Ду созмони дифоъ аз ҳуқуқи журналистон аз раисиҷумҳури Тоҷикистон озодии Маҳмадюсуф Исмоиловро дархост карданд.
Созмони байнулмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” (Reporters Sans Frontieres - RSF) ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостанд, ба сарнавишти журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов, ки аз 23-юми ноябри соли 2010 дар зиндон ба сар мебарад, таваҷҷӯҳ кунад.
Дар изҳороти муштараки ду созмони дифоъ аз ҳуқуқи журналистон, ки дар арафаи Рӯзи байнулмилалии ҳамрайъии журналистон мунташир шуд, гуфта мешавад, хабарнигорон, расонаҳо ва созмонҳои журналистӣ аз озод шудани хабарнигри Би-би-сӣ дар вилояти Суғд, Урунбой Усмонов хушҳоланд ва инро натиҷаи таваҷҷӯҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон шумурда, аз ҷаноби Раҳмон дархост мекунанд, ба мурооти қонун дар нисбати журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов мусоадат намояд.
Ин созмонҳо мегӯянд, парвандаи Исмоилов низ ҳамсони парвандаи Усмонов аст. Вай низ ҳадафи иттиҳомоте қарор ёфтааст, ки далели кофӣ барои тасбит надоранд. Исмоиловро ба ангехтани хусуматҳои динӣ, нажодӣ ва маҳалгароёна, тӯҳмат ва тавҳин айбдор мекунанд. Вале то ҳол дар муҳокимаи парванда ҳеҷ яке аз ин иттиҳомот исбот нашудааст.
Созмони байнулмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон хостаанд, муҳокимаи Маҳмадюсуф Исмоилов на дар Хуҷанд, балки дар шаҳри Душанбе ҷараён гирад ва имкони таъсири мақомоти маҳаллӣ ба додгоҳ аз байн равад.
Раиси созмони байнулмилалии “Хабарнигорони бидуни марз” Жан-Франсуа Ҷуллиард ва раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ба тағйири чораи пешгирӣ аз журналисти солманду бемор, ки зиёда аз меъёр шумурда шудааст, мусоадат кунад. Онҳо изҳори умедворӣ кардаанд, ки раисиҷумҳур ҳамчун кафили ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон ба он мусоадат хоҳад кард, ки бархӯрд ба Исмоилов аз рӯи адолат ва беғаразона сурат гирад.