Даъватҳои ҷаҳонии кӯмак ба беҳдошти кӯдакон

Тоҷикистон аз номгӯи 50 кишваре, ки дар ҳифзи сиҳати атфол аз беҳтаринҳо шумурда мешаванд, берун монд ва ҷои 65-умро гирифт.
Дар арафаи Маҷмаи умумии СММ, ки моҳи равон дар Ню Йорк доир мешавад, созмони байналмилалии Save the Children гузорише нашр намуда, аз раҳбарони давлатҳову ҳукуматҳо хостааст, ки ба қавлашон вафо карда, баҳри беҳбуди низоми ҳифзи тандурустии кӯдакон талоши бештар варзанд.
Раҳбарони олам бояд камбуди ходимони соҳаи беҳдоштро аз байн баранд, зеро камбуди сармоягузории ин соҳа боиси марги инсонҳо мегардад...


Бар пояи ин гузориш вазъи беҳдоштии кӯдакони Тоҷикистон чандон бад набудааст, вале агар мо онро ба вазъи дигар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ муқоиса кунем, Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои охирин аст.

Ба ақидаи созмони байналмилалии мӯътабар дастрасии кӯдакони Тоҷикистон ба доруву дармон ва муолиҷаи муносиб дар байни ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ яке аз бадтаринҳо бошад ҳам, аз мамолики амсоли Белгия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия ва чандин кишвари дигар беҳтар аст.

ШОХИСИ ТАНДУРУСТИИ АТФОЛ

Дар арафаи Маҷмаи умумии СММ созмони байналмилалии Save the Children, ки бахше аз эътилофи 300 созмони ғайридавлатии беҳдоштӣ мебошад, индекс ё худ шохиси дастрасии кӯдакон ба табибону муолиҷаи муносибро нашр намуд, ки дар он кишварҳои Швейтсарияву Финландияи аврупоӣ дар ҷойҳои аввал ва кишварҳои Сомаливу Чади африқоӣ дар ҷойҳои охирин қарор доранд.

Яъне агар дар Швейтсарияву Финландия ба ҳар ҳазор кӯдак 22 табибу ходими соҳаи беҳдошт рост ояд, дар 20 кишвари охири рӯйхат аз ҷумла Сомаливу Чад ҳамагӣ ду табиб ё ходими соҳаи беҳдошт рост меояд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт вазъи низоми беҳдоштии 20 кишвари поёни рӯйхатро, ки Афғонистон ҳам шомили он аст, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ намедонад. Дар ин кишварҳо мизони фавти кӯдакони то панҷсола назар ба кишварҳои дигар то панҷ баробар бештар аст.

Муаллифони гузориш афзоиши шумори занон дар байни ходимони соҳаи беҳдошти Афғонистонро фоли нек меҳисобанд, зеро ба назардошти хусусиятҳои фарҳангӣ занони афғон одатан аз кӯмаки табибони мард истифода намебаранд.

ВАЗЪ ДАР ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон аз миёни 161 кишвар дар ҷои 65 аст, ки шояд дар муқоиса натиҷаи чандон баде ҳам набошад, вале агар мо дар хотир дошта бошем, ки низоми беҳдоштии Шӯравӣ бо ғамхории хосаш ба кӯдакон маъруф буд, метавон гуфт, ки Тоҷикистон бахши бузурги ин меросро аз даст додааст.

Ҷои ёдоварист, ки дар ин рӯйхат Созмони Save the Children Беларусро дар ҷои панҷум ва Узбакистонро дар макони нуҳум дар ҷаҳон қарор дода, аслан тамоми ҷамоҳири собиқ Шӯравиро дар байни 50 кишвари беҳтарин сабт намудааст.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки дар кишвари камбизоати Малавӣ ба шарофати татбиқи як идда барномаҳои байналмилалӣ дар байни солҳои 2004-ум то 2009-ум шумораи ходимони соҳаи беҳдошт беш аз 50 дар сад афзоиш ёфт, ки дар натиҷа ҳаёти камаш 13000 кӯдак наҷот дода шуд.

Дар гузориш на танҳо шумораи ходимони соҳаи беҳдошт, балки ҳамчунин дастрасӣ ба табибону ҳамшираҳои шафқат ва таъсири онҳо низ мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст.

МУШКИЛИ ҶАҲОНӢ

Раиси созмони Бен Филип мегӯяд: “Наҷоти кӯдак ба он вобаста аст, ки ӯ дар кадом гӯшаи дунё таваллуд шудааст. Набояд ягон модар шоҳиди беморӣ ва ё фавти тифлаш аз сабаби нарасидани кӯмаки саривақтии ходимони омӯзонидашудаи тиббӣ гардад. Раҳбарони олам бояд камбуди ходимони соҳаи беҳдоштро аз байн баранд, зеро камбуди сармоягузории ин соҳа боиси марги инсонҳо мегардад. Ҳатто агар кишварҳои қашшоқтарини Африқо ба қавлашон вафо карда, 15 дар сади буҷеташонро барои сармоягузории соҳаи беҳдошт масраф кунанд, пешрафти воқеӣ ҳосил хоҳад шуд.”

Ба қавли муаллифони гузориши созмони Save the Children феълан дар саросари олам камбуди 3,5 миллион табиб, ҳамшираи шафқат, доя ва дигар ходимони соҳаи беҳдошт ба қайд гирифта шудааст ва агар ин камбуд рафъ нашавад, наметавон сари вақт кӯдаконро аз бемориҳо моякӯбӣ намуд, наметавон барои онҳо доруву дармони лозима дастур дод ва ё ба таври ҳирфаӣ ба модарон аснои таваллуди кӯдак кӯмак расонд.

Муаллифони гузориш мегӯянд, бемориҳои шабеҳи варами шуш ва исҳол, ки ба осонӣ табобат мешаванд, дар сурати бетаваҷҷӯҳӣ метавонанд, ҳаёти инсонро аз байн баранд.