Инфиҷор бинои СММ-ро дар Нигерия такон дод

Дар Абуҷа-пойтахти Нигерия дар бинои намояндагии СММ инфиҷоре рух додааст. Сухангӯи СММ дар Женева бо такя ба хабарҳои мавҷуда гуфтааст, дар бино баме мунфаҷир шудааст. Дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса ва талафоти имкондошта чизе гуфта намешавад.