Афсари УБОП гуфт, "вакилони дифоъ тӯҳмат мекунанд"

Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Валихон Муллоев изҳороти ду вакили мудофеи "Азия-Плюс" дар мавриди "таҳдид ба марг"-ро бепоя хонд.
Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов, ду вакили мудофеи "Азия-Плюс", рӯзи 17-уми август эълон карданд, ки дар толори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Валихон Муллоев,
Мусаллам аст, ҳар шахсе, ки аъмоле ва сухани қабеҳе кардааст, онро ба гардан нахоҳад гирфт. Аммо мо ариза додаем ва дар ҷараёни тафтишот иддаои худро бо далел ва бо ҳузури шоҳидон собит хоҳем кард...

афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, онҳоро ба марг таҳдид кардааст.

Аммо Валихон Муллоев дар сӯҳбат бо "Озодӣ" ин иддаои Қудратов ва Шарифовро беасос хонда ва онро тӯҳмат алайҳи худ донист: "Ин тӯҳмат аст. Чаро ки ман нисбати ин афрод ягон хусумати шахсӣ надорам. Аммо чаро чунин дасисабозӣ мекунанд, намедонам. Агар ман чизе мегуфтам, адвокат Ҷамшед Ғиёсов, ки дар рӯ ба рӯи ман нишаста буд, инро мешунид. Ҳол он ки ман бо ин вакилон рӯ ба рӯ гап назадаам ва ман танҳо дар ҷойи худам нишаста будам. Ин ҳарфҳо беасосанд."


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Назари Валихон Муллоев




Ҳатто ҷаноби Муллоев, дастрасияш ба аслиҳаро рад кард ва гуфт, ӯ ҳеҷ гоҳ дар маҳфилу нишастҳо ҳамроҳаш аслиҳа намегирад ва истифода аз силоҳ барои корманди пулис бидуни иҷоза мумкин нест.
Ин афсари Вазорати корҳои дохила ба ин назар аст, ки шояд вакилони мудофеъ хусумате доранд ва ё аз ин роҳ мехоҳанд дар назди журналистон обрӯи худро боло бардоранд.

Валихон Муллоев мӯътақид аст, ки дар нисбати вай, ки беш аз 28 сол боз дар мақомоти корҳои доихилии кишвар фаъолият дорад ва ҳоло
Абдураҳмон Шарифов ва Шӯҳрат Қудратов, ду вакили мудофеи "Азия-Плюс"
сардори яке аз шӯъбаҳои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД аст, тӯҳмат задан маъно надорад.

Ин аст, ки Валихон Муллоев, зимни нигаронӣ аз аъмоли вакилони мудофеъ гуфт, нисбати онҳо ба сохторҳои дахлдор шикоят хоҳад бурд. Аммо бо ин ҳам Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ бар иддаои қаблии худ таъкид кард ва гуфт, "мусаллам аст, ҳар шахсе, ки аъмоле ва сухани қабеҳе кардааст, онро ба гардан нахоҳад гирфт. Аммо мо ариза додаем ва дар ҷараёни тафтишот иддаои худро бо далел ва бо ҳузури шоҳидон собит хоҳем кард."

Дар ҳамин ҳол, Тоҳир Норматов - раиси ситоди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфтааст, ки "таҳдиди корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин вазорат ҳаматарафа мавриди тафтиш қарор мегирад."

Ба гуфтаи вай нисбати ин ҳодиса раёсати кадрҳои Вазорати корҳои дохила муваззаф шудааст ва интизор меравад муддати панҷ рӯзи оянда тамомии шоҳидони ин қазия пурсида шаванд. Дар зимн, Валихон Муллоев, сардори шӯъбаи Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфта намояндаи Анвар Тағоймуродов, муовини вазири корҳои дохилӣ дар мурофиаи додгоҳии нашрияи "Азия-Плюс" аст, ки ҳамчунон баррасии ин парванда идома дорад.

Анвар Тағоймуродов, сардори пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД нашрияи "Азия-Плюс" ва муаллифи мақола -- Рамзия Мирзобековаро барои паст задани шаъну шараф ба додгоҳ кашида ва 1 миллион сомонӣ ҷуброн хостааст.