Нерӯҳои Шӯрои миллии гузори Либия ҳамлаи густарда ба шаҳри биёбонии Бани Валидрол омода мекунанд.
Ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки гуфтушуниди ҳукумати муваққати Либия
ва раҳбари барканоршудаи ин кишвар Муаммар Қаззофӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ шудааст.
Абдуллоҳ Каншил, раиси ҳайати музокиракунандаи ин шӯро мегӯяд, ки гуфтушунид бо раҳбарони қабилаҳо дар шаҳри биёбонии Бани Валид рӯзи якшанбе хотима ёфт ва дигар аз сар гирифта намешавад: “Ҳоло чизе барои пешниҳод надорам, умедворам, ки размандагони Қаззофӣ ба зудӣ ин маконро тарк хоҳанд кард.”
Журналист: “Яъне музокира хотима ёфт?”
Каншил: “Бале, аз ҷониби ман хотима ёфт.”
Ҳазорон нафар аз ҷангиёни зидди Қаззофӣ атрофи шаҳри Бани Валидро муҳосира кардаанд, ки бовар меравад, ҳадди аққал як писари раҳбари собиқи Либия ин ҷо паноҳ мебарад. Ин шаҳр дар ҷанубушарқи Троблус ё Триполӣ ҷойгир аст.
Бино бар иттилои ахир, нирӯҳои шӯришиён дар 15-километрии Бани Валид мустақар
шуда, маркази шаҳрро мавриди тирборони шадид қарор доданд. Сокинони мулкӣ, ки Бани Валидро тарк мекунанд, иддао доранд, ки аксари нирӯҳои вафодор ба Қаззофӣ шаҳрро тарк карда, силоҳҳои сангинро ҳамроҳ бо худ бурдаанд. Вале ин гузоришҳоро ба таври мустақил намешавад тасдиқ кард.
Бани Валид маҳалли зисти яке аз серҷамъияттарин қабилаҳои Либия – қабилаи варфала аст, ки дар миёнашон ҷангиёни тарафдори Қаззофӣ зиёд аст.
Каншил мегӯяд, ки бовар мерафт, худи Қаззофиву аксари аъзои хонаводаи ӯ дар Бани Валид панаҳ бурда буданд, вале бештар аз ин чизе нагуфт.
Музокироти намояндагони ҳукумати муваққат бо раҳбарони қабилаи варфала ба хотири хатми муқовиматҳо бидуни хушунату хунрезӣ роҳандозӣ шуд, вале тавре сухангӯи Қаззофӣ -- Мӯсо Иброҳим гуфт, раҳбарони қабилаҳо дар Бани Валид ҳеҷ гоҳ таслим нахоҳанд шуд: “Мехоҳам, шуморо мутақоид кунам, ки Бани Валид маҳалли зисти яке аз қабилаҳои
бузургтарини Либия аст, ки садоқати худро ба раҳбар баён кардааст. Аз ин хотир, онҳо ҳама талошҳо барои музокира бо шӯрои гузорро рад мекунанд. Пайғомҳои шӯрои гузор ба Бани Валид нарасиданд.”
Ба гуфтаи Аҳмад Банӣ, сухангӯи низомии Шӯрои милии гузори Либия, ба назар мерасад, ки ҳоло ҷангҳои калони Бани Валид дар пеш аст.
Дар ҳамин ҳол, яке аз писарҳои Муаммар Қаззофӣ худро як шахсияти бетараф эълон карда гуфтааст, ки омодааст, ба музокироти оташбас мусоадат кунад. Саъдӣ Қаззофӣ иддао кардааст, музокирот бо сабаби лаҳни шадиди бародараш Сайф-ул-Ислом дар рӯзҳои истироҳати гузашта шикаст хӯрд, ки ҳамроҳ бо падараш аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ дар ҷиноят алайҳи башарият дар давоми шаш моҳи мухолифатҳои низомии зидди ҳукумати Либия айбдор мешавад.