Ошӯбгарон пешрафт дар самти яке аз охирин истеҳкомҳои сарбозони содиқ ба раҳбари Либияро идома медиҳанд.
Рӯзи душанбе ошӯбгарони либӣ ба шаҳри Сирт - зодгоҳи Муаммар Қаззофӣ аз шарқу ғарб наздик шуданд. Коршиносон ишғоли Сиртро нуқтаи охирин барои тасарруфи комили кишвар унвон медиҳанд.
Пас аз ишғоли пойтахти Либия аз ҷониби ошӯбгарон нерӯҳои содиқ ба Муаммар Қаззофӣ ба Сирт ақибнишинӣ намуданд. Бархӯрди пароканда дар шаҳри ҷанубу ғарбии Зувара низ ҷой доштааст.
Муҳаммад ал-Фортия, раҳбари ошӯбгарони Мисрота мегӯяд, нерӯҳои ӯ дар 30-километрии ғарби Сирт камин гирифтаанд. Ӯ меафояд, ошӯбгарон аз шарқ низ ба Сирт наздик шуда, тахминан дар 100-километрии зодгоҳи Қаззофӣ минтақаи Бин Ҷаводро ишғол кардаанд.
То ҳол макони будубоши Қаззофӣ маълум нашудааст. Овозаҳо зиёданд, ки ӯ дар қабилаҳои гирду атрофи Сирт паноҳгоҳ ёфтааст. Ҳафтаи гузашта ҳамзамон бо пешрафти мухолифин пайравони Қаззофӣ ба Сирт ақибнишинӣ карданд ва ҳоло нерӯи зиёде дар ин шаҳр ва канораҳои он ҷамъ шудааст. Ал-Фортия мегӯяд, ошӯбгарон бо пирони қабилаҳо шароити "таслимшавии осоишта"-ро арзёбӣ мекунанд. Вале ӯ илова кард, ки музокирот то абад идома нахоҳад кард.
Маҳмуд Шаммом сухангӯи Шӯрои миллии давраи гузариш гуфт, ки ошӯбгарон саъй доранд, Либияро зери як парчам муттаҳид кунанд. Рӯзҳои ахир ҳавопаймоҳои паймони НАТО шаҳри Сиртро бомбборон карда, камаш 50 василаи нақлия, ду паноҳгоҳи низомӣ, посгоҳ ва як пойгоҳи муҳандисони низомиро тахриб намуданд.
Дар ин байн пас аз беруншавии нерӯҳои тарафдор аз Қаззофӣ рӯзноманингорон ва ҳомиёни ҳуқуқи башар шаҳодати зиёди кушторҳои худсаронаи мухолифини режими Қаззофиро ошкор кардаанд. Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар - Ҳуман Райтс Воч мегӯяд, шаҳодати ёфтшуда аз он далолат мекунад, ки дар тӯли шаш моҳи ахир ва ба вижа қабл аз тарки Тробулс дар ҳафтаи гузашта нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ шумори зиёди мухолифинро ба қатл расондаанд.
Дар шаҳри Бенғозӣ сухангӯи низомии ошӯбгарон Аҳмад Умар Банӣ гуфт, ки рӯзҳои ахир тахминан 10 ҳазор бандӣ аз зиндонҳои Қаззофӣ раҳо шуданд, вале ҳанӯз ҳам сарнавишти 50 ҳазор бандии дигар маълум нашудааст. Банӣ хавф дорад, ки шумори зиёди онҳо кушта шудаанд ва ё дар маҳбасҳои зеризаминӣ мунтазири кӯмак мебошанд.
Вазири адлияи ҳукумати муваққати ошӯбгарон Муҳаммад ал-Алақӣ ваъда дод, ки тамоми ҷиноятҳо мавриди тафтиш қарор гирифта, масъулон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳамчуноне ки ал-Алақӣ иброз дошт, Либия масъули бомбгузории ҳавопаймои амрикоӣ дар Локербии Шотландияро ба кишваре истирдод нахоҳад кард.
Абдулбасит ал-Миқроҳӣ бо ҷурми сарпарастии бомбгузории ин ҳавопаймо, ки боиси марги 270 сарнишини он шуда буд, ҳашт солро дар зиндони шотландӣ сипарӣ кардааст.
Соли 2009 табибон бо ишора ба бемории саратон ва эҳтимоли марги зудрас ал-Миқроҳиро аз зиндон озод карда буданд. Акнун хешовандони қурбониҳои Локербӣ муҳокимаи ал-Миқроҳӣ дар ИМА-ро талаб кардаанд. Вале ал-Алақӣ мегӯяд: “Мо ягон шаҳрванди либиро ба ғарб таслим намекунем. Ал-Миқроҳӣ як бор муҳокима шуда буд ва бо ҳамин халос.”
Рӯзи якшанбе Ҷомеа ё худ Лигаи кишварҳои Араб аз Шӯрои Амнияти СММ даъват кард, ки миллиардҳо доллар дороии Либияро аз ҳабс озод кунад, то ин маблағҳо барои эҳёи хадамоти асосии шаҳри Троблус масраф шаванд.
Тибқи иттилои мақомоти муваққати Либия феълан 70 дарсади хонаҳои пойтахти Либия аз обу барқ маҳрум мебошанд. Бар асари бархӯрдҳои рӯзҳои ахир ва камбудҳои фаннӣ шабакаҳои обу барқрасон тахрибу шудаанд ва ҳоло обро бо мошинҳо дар наздикиҳои масҷидҳо ба мардум тақдим мекунанд.
Тибқи иттилои мақомоти муваққати Либия феълан 70 дарсади хонаҳои пойтахти ин кишвар аз обу барқ маҳрум мебошанд...