Деймонд Ленч, як сокини Зеландияи Нав барои таҳқиқи даргириҳои солҳои навадум ба Тоҷикистон омадааст.
Вай ҳадаф аз ин сафарро талоше барои таҳқиқи ҷанги дохилии солҳои навадуми Тоҷикистон арзёбӣ кард. Ба қавли ӯ, мавзӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мавзӯи дастнохӯрдааст ва маҳз ба ин
хотир тасмим гирифтааст, то онро пажӯҳиш бикунад.
Деймонд Ленч: "Воқеан, таҳқиқи ҷанги шаҳрвандӣ, саҳми дини Ислом дар ҷангу сулҳи тоҷикон ҳадафи сафари ман ба кишвари Шумост. Ин мавзӯи кори илмии ман аст, ки мехоҳам бо силсиласафарҳои худ онро таҳқиқ кунам. Агарчӣ соли дуввум аст, ки таҳқиқи ин мавзӯъ оғоз кардам, вале ин нахустин сафари ман ба Тоҷикистон буд. Мутаассуфам, ки забони тоҷикиро ҳанӯз хуб наомӯхтаам ва дар ин сафарам натавонистам бо мардум бо забони тоҷикӣ сӯҳбат бикунам. Тасмим дорам, то сафари дигар ба Тоҷикистон забони тоҷикиро биомӯзам."
Озодӣ: Тайи ин сафар кадом матлаби ҷолиберо дар Тоҷикистон пайдо кардед, ки онро баъдан дар таҳқиқи худ истифода хоҳед кард?
Деймонд Ленч: "Ҳашт ҳафта дар Тоҷикистон будам ва дар ин ҷо бо мардуме сӯҳбат кардам, ки ё худашон ва ё наздиконашон бевосита дар ин ҷанг иштирок доштанд. Аз хатми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон солҳои зиёд гузаштааст, аммо бо ҳар нафаре, ки сӯҳбат мекардам, эҳсос мешуд, гӯиё ин ҷанг ба наздикӣ сурат гирифтааст. Мардум хотироти худ аз ҷанги шаҳрвандиро хеле хуб дар ёд доранд ва ёдовар мешаванд, ки он замон онҳо дар кадом ҳолат буданд ва чӣ мушкилоте доштанд. Аз сӯҳбати мардуми зарардидаи ҷанги шаҳрвандӣ бароям чунин таасурот пайдо шуд, ки ин мардум бо вуҷуди мушкилоти зиёд ба ояндаи худ некбин ҳастанд. Онҳо озодона андешаҳои худро баён медоштанд, ки чӣ рӯзҳоро аз сар гузаронидаанд ва аз оянда чиро интизоранд."
Озодӣ: Дар дохили Тоҷикистон ҳанӯз таҳқиқи беғаразонаи ҷанги шаҳрвандӣ сурат нагирифтааст. Танҳо хотироти бархе аз шахсиятҳои маъруфи ҷонибҳои даргир нашр шудааст, ки онҳо ҳар яке мавқеи шахсии худро баён доштаанд. Ба чӣ натиҷа расидед ва омилони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба назари Шумо дар чӣ буд?
Деймонд Ленч: “Дар ин сафар ман танҳо назари мардуми одӣ ба ин ҷангро пурсидам. Аммо кӯшиш накардам, аз онҳо пурсам, ки худи онҳо киро гунаҳкори ҷанг медонанд ва сабаби ҷангро дар чӣ мебинанд. Ҳадафи ман ҳам дар ин сафар ин набуд. Хулқу атвори ин мардумро ман то ин сафар хуб намедонистам ва ба худ иҷоза надодам, ки чунин суол диҳам. Танҳо таърихи оғози ин ҷанг ва роҳҳои расидан ба сулҳро аз онҳо пурсидам. Аз сӯҳбатҳо дарк кардам, ки мардум дар оғози ҷанг ҳеҷ тасаввур надошт, ки чунин харобиҳо рӯй медиҳад, вале ҳоло онҳо фаҳмиданд, ки оқибати ҳар як ҷанг чист. Дар бисёр кишварҳои ҷангзада будам, аммо на ҳамаи онҳо ба мисли тоҷикон оқибати ҷангро дарк кардаанд. Ҳоло мебинам, ки ҳар тоҷик талош мекунад, то зиндагии худро беҳбуд бахшад. Аммо оқибати ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз дар хотироту қалби сокинон ҳаст. Ман хонаводаҳоеро дидам, ки барои фарзандони ҷавони аз дастдодаашон даҳ сол боз ашк мерезанд. Онҳо зараре дидаанд, ки дигар ҷуброн намешавад. Ман дар чанд мавзеи Тоҷикистон, аз ҷумла Ғарм, Язғулом, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Душанбе бо мардум сӯҳбатҳо доштам."
Озодӣ: Метавонед, аз дидаҳои худ чанд далели мушаххасе оред?
Деймонд Ленч: "Дар Ғарм чанд модареро дидам, ки барои пайвандони аз дастдодаи худ то ҳанӯз мегирянд. Дар Қӯрғонтеппа низ харобиҳои ҷангро дидам. Дар Кӯлоб қабристонеро дидам, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷасад пур шудааст. Яъне, мардуми оддӣ аз ин ҷанг зиёни ҷиддӣ дидаанд."
Озодӣ: Ин таҳқиқи Шумо кай ба анҷом мерасад ва онро дар кадом шакл нашр мекунед?
Деймонд Ленч: "Фикр мекунам, ки ҳоло се соли дигар лозим аст, ки ин корро ба анҷом бирасонам. Ҳоло тасмим дорам, ки бо чопхонае барои нашри хулосаи таҳқиқам шартнома бубандам. Дар мо чунин расм аст. Талош мекунам, ки ҳарчӣ зуд таҳқиқи худро ба поён расонам. Аммо бояд бигӯям, ки ҳоло ин оғози кор, яъне шиносии ман буд. Медонам, ки таҳқиқи ҷанги шаҳрвандии як кишвар кори мушкил аст, аммо бояд онро ба анҷом бирасонам."

Хонаводаҳоеро дидам, ки барои фарзандони ҷавони аз дастдодаашон даҳ сол боз ашк мерезанд. Онҳо зараре дидаанд, ки дигар ҷуброн намешавад...