Посухҳои Пирмуҳаммадзода ба суоли хонандагони “Озодӣ"

Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода

Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода ба даҳҳо саволи хонандагони торнамои “Озодӣ” посух гуфт.
Дар тӯли тақрибан се ҳафта ба унвонии Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода тақрибан сад савол ворид шуд.

Аксари ин саволҳо ба фазилатҳои моҳи Рамазон, мавъизаи имом-хатибон, қонуни масъулияти волидайн ва мушкили маориф рабт доштанд.

МАТНИ ПОСУХҲОРО ДАР ИН ҶО БИХОНЕД


Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, рӯзи 1-уми июли соли 1952 дар деҳаи Санги Кулулаи собиқ ноҳияи Сари Хосор таваллуд шуда ва таҳсилоти ибтидоиро дар назди қиблагоҳаш - Домулло Пирмуҳаммад, маъруф ба Махдуми Санги Кулула, ки аз шахсиятҳои бузурги исломӣ дар даврони Шӯравии пешин будаанд, гирифтааст.

Сипас аз таълимоти мактаби Эшони Домулло Муҳаммадӣ ва Қорӣ Муҳаммадҷонӣ Хуқандӣ, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ, баҳравар шудааст.

Дар 20 соли пеш масҷидеро дар ноҳияи Ҳисор бо номи "Муҳаммад Расулуллоҳ" таъсис дода ва то кунун имомхатиби масҷиди марказии ин минтақа мебошад.

НАВОРИ СӮҲБАТИ Ҳ.И. ПИРМУҲАММАДЗОДАРО ДАР ИН ҶО БУБИНЕД:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Посуҳои Пирмуҳаммадзода