Қадами нави “Мегафон” дар бозори телефонҳои ҳамроҳ

Муаррифии хадамоти ширкати "МЛТ" дар Душанбе.

Рақобат дар бозори ширкатҳои телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистона шиддати бештар пайдо мекунад.
Ҷамъияти саҳҳомии “ТТ-мобайл”, ки таҳти тамғаи «Мегафон-Тоҷикистон” дар кишвар фаъолият дорад, мегӯяд, ба хотири васеъ кардани бозори худ, дар навоҳии мухталифи Тоҷикистон 7 маркази нави боз кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар гузаштаи начандон дур, ин ширкат бо номи “МЛТ” фаъолият мекард ва дар бозори пуррақобати ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳ ҷойи пой наёфта буд. Аммо талоши нави он зоҳиран ширкатҳои дигарро низ барои ҳифзи саҳми худ дар бозор ба ҷунбиш овардааст.

Ба гуфтаи масъулони ширкати “Мегафон-Тоҷикистон”, ки дар ҳамкорӣ бо Русия фаъолият дорад, ҳоло имкониятҳои васеъи молӣ ва таҷҳизоти навтарин ба ин ширкат имкон додааст, дили муштариёни бештарро дар Тоҷикистон ба даст биёрад. Кармен Веткеева, яке аз масъулони ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Мо дар ин марказҳое ки тоза таъсис додем,хидматрасониро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаем. То охири соли равон боз 50 маркази нав дар дигар навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла як қатор ноҳияҳои вилояти Суғду Хатлон хоҳем кушод. Дар маҷмӯъ истгоҳҳо ва марказҳои мо дар Тоҷикистон аз 500-то зиёданд. Як бартарии кори мо дар он аст, талош дорем дар дурдасттарин нуқоти Тоҷикистон истгоҳҳову марказҳои худро дошта бошем.»

Дар ҳамин ҳол Наврӯз, сокини Душанбе ва яке аз муштариёни “Мегафон-Тоҷикистон” ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло сатҳи хидмати “Мегафон Тоҷикистон” назар ба ду сол пеш ба маротиб беҳтар шудааст.

«Ба ман маъқул аст, ки хидматаш арзонтар аст. Дар куҷое, ки равӣ мегирад ва сӯҳбат мекунӣ. Ҳарчанд баъзан гум мешавад мавҷаш, лекин беҳтар шудааст ҳоло. Хайр аз ҳама беҳтаринаш ҳоло “Вавилон-мобайл” аст дар Тоҷикистони мо. Лекин қиматар, ки ҳаст, масалан, ман наметавонам аз он истифода барам.»

Ширкати “Мегафон-Тоҷикистон” дар ҳоле талошҳои нав аз худ нишон медиҳад, ки бузургтарин ширкати Тоҷикистон “Вавилон-мобайл” барномаҳои тозаву арзони худро ба муштариёнаш пешкаш кард. Беҳрӯз Файзуллоев, яке аз масъулони ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, интернети баландсуръат яке аз бартариҳои “Вавилон-мобайл” мебошад ва ширкат ин бартариро мехоҳад то охир истифода кунад:

«Қарор аст, то охири соли равон истгоҳҳои асосии худро дар пойтахт ва маркази вилоятҳо бозсозӣ кунем, то тавониста бошем, тамоми муштариёни худро аз суръати баландтарин ва босифаттарини интернет таъмин кунем ва боз чанд намуди нави дигари хидматро ба аҳолӣ пешкаш намоем.»

Ҷаноби Файзуллоев мӯҳтавои ин хадамотро ифшо накард. Тайи як даҳсола “Вавилон-мобайл” дар Тоҷикистон 2 миллион муштарӣ пайдо кардааст ва аз ширкатҳои муваффақ ба шумор меравад.

Куллан, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 11 ширкати мобилӣ иҷозаи фаъолиятро дорад. Вале аз ин миён танҳо 6 ширкат, аз ҷумла “Вавилон-мобайл”, “ТТ-мобайл”, “ТСЕЛЛ”, Билайн ва ғайра амал мекунанд. Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди нашри бархе аз маълумот бозори ширкатҳои мобилӣ шаффоф нест ва ба эҳтимоли қавӣ олуда ба фасод аст.