"Адиб" заҳмати 20-солаашро ба намоиш гузошт

Гӯшае аз намоишгоҳ

Имрӯз дар бинои Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон намоишгоҳи китобҳои мунташираи нашриёти давлатии «Адиб» баргузор шуд.
Дар ин намоишгоҳ, ки ба истиқболи 20-умин солгарди истиқлолияти Тоҷикистон ташкил шуда буд, маҳсули мунташираи ду даҳсолаи ахири ин нашриёт ба намоиш гузошта шуда буд.

Вале ба гуфтаи масъулини намоишгоҳ, нашриёт аслан дар 8- соли ахир ба гунаи фаъол ба нашри китобҳо шурӯъ кардааст ва дар тӯли ин ду даҳсолаи ахир ҳудуди 100 номгӯи китобҳоро ба чоп расондааст.

Аксари китобҳои нашршуда асарҳои шуарои муосири тоҷик аст. Ҳарчанд чанд ҷузъе аз адибони гузашта ва адабиёти классики тоҷику форс рӯи нашрро дидаанд. Навори радиои «Озодӣ» аз ҳамин намошгоҳ аст:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Заҳмати 20-солаи "Адиб"