Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонуни афвро баррасӣ ва онро тасвиб карданд.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ки дар иҷлоси ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон тарҳи қонуни афвро муаррифӣ мекард, гуфт, тибқи ин қонун ҳудуди 15 ҳазор нафар мавриди афв қарор мегиранд.
Ҷаноби Салимзода дар ин бора афзуд: "Аз ин ҳисоб наздики 4 ҳазор нафар, аз ҷумла 250 зану 107 афроди ноболиғ аз зиндонҳо озод хоҳанд шуд. 2 ҳазору 400 нафар муҷримине, ки ҷазои ғайриҳабсӣ доранд, онҳо низ озод мешаванд. Ба ҷуз ин, бештар аз 2 ҳазор парвандае, ки дар дасти баррасианд, афв карда хоҳанд шуд."
Дар баррасии ин тарҳи қонун бештар сари раҳоии маҳбусоне баҳс шуд, ки замони даргириҳои дохилӣ узви Фронти халқӣ ва нерӯҳои мухолифи давлат буданд. Зиёратшо Саъдулоев, узви Маҷлиси
намояндагон аз Шерхон Салимзода пурсид, сарнавишти онҳое, ки дар бархӯрдҳо иштирок кардаанду дар ин рӯйхат шомил нашудаанд, чӣ хоҳад шуд?
Додситони кул дар посух гуфт: "Якчанд санади афв ба тасвиб расидааст, ки ҷазои ин нафаронро кам кардааст. Ғайр аз ин, бо гузаштани 10 сол ҷинояти сабуку миёна ва сангин тибқи ин санадҳо аҳамияташро гум мекунад."
Ба қавли Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи ҳуқуқи порлумон, ширкаткунандагони исёни зиддидавалати дар соли 1997 ва ҳуҷуми мусаллаҳона ба Суғд дар соли 1998 низ мавриди афв қарор мегиранд. Ба гуфтаи вакилони мардумӣ, имкон дорад мӯҳлати ҷазои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократ, коҳиш дода шавад.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Амнияти Абдуназар, муовини раиси
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон: "Ёқуб Салимов дар гузашта узви ҳукумат буд ва ӯ дар бораи корҳои ҳукумат иттилои зиёд дорад. Ғаффор Мирзоев, ки фармондеҳи Горди миллӣ ва як шахсияти баобрӯ буд, асрори ҳукуматро хуб медонад. Ба хотири ҳамин, давлат аз афви Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоев дар ҳарос аст. Вале Муҳаммадрӯзӣ Искандаров барои давлат хатаре надорад ва давлат агар ӯро афв мекард, кори хубе мешуд."
Ин 13-умин мавриди афв дар Тоҷикистон дар тӯли 20 соли ахир аст ва ба гуфтаи вакилони порлумон, ин афв ҷуз маҳбусони якумрӣ, дигар ба ҳамаи зиндониён ва афроди мавриди таҳқиқ дахл дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад