Агар ёрӣ накунем, ин ҷавони 18-сола мефавтад

Мақсуд Тӯраев, 18-сола, шаҳри Душанбе

Дар рӯзи иди нозанини Рамазон ин номаи дилхункунанда ба мо расид, ки бо нашраш ҳамаи хонандагони азизро ба ҳамёрӣ ва раҳму саховат даъват мекунем. Номаро як падаре навиштааст, ки дар баробари сарнавишт ва тангдастӣ беилоҷ мондааст.
“Писари ман 18-сола шуд. Аз сад гулаш яке ҳам нашукуфтааст. Ташнаи зиндагист, вале бо чашмони чору дили зор, чунки медонад, аз умраш мӯҳлати каме мондааст.

Ман падарам. Ман месӯзаму метапам ва аз худам шармам меояду бадам меояд, ки наметавонам, ба ӯ мадад кунам. Тавре мадад кунам, ки наҷоташ диҳам. Агар ҷони ман ӯро наҷот медод, ҳамин лаҳза омодаам ин ҷонро бидиҳаму бигзорам, ки ӯ зинда монад, зиндагӣ кунад.

Мақсуди ширини ман, ки мақсуди ҳаёти ман аст, мубталои бемории «норасоии музмии гурдаҳост», ки дар илми тиб бо номи ХПН маълум аст.

Тайи чанд соли охир дору надорамро барои табобати ҷигаргӯшаам сарф кардам. Ӯро ҳатто ба беҳтарин бемористонҳои Маскав бурдам. Машаққатҳои ман беҳуда набуд. Вай хеле ба худ омад, аз варта раҳоӣ ёфт, ҷон гирифт, аммо вақте ки акнун ба марҳалаи асосии наҷоти ӯ расидем, тамоми захираҳоямон ба поён расид. Ҳоло зарур аст, ки ӯ мунтазам аз чораи гемодиалез истифода кунад. Азбакси дар ҳолати сангин мондем, ман ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон муроҷиат кардам. Хушбахтона, сарвари давлатамон ба мо кӯмак карданд ва қариб 20 мартаба ба писари ман ба таври ройгон гемодиалез гузаронида шуд.

Ҳоло пизишкон мегӯянд, ин равандро бояд давом дод ва ба ҷарроҳӣ омода шуд, то лоақал як гурдаи Мақсудҷони ширини ман иваз карда шавад. Аммо оилаи мо дигар маблағе надорад, ҳол он ки духтурон мегӯянд, барои ҷарроҳӣ бояд таги 20 000 доллари амрикоӣ омода кунам. Аммо аз куҷо вақте ки ман ҳатто пули давом додани гемодиалезро дода наметавонам, чунки надорам. Ман маҷбур шудам лавозими хитойиро харида, диалез кунам. Ман боз се фарзанди дигар дорам ва аз ҳаққи онҳову худам бурида, ба ин кор сарф мекунам. Шукри Худованди бузург фарзандони дигарам тоқат мекунанд, розиянд, ки мо тамоми чизеро, ки дорем барои Мақсуд сарф кунем.

Бо машваратти дӯстонам ва тасмими худам, ки аз соли 1990 шунавандаи доимии Радиои Озодӣ ҳастам, тасмим гирифтам ба кормандони азизи ин расона ва ба воситаи онҳо ба садҳо ҳазор шунавандаву хонандагони ин расона муроҷиат кунам.

Пеши ҳар яки Шумо сари таъзим меорам ва ба монанди як бародаратон аз Шумо хоҳишу илтиҷо мекунам, маро бо ин мусибате, ки ба сарам афтодааст, танҳо нагузоред. Намонед, ки ман бо чашмони худам чӣ хел рӯз ба рӯз монанди шамъ об шудани писаракамро бинам. Дасти маро гиред, дар паҳлуи ман истед ва ҳама якҷоя нагузорем, ки ин ҷавони 18-сола дунёро надида, аз ҷаҳон чашм пӯшад. Илтиҷо мекунам, илтиҷои як падарро шунавед. Ман бовар дорам, ки дар байни хонандагони Шумо одамони саховатманд ва меҳрубону дасткушоду соҳибдил зиёданду ба ман кӯмак мекунанд.

Пеш аз пеш аз ҳамаи онҳо сипосгузорам.
Бо камоли эҳтиром
Падари Мақсуд – Тураев Мирзо
шаҳри Душанбе, кӯчаи Севастополская 8, ҳуҷраи 18

Телефон: 93 410 0872; 918 985030
Суратҳисоб дар Бонки Рушди Тоҷикистон

Бо доллари ИМА
Beneficiary: Turaev Mirzohodzha
Account: 20218840730014000000
Bank beneficiary: CJSC: “Bonki rushdi Tojikiston” Tajikistan, Dushanbe
SWIFT: BRTAT J22
Bank correspondent CB” Eurotrust” CJSC Moscow
SWIFT: CEURRUMM USD 30111840700000000389

Bank –Correspondent-correspondent:
Acc № 70-55.045.413/001 with Raiffeisen Zentralbank Oestrich AG
A-1030, Veinne, Austria SWIFT:
RZBAATWW via their acc № 10920871 with Citibank, N.Y., USA, SWIFT: CITIUS33

Бо сомонӣ
Тураев Мирзоходжа Бобоевич
Номер счет получателя № 20216972030008000000
ИНН 045373154
БИК 350101736
Номер корр. Счета 20402972617361