ҳамкасбони мо ба чунин мушкилӣ дучор меоянд ва чун рӯзноманигорон ҳам аз қишри камбизоати кишвар ҳастанд, ба ин фикр расидем, ки агар Хазинае таъсис дода шавад ва ширкатҳои иттиллоотӣ ва идораи нашрияҳо ба миқдори муайян ва ба ин хазина маблағ пардозанд ва пас аз ҷамъшавии ин маблағҳо мо тавонем, ки хонаводаҳои рӯзноманигоронро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кунем."

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, созмонҳои хабарии Тоҷикистон, аз ҷумла Иттифоқи рӯзноманигорон, созмони «Медиа-Алянси Тоҷикистон, созмони иҷтимоии «Хома», Шӯрои васоити ахбори омма ва Хазинаи гиромидошти рӯзноманигорони Тоҷикистон умед бар ин доранд, ки дархости онҳоро раисиҷумҳур ва порлумони кишвар бидуни вокуниш нахоҳад гузошт.

ҲАМЧУНИН, д
Ҷоизаи "Озодӣ"
ар рӯзи байнулмилалии Ҳамраъйии журналистон бархе аз хабарнигорон ва созмонҳои журналистӣ ҷоизаи Медиа-Алянси Тоҷикистонро соҳиб гардиданд. Аз ҷумла, ин ҷоиза ба Радиои Озодӣ ва Радиои Имрӯз барои инъикоси воқеӣ ва ҳамаҷонибаи мушкилоти журналистика ва журналистони тоҷик дода шуд.

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори пешини "Нури зиндагӣ", ки ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад, барои мавқеи устувор дар журналистика ҷоизаи МАТ-ро гирифтанд.

Урунбой Усмонов, хабарнигори Би-би-сӣ дар моҳи июни соли ҷорӣ аз сӯи нерӯҳои интизомии вилояти Суғд ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо аъзои ҳизби мамнӯъи Таҳрир боздошт шуд, вале пас аз як моҳ ва он ҳам бо дахолати шахсии раисиҷумҳур аз боздоштгоҳ раҳо гардид. Созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон ва шабакаи ҷаҳонии Би-би-сӣ сӯҳбати Урунбой Усмонов бо аъзои ҳизби Таҳрирро як бахши кори хабарнигории ӯ медонанд ва борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ӯро табраа кунанд.

Ҷоизаи "Озодӣ", Усмонов ва Исмоилов



Аммо Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори маҳаллии "Нури зиндагӣ", бештар аз нӯҳ моҳ аст, ки дар боздоштгоҳе дар Хуҷанд нигаҳдорӣ мешавад. Ҳарчанд вакили мудофеи ӯ гуфтааст, ки иттиҳомоти ворида алайҳи Исмоилов исботи худро наёфт, вале то ҳанӯз додгоҳ дар баробари вай ҳукми худро содир накардааст.

Мақомот ӯро дар нашри матолиби тӯҳматангез ва маҳалгароёна муттаҳам мешуморанд. Вале созмонҳои хабарнигорӣ мутмаинанд, ки ӯ барои чопи силсиламақолаҳояш дар бораи вазъи зиндагии сокинони ноҳияи Ашти вилояти Суғд мавриди боздошт қарор гирифтааст.

НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон низ барои мусоидат дар ҳамраъйии журналистон дар ҳолатҳои фавқулода (изтирорӣ) соҳиби ҷоиза шуд.