Вокуниши мақомот ва коршиносон ба гузориши Бахши мубориза бо терроризми Вазорати умури хориҷии Амрико.
Нуктае, ки дар гузориши Бахши мубориза бо терроризими Вазорати умури хориҷии ИМА таваҷҷӯҳи масъулон ва таҳлилгарони тоҷикро ҷалб кардааст, ин аст, ки "ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз мубориза бо терроризм на танҳо террористон, балки мухолифини сиёсиро низ мавриди таъқиб қарор додааст."
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумуҳри Тоҷикистон, чунин баҳогузориро нодуруст мепиндорад.
Ӯ мегӯяд: "Ин баҳоро нодуруст мешуморам. Чун террористон ин мухолифони сиёсии мо нестанд, балки онҳо террористони байналмилалӣ ҳастанд. Худи амрикоиҳо низ барои аз байн бурдани террористон алоқаманданд. Чун мо бо Амрико дар масъалаи мубориза бо терроризм ҳампаймонем ва ин дуро набояд як чиз пиношт. Дар мавриди мухолифони сиёсӣ муносибат бо онҳо душманона нест, балки дар сатҳҳои мухталиф муколамаи сиёсӣ вуҷуд дорад. Ба андешаҳои онҳо ҷавоб мегуем, диалоги сиёсӣ вуҷуд дорад, вале ҳеҷ гоҳ ҳукумати Тоҷикистон ё ин ки намояндагони идораҳои давлатӣ нисбати ин гуна шахсон ғаразу душмание надоранд."
Ҷаноби Сафаров иқдоми ахири президенти Тоҷикистон дар мавриди бо медалҳои ҷашнӣ ба муносибати 20-солагии истиқлоли ин кишвар сарфароз гардондани мухолифони сиёсиро аз намунаҳои беҳтарини муколама ва ҳамкории созанда бо мухолифони давлат унвон кард.
Аммо Парвиз Муллоҷонов ба ин назар аст, ки на танҳо Тоҷикистон, балки кулли кишварҳои минтақа барои бароварда кардани ҳадафҳои худ дар заминаи саркӯбии мухолифону ифротгароён аз терроризм сӯистифода мекунанд.
"Албатта, ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ дар умум аз вазъияти сиёсии минтақа ҳамеша истифода мекарданд ва хоҳанд кард. Чунки кӯшиш мекунанд, ки дар назари созмонҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун ҳимоятгари суботу монеи таъсири ҳаракатҳои радикал ва бунёдгаро дар минтақа бошанд",-афзуд ӯ.
Нигаронии амиқе, ки дар фароварди гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида сурат гирифтааст, ин аст, ки аксари иқдомҳои зиддиифротиву зиддиэкстремистии давлати Тоҷикистон боиси маҳдуд шудани тоату ибодат дар ин кишвар шудааст. Аз ҷумла ташаббуси манъи ҳиҷоб дар мактабҳо ва тасвиби қонуне, ки намозгузории наврасон дар масҷидҳоро манъ мекунад.
Ба ақидаи муаллифони гузориш, натиҷаи ниҳоии ин иқдомҳои ҳукумат на маҳдуд кардани ифроту хушунати экстремистон, балки афзоиши фишори умумӣ рӯи пайравони дини Ислом будааст.
Мухтор Мавлонов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, вуҷуди чунин маҳдудиятҳоро рад кард ва гуфт: "Ягон хел маҳдудият нест. Ин ҳарфҳо нодуруст аст. Баръакс имкониятҳоро фароҳам карда истодаем. Теъдоди масҷидҳоро зиёд карда истодаем, теъдоди мадрасаҳо, гурӯҳҳои таълимӣ зиёд шуда истодааст, теъдоди донишҷӯён дар Донигоҳи исломӣ афзуда истодааст. Чӣ гуна маҳдудият? Аз сӯи дигар, китоби Қуръони азиммушаън бо забони тоҷикӣ тарҷума ва бо хатти кириллӣ чоп шуд."
Ин дар ҳолест, ки Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ва вакили порлумон, мегӯяд, дар пайи иқдомҳои давлат на танҳо ҳуқуқи мусулмонон, ҳатто озодиҳои мазҳабии намояндагони адёни дигар низ то ҷое маҳдуд шудааст. Вай афзуд: "Фишор овардан болои озодиҳои динӣ хеле зиёд эҳсос мешавад. Дар суханроние, ки дар порлумон доштам, таъкид кардам, ки на танҳо озодиҳои динии мардуми мусулмон, ҳатто ғайримусeлмон низ маҳдуд шудааст."
Мунтақидону мухолифон, қабули қонуни нави "Масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон" ва мавриди амал қарор гирифтани он дар моҳи мубораки Рамазонро фишори хеле ҷиддӣ болои мусулмонон медонанд. Зеро бар асоси ин қонун рафтани ҷавонони то 18-сола ба масҷид манъ шудааст. Ҳарчанд бар асоси қонуни озодиҳои виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ фарзандон, ҳамроҳ бо волидайн ҳаққи рафтан ба масҷидро доштаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад