Наздикони Ашӯров хостори мусоидати ҳукумати Тоҷикистон ба раҳоии вай аз маҳбаси Узбакистонанд.
Шаҳрванди Тоҷикистон, муҳандиси ширкати бритоиёии "Оксус Голд" Сайидқул Ашӯров, дар Узбакистон бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Тоҷикистон аз тарафи Додгоҳи низомии Узбакистон ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Ин дар ҳолест, ки сарони ширкати бритониёӣ аз ҳабс ва муҳокимаи Ашӯров эътирози шадид баён карданд.
Муродой ва Барно Ашӯрова, ду тан аз хоҳарони Сайидқул Ашӯров ҳамроҳ бо Ҳамид Рустамов, бародарзодаи Саидқул ба дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе омада ва нигаронии худро аз амалкарди додгоҳи низомии Узбакистон изҳор доштанд.
Муродой, хоҳарбузурги Сайидқул гуфт, «мо аз ин вазъ хеле нигаронем. Чун бародари мо Сайидқул як шахси поквиҷдон, росткор ва меҳнатдӯст аст. Вай ҳеҷ гоҳ дар ин фикр набуд ва чунин кореро накардааст. Чун вай падари се фарзанди ноболиғ аст ва ҳеҷ гоҳ дар фикри кори бад набуд».
Хонум Муродой аз номи модари 85-солаи Сайидқул ба ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда ва гуфт, ки «илтимос мекунам, ки ба бародари ман кӯмак расонда шавад, то вай аз зиндон озод шавад».
Барно Ашӯрова, хоҳарбузурги дигари Сайидқул мегӯяд, «ҳеҷ бовар надоштам, ки бародарам ба ин ҳол гирифтор мешавад. Чун ақли кас намегирад, ки Сайидқул кори баде карда бошад. Ин нодуруст аст».
Ин дар ҳолест, ки Ҳамид Рустамов, бародарзодаи Сайидқул гуфт, «Сайидқул Ашӯров мутахассиси ботаҷриба аст. Вай хатмкардаи Донишгоҳи металлҳои рангаи шаҳри Маскав аст, аммо дар корхонаҳои дохил ва хориҷ кор кардааст. Чанд сол дар корхонаи муштараки тавлиди тиллои «Зарафшон" дар шимоли Тоҷикистон кор кард ва баъдан ба давлати Малии Африқо рафт он ҷо кор кард ва охирон ҷойи кораш бо қарордоди меҳнатӣ дар шаҳри Зарафшони вилояти Навоии Узбакистон аст, ки дар корхонаи муштараки Бритония ва Узбакистон дар заминаи тавлиди тило фаъолият дошт».
Ҷаноби Рустамов, сабаби ба Узбакистон омадану фаъолияти меҳнатиашро дар кишвари ҳамсоя идома додани Сайидқулро дар наздик будани ба ватанаш — Тоҷикистон медонад ва афзуд, ки Сайидқул аз ин тариқ мехост то зуд зуд ба дидори хонавода, пайвандон ва ба хусус модари пираш бирасад.
Ҳамакнун пайвандони Сайидқул умедворанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати озод шудани бародарашон кӯмаки худро дареғ нахоҳанд дошт. Ин аст, ки онҳо бо номаи расмӣ унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва порлумони Тоҷикистон муроҷиат хоҳанд кард.
Додгоҳи низомии Узбакистон Саидқул Ашӯров, шаҳрванди Тоҷикистонро ба таърихи 10 август бо гуноҳи ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум кард. Сокини 46-солаи шаҳри Панҷакент ва муҳандиси ширкати “Оксус Голд”-и Бритониёро рӯзи 5-уми март имсол, мақомоти Узбакистон зимни вурудаш аз Тоҷикистон ба он кишвар боздошт карданд.
Ба гуфтаи маъмурони амнияти Узбакистон, аз Саидқул Ашӯров флешдиске гирифтаанд, ки дар он иттилооти махфӣ дар бораи захираҳои тиллои минтақаи Амантантауи Узбакистон ҳифз шудааст. Аммо Сӯҳроб Исмоилов, яке аз мушовирони “Оксус Голд” мегӯяд, ин иттилоъот махфӣ нест ва дар интернет низ дастрас аст.