Мусобиқаи мансабдорон дар тавсифи раисиҷумҳур ахиран то ба ҳадди ғайри қобили тасаввур расидааст.
Президенти Тоҷикистон сазовор аст, ки ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шавад ва дар дунё мисли ӯ дигар президент нест ва то охирин лаҳзаи ҳаёт дастур ва ҳидоятҳои ӯ роҳнамои зиндагии мо хоҳад буд.
Ин нуктаҳо аз суханронии Маҳмадсайид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, нафари дуввум дар сатҳи раҳбарии Тоҷикистон аст, ки шоми 6-уми сентябр ба ҳангоми ифтитоҳи фаъолияти як муассиса дар пойтахт садо дода ва аз тариқи шабакаҳои телевизонии кишвар пахш шуданд: "Дастовардҳои имрӯзу ояндаи мо бевосита бо фаъолият, ба ном ва заҳматҳои шабонарӯзии сарвари давлатамон вобастагӣ дорад. Агар дар китоби Гиннес дар баробари дигар дастовардҳо фаъолияти президентҳоро низ ворид мекарданд, бешубҳа, фаъолияти президенти мамлакати мо дар сархатти ин китоб бо ҳарфҳои заррин навишта мешуд. Ҳамагон шоҳид ҳастед, дар дунё нест роҳбари давлате, ки дар рӯзи Иди фитр, дар рӯзҳои истироҳатӣ бе ягон маҳдудияти вақт, заҳматҳои худро баҳри имрӯзу ояндаи миллат ватан, давлат, баҳри сарбаландии ояндаи тамоми сокинони он равона созад... Ваъда медиҳем, ки мо, душанбегиҳо, то лаҳзаи охирини ҳаёт ҳар як ҳидоят ҳар як пешниҳоде, ки Шумо ифода месозед ва моҳияти ин ҳидоятҳо ва пешниҳодҳо сарбаландии миллати тоҷик, халқи Тоҷикистон аст, дар амал аввалин шуда дар сатҳи олӣ татбиқ менамоем."
Ин ситоишҳо дар ҳаққи раисиҷумҳур дар ҳузури худи ӯ садо доданд ва шояд аз тарафи бисёриҳо ба ҳайси шиорҳое дар фазои идонаи рӯзҳои таҷлил аз истиқлолияти кишвар пазируфта шуданд. Аммо солҳои охир, ба сатҳи бесобиқа расидани мадҳу сано ва ба як бахши лексикони сиёсӣ табдил ёфтани онҳо метавонад, нигарониҳоеро низ ба бор орад. Зеро суханҳои баланд ва сифатҳои мутлақе дар ҳаққи раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта шаванд, ки дигар дар доираи сатҳу марзе набошанд ва бо чунин баландпарвозии хеш аз ҳақиқат дида бештар ба киноя ва истиора шабоҳат пайдо кунанд.
Вижагии дигар ин аст, ки ситоишҳои муболиғаомез акнун аз қишрҳои поёни ҷомеа, аз коргару деҳқони мадҳиясаро ба зинаҳои баландтар, ба нутқи мансабдорони масъули мамлакат ва аз идгоҳу маҳфилҳои сарироҳии раисиҷумҳур дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба долонҳои ҳукумат, нишастҳои расмӣ ва телевизиони давлатӣ кӯч мебандад.
Сардабири ҳафтаномаи "Азия-Плюс" Марат Мамадшоев мегӯяд, суханронии раиси маҷлиси болии порлумонро аз тариқи телевизион дидааст ва тамаллуқкории мақомот барояш чизе аҷиб ва нав нест. Аммо, меафзояд Мамадшоев, дар сабқати мансабдорон барои нарму гарм кардани дили раисиҷуҳмур шеваву гуфтори тоза ривоҷ ёфтаанд, мисле ки касе ба онҳо дастур медода бошад: "Фикр мекунам ҳар яки ин мансабдорон, тамаллуқкорони баландмақом, дар худ эҳсоси бесалоҳиятӣ, камбуд ва нуқсон мекунанд ва бо тамаллуқкории худ ин ҳама хатоиҳояшонро мисле, ки пинҳон медоранд. Ҳоло ин кор ба як озмун шабоҳат дорад ва ҳар мансабдоре мекӯшад аз мансабдори дигар дида бештар тамаллуқкорӣ кунад."
Ҷаноби Мамадшоев мегӯяд, дуруст аст, ки рӯшанфикрон гоҳ-гоҳе дар ин бора бо нигаронӣ ва норизоият ҳарф мезананд ва расонаҳо матолибе ба нашр мерасонанд. Аммо ҳарфи онҳо ба эътибор гирифта намешавад. Зеро дар муқобил шабакаҳои телевизиони давлатӣ шабурӯз тамаллуқкориро
тарғиб ва мардумро ба пайравӣ аз ин амал ташвиқ мекунанд. Барои намуна унвони “Ҷаноби Олӣ” он қадар аз тариқи радио ва телевизион ташвиқ шуд, ки билохира ҷойи вазифаи расмии Эмомалӣ Раҳмон, яъне раисҷумҳурро гирифт. Ва ҳангоме ки шоири мумтози тоҷик Мӯъмин Қаноат ин ҳолатро шарҳ дода, онро бар зарари худи раисиҷумҳур номид, нахостанд, андешаи ӯро дуруст бипазиранд.
Дар одоби миллии тоҷикон ва ҳам адабиёти бостонии форсу тоҷик мадҳи зиёда нишонаи дурӣ ва набуди самимият будааст, ҳол он ки ситоишгарон дар гузашта ҳамеша талош мекарданд, Эмомалӣ Раҳмонро "президенти мардумӣ" ва "фарзанди халқ" унвон кунанд.
Аммо Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи ҳуқуқи инсон ва қонунгузорӣ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бархилофи назари Мамадшоев гуфт, ки ҳеҷ гоҳ раиси ҷумҳурӣ ба касе дастур намедиҳад, ки ӯро ситоиш кунанд, баръакс чанд дафъа талош ҳам кард, ки аз ин амалҳо пешгирӣ намояд: "Президенти мамлакат дар бисёре аз маҷлисҳо ҳамон нафаронеро, ки бо таърифу тавсифи ӯ суханронӣ карданӣ мешаванд аз сухангӯӣ манъ карданд. Шояд барои баъзеҳо чунин одат шудааст. Аслан гирем, президенти мо ба чунин таърифу тавсифҳое, ки баъзе шахсон мекунанд, эҳтиёҷ надорад, чунки мардуми мо кӣ будани президенти худро хуб медонад. Ман гумон намекунам, ки ин ҷо кадом дастуре бошад."
Дар воқеъ, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 2000-ум хоҳиш карда буд, ки ӯро "ҷаноби олӣ" нагӯянд. Як-ду сол пеш зидди аксҳояш дар сари роҳи шаҳру ноҳияҳо эътироз намуд, вале баъдан рӯшан шуд, ки манзураш, дар паҳлуи хеш ҷой додани акси раҳбарони маҳаллӣ будааст. Ба ҳар сурат, атрофиён хостаанд, ки раисиҷумҳур мавриди ситоиши мардум қарор бигирад.
Ойниҳол Бобоназарова, яке аз фаъолони саршиноси ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ривоҷи тамаллуқ ва чоплусӣ дар байни мансабдорони тоҷикро ба мавқеъгирии худи нафари баландпоя марбут медонад. Афзун бар ин, мегӯяд хонум Бобоназарова, бо ин роҳ мансабдорон ба пешравӣ ва тараққиёти кишвар низ зарар мерасонанд, чун ба ҷойи ҳалли мушкилот тамаркуз ва таваҷҷӯҳи раисҷумҳурро ба самти дигар мекашанд: "Ин анъанае, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳаст, пеш ҳам буд, аммо на ба ин
дараҷае, ки ҳоло ҳаст. Умуман, як нафарро эълон кардан, ки ту аз ҳама нағзӣ, беҳтаринӣ ин таҳқири дигарон аст. Аз тарафи дигар ман мутмаинам, ки агар нафари баландпоя бигӯяд, ки намехоҳам, нисбати ман чунин гапҳоро бигӯед ва тамаллуқкориро бас кунед, дигар ин корҳо намешавад."
Як шеваи дигари тамаллуқи мақомот, гул пошидан дар қадами раиси ҷумҳур, ки маъмулан дар кишварҳои африқоӣ роиҷ аст, вале ноаён ба фарҳанги навини инстиқбол аз нафари аввали кишвар табдил меёбад. Мақомот аз тамоми усулу шеваҳо истифода мекунанд, ки то нафари аввал заҳмати онҳоро қадр кунад. Ҳарчанд дар ин байн мушкилоти умдаи минтақаҳо пӯшида мемонад.
Ба андешаи Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи «Озодагон» авҷу равнақи тамаллуқ ва тамаллуқпешагӣ дар миёни мансабдорони тоҷик аз низоми мавҷуда маншаъ мегирад. Зеро, меафзояд, ҷаноби Сӯфӣ, ҳатто кӯчактарин тағйир ва тасмим бояд ба раиси ҷумҳурӣ иртибот дода шавад: "Чун тасмими ниҳоӣ аз ҷониби як шахс ҳаст, ба назар мерасад, ки зердастони ин шахс ба ин натиҷа расиданд, ки бояд, ки ба шахси аввал яъне раиси ҷумҳур хушомад гӯянд. Ва ё агар ба мансабе расидаанд, онро ҳифз кунанд. Ба назари ман. як одаме, ки арзандаи як кор аст ва салоҳияти ин корро дорад, дар баробари он босалоҳиятӣ бояд шахсият ҳам бошад. Вақте ки як шахс дар ҳузури ин қадар одам, чун вақте телевизион нишон медиҳад, дар ҳузури тамоми кишвар, ин қадар оҷизона чоплусӣ мекунаду тамаллуқгӯӣ, табиист, ки вай заъф дорад. Агар инсон шахсияти қавӣ бошад, ҳеҷ гоҳ ба худ иҷозат намедиҳад, ки ба ин ҳад шахсияташро пойин оваранд."
Аммо тамаллуқи афзояндаи мансабдорон ба раиси ҷумҳурӣ то куҷо ба обрӯ ва рейтинги президент таъсир хоҳад гузошт? Музаффар Олимов, роҳбари маркази омӯзиши афкори умум мавсум ба «Шарқ» бо такя ба таҷриба ва мушоҳидаҳояш гуфт, ки баръакс чунин тамаллуқкориҳо нуфузи президентро дар ҷомеа коҳиш медиҳад: "Барои мансабдорон ин кор як одат шудааст ва гӯиё агар дар ҳар як ҷумла ду бор «ҷаноби олӣ" нагӯянд, ин чун як таҳқир шинохта мешавад. Аммо дар дохил, дар хориҷа ва барои омма ба назарам, ягон зарра ба манфиати раисиҷумҳур нест."
Бо ин ҳол коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, тамаллуқ ва чоплусӣ дар ҷомеаҳое мисли Тоҷикистон то замоне идома хоҳад кард, ки зимоми давлат ба дасти як нафар барои даҳсолаҳо дода шавад, на як даври муайян ва мушаххас. Зеро таҷрибаи давлатҳои пешрафта собит кардааст, ки раёсати як раҳбар дар як даври мушаххас ӯро бештар ба хизмати мардум ё овоздиҳандаи интихобот ташвиқ мекунад, то ин сиёсатмадор битавонад, дар саҳнаи сиёсӣ пойбарҷо бимонад. Ё дар оянда аз ӯ бо некӣ ва самимият ёд кунанд.
Ҳоло ин кор ба як озмун шабоҳат дорад ва ҳар мансабдоре мекӯшад аз мансабдори дигар дида бештар тамаллуқкорӣ кунад...
Ин ситоишҳо дар ҳаққи раисиҷумҳур дар ҳузури худи ӯ садо доданд ва шояд аз тарафи бисёриҳо ба ҳайси шиорҳое дар фазои идонаи рӯзҳои таҷлил аз истиқлолияти кишвар пазируфта шуданд. Аммо солҳои охир, ба сатҳи бесобиқа расидани мадҳу сано ва ба як бахши лексикони сиёсӣ табдил ёфтани онҳо метавонад, нигарониҳоеро низ ба бор орад. Зеро суханҳои баланд ва сифатҳои мутлақе дар ҳаққи раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта шаванд, ки дигар дар доираи сатҳу марзе набошанд ва бо чунин баландпарвозии хеш аз ҳақиқат дида бештар ба киноя ва истиора шабоҳат пайдо кунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад