Алайҳи 22 ҷавоне, ки аз мадориси динии кишварҳои исломӣ бозгаштаанд, 13 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тайи як соли ахир наздик ба 900 наврасу ҷавони хатлонӣ, ки дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд ва аз роҳҳои мухталиф ба о ҷо роҳ ёфта буданд, дубора ба ватан бозпас оварда
шуданд.
Талошҳо барои бозпас овардани муҳассилон аз хориҷи кишвар баъд аз он сурат гирифт, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон аз хатарҳои эҳтимолии таҳсилоти ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои ғайрирасмии хориҷӣ ҳушдор дода буд.
То ин замон додгоҳе дар Хатлон толибилмони бозгашта ба зодгоҳҳои худро дар ҷиноёти экстремистию террористӣ муҷрим нашинохтааст. Вале, ба иддаои мақомоти додситонии вилояти Хатлон, 22 нафар аз муҳассилони баргашта аз хориҷи кишвар, дар Тоҷикистон даст ба ҷиноёти экстремистию зиёдаравӣ задаанд.
Ба гуфтаи Толибҷон Азимов, ёвари аршади додситони минтақа, иллати аслии ба ҷиноёт даст задани ҷавонони мазкур бекории онҳо ва каммасъулиятии бархе мақомот барои назорати будубош ва ҳамкорӣ бо ҷавонони бозгашта будааст.
"Аз тарафи мақомот барои ҷилавгирӣ намудан аз ҳолатҳои ба ягон гурӯҳи экстремистӣ шомил набудани толибилмони баргашта, ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул нагаштани онҳо, набурдани ташвиқоти ҷараёни мазҳабии барои Ислом бегона, паҳн накардани адабиёт ва маводи аудио-видеоӣ корҳои фаврӣ гузаронида шуда истода бошад ҳам, аммо ин корҳо дар айни ҳол натиҷаи кам медиҳанд. Ҳол он ки корҳои фаврӣ собит кардааст, ки бархе аз чунин шаҳрвандон дар рафти гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ аз тарафи зархаридони ташкилоти террористӣ-экстремистӣ барои шомил гаштани онҳо ба узвияти ин созмонҳои аз ҷониби Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияташон манъшуда ташвиқоти гуногун бурдаанд",-афзуд ӯ.
Ҷаноби Азимов афзуд, бо ин ҳам, ҳанӯз фаъолияти шуморе дигар аз пайравони гурӯҳҳои созмонёфта дар қаламрави Хатлон, ки муҳассилони собиқи мадрасаҳои хориҷӣ будаанд, ба мушоҳида расида, ниҳодҳои қудратию амниятии маҳаллӣ барои таҳқиқи фаъолият ва боздошти онҳо табдир меандешанд.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ба сабаби бекорӣ дар ватан, 225 толибилми бозгашта ба Хатлон, дубора бо баҳонаи муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар карда, ҳоло мушаххас нест, ки онҳо дар куҷо ва ба чӣ корҳо машғуланд.
Додситонӣ иддао дорад, толибилмоне, ки нисбаташон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст, ғолибан аз хонаводаҳои нодору ниёзманд будаанд. Онҳое, ки имкони молии таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро надоранд ё ҷавонону наврасон аз хонаводаҳои диндору фарзандони уламои дин ва фирефтагони гурӯҳу созмонҳои ғайрирасмии ифротгаро.
Бархе мақомоти маҳаллӣ созмону ҷараёнҳои мамнӯи Салафия, "Ҷамоати таблиғ" ва шабакаҳои байналмилалии террористӣ, аз ҷумла Ал-Қоида ва Ҳаракати исломии Узбакистонро дар ҷалби кӯдакону наврасон ва ҷавонони хатлонӣ ба таълимоти зоҳиран мазҳабӣ дар дохили кишвар ва аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба хориҷа сафарбар кардани онҳо муттаҳам мекунанд.
Вале коршиноси маҳаллӣ Муҳаммадиқболи Имомиддин мегӯяд, ҷалби шумораи зиёди ноболиғон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва тамринҳои густурдаи ҷангҷӯиву ғайриисломӣ дидани онҳо дар навоҳии Хатлон ғайривоқеӣ ба назар мерасад.
Ӯ афзуд: "Баръакс, яке аз роҳҳои аз дигар корҳои ношоиста ва ғайриқонунӣ эмин нигоҳ доштани ҷавонону наврасон бо кори доимӣ таъмин кардани онҳо ва низ фароҳам овардани шароит барои гирифтани таълимоти динӣ дар зодгоҳҳои худи онҳо мебошад. Албатта, бархе муллоҳои мо донишҳои хубу кофӣ надоранд ва бинобар ин, мушкилот пеш меояд ва ба даъвоҳои алайҳи кору фаъолияташон посухи шоста дода наметавонанд."
Аҳмад, муҳассили собиқи мадрасаи исломие дар Покистон, ки ба шаҳри Қӯрғонтеппа баргаштааст, мегӯяд, даъвоҳо бар сари ин ки шогирдони мадрасаҳои хориҷӣ метавонанд ба амнияти ватани худ хатарзо бошанд, дур аз воқеият аст: "Масалан, он ҷо ки ман таҳсили илм мекардам, ангезаҳои ҷиҳодӣ ё дигар фаъолиятҳои ғайриисломию ҷангҷӯиро умуман дарс намедоданд. Фақат дарсҳои мувофиқ ба дину мазҳаби Ҳанафия ва дигар рукнҳои дини мубини Исломро меомӯхтем."
Ба тахмини ӯ, ҳадафи аслӣ аз ифтитоҳи парвандаҳо алайҳи чанде аз ҷавонони бозгашта аз мадрасаҳои хориҷӣ, ки дар зиёдаравию ифротгароӣ муттаҳам мешаванд, тарс додани ҷавонони дигар аст, то аз таълимоти мазҳабӣ даст бикашанд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки боз намудани парвандаҳо нисбат ба толибилмони собиқи мадрасаҳои хориҷӣ тарсу нигарониҳо ва эътирозҳои ҷавонони маҳаллиро метавонад ба бор оварад.
Ба бовари аҳли назар, агар ин амалкардҳои мақомот ба тамоюл бадал шавад, имкон дорад, беш аз 100 толибилми дигар (ки ҳанӯз дар хориҷа таҳсил мекунанд ва ба иддаои мақомоти Хатлон, аз роҳҳои ғайрирасмӣ ба мадрасаҳои хориҷӣ рафтаанд) барнагарданд ва садҳо ҷавони аллакай ба зодгоҳҳои худ бозомада, ба хотири таъмини амнияти худ, дубора тарки кишвар кунанд.
Ба сабаби бекорӣ дар ватан, 225 толибилми бозгашта ба Хатлон, дубора бо баҳонаи муҳоҷирати корӣ ба Русия сафар карда, ҳоло мушаххас нест, ки онҳо дар куҷо ва ба чӣ корҳо машғуланд...