Фарзонаи Хуршед: "Ба қадри озодӣ хоҳам расид"

Фарзонаи Хуршед пас аз раҳоӣ аз зиндон

Бино бар Қонуни афви Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта имзо шуд, Фарзона дар сафи аввалинҳо аз маҳбас озод шуд.
Ҳамроҳи ӯ 111 зани дигар, ки 14 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ будаанд, низ аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак берун омаданд. Аз ин ҳисоб чаҳор зан бо тифлони худ раҳо шуданд.

Аксари ин бонувон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва дуздӣ ҳукми зиндон гирифта буданд.

САДОИ ФАРЗОНАРО БИШНАВЕД:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фарзонаи Хуршед: "Фикр мекунам, аз нав ба дунё омадам"



Ҳоло чаҳор зани узбакистонӣ, ки ба озодӣ баромадаанд, нияти бозгашт ба кишвари худро надоранд, балки мехоҳанд дар Тоҷикистон иқомат бикунанд.

Фарзонаи Хуршед пас аз раҳоияш бо хабарнигорон сӯҳбати кӯтоҳе анҷом дода ва аз озод шуданаш изҳори хушҳолӣ кардаву гуфтааст, ки "аз ин ба баъд ба қадри озодӣ хоҳад расид". Вай гуфтааст, ҳарчӣ зуд бояд ба назди модараш - Сурайёи Қосим биравад.

Овозхони ҷавон тоҷик, Фарзонаи Хуршед, рӯзи 23-юми феврали соли гузашта бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд.

Раҳоии Фарзона аз зиндон



Додгоҳ ӯро тибқи моддаи 36-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне шарикӣ дар ҷиноят айбдор донист. Масъулони додгоҳ мегӯянд, Фарзонаи Хуршед мехост ба фирори Фаррух Рӯзиев, ки дӯстписараш муаррифӣ мешавад, аз толори додгоҳ кӯмак кунад.

Фарзонаи Хуршед духтари ҳунарманди маъруфи тоҷик, Сурайёи Қосим ва хоҳари хурдии Шабнами Сурайё, яке дигар аз чеҳраҳои шинохта дар олами мусиқии поп мебошад, ки ҳанӯз дар хурдсолӣ вориди саҳнаи эстрадии Тоҷикистон шуд ва бо таронаҳои "Модар", "Ҷӯраҷон, хона биё" ва "Эй, ошиқони бедил" дар миёни ҷавонон шӯҳрат пайдо кард.

Навори видео: 18 моҳ пеш. Вақте Фарзонаро ба зиндон ҳукм карданд...

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи Фарзона