СССР. Шикастани инсони норозӣ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳақталошии шаҳрванд Абдулло Мирбобоев дар соли 1983 як гӯшаи Душанберо ба майдони тирандозӣ ва набард табдил дод. Бар асари ин даргирӣ, ки даҳҳо корманди милиса ва ду зиреҳпӯши ҳарбӣ ба зидди як нафар сафарбар гардид, як милиса ва яке аз писарҳои Мирбобоев кушта ва чандин тан захмӣ шуданд.