Вақте кӯдакон рӯза мегиранд...

Дар моҳи шарифи Рамазон мусулмонҳо лаб аз каломи бад фурӯ баста ва рӯҳи худро бо ғизои ирфонӣ ғанӣ мегардонанд.
Волидони тақводор фалсафаи рӯзадориро ба фарзандони хурдсоли худ шарҳ медиҳанд ва онҳоро аз таълимоти аслии ин моҳи муқаддас, худдорӣ, мусаллат будан бар нафс ва садақа додан ба бенавоён огаҳ
Волидон бояд
дар ҳоле ба рӯзагирии бачаҳои 7-8-солаи худ иҷоза бидиҳанд, ки
агар ин амал барои сиҳҳати онҳо хатар надошта бошад...

мекунанд.

Атия, як сокини нӯҳсолаи маҳалли Чил Сутуни Кобул имсол барои аввалин бор рӯза гирифтааст ва бо тановули субҳона дар дили шаб медонад, ки ин тамоми ғизои ӯ барои 16 соати дигар хоҳад буд. Шукрия Ҳассос, модари Атия мегӯяд, ки зовияҳои ирфонии рӯзадориро ба духтараш шарҳ додааст ва умедвор аст, ки Атия ин арзишҳоро аз бар мекунад ва ба онҳо эҳтиром мегузорад.

“Рӯза танҳо барои нахӯрдану даст кашидан аз нӯшидан нест. Аҳкоми рӯзадорӣ бештар аз ин аст. Агар як нафар рӯза бигирад, вале неши забону ахлоқи бадаш ҳамсоя ё дӯстро озор дода бошад, магар чунин рӯза қабул аст?”,-мегӯяд ӯ.

Мусалмонҳо дар саросари ҷаҳон ин моҳро ба шукргузорӣ ба меҳрубониҳои парвардигор сипарӣ мекунанд ва ҳамчунин дарси раҳму шафқат ва сипос аз доштаву надоштаро ба фарзандони худ таълим медиҳанд.

Барои Оқила Восил, сокини маҳаллаи Корти Парвини Кобул моҳи Рамазон як имкони дидорбинӣ бо хешу ақрабо ва дӯстон аст, ки маъмулан барои ифтор ба хонаи якдигар даъват мешаванд: “Бачаҳои ман ин гуна шомҳоро хеле дӯст медоранд, махсусан, ки ба дидори амузодаҳои худ мерасанд.”

Бачаҳо маъмулан бо расидан ба балоғат рӯза мегиранд. Аммо бархе волидон мехоҳанд, ки фарзандони онҳо рӯзадориро аз синни хурдсолӣ таҷруба кунанд.

Оқила ва ҳамсари ӯ тасмим гирифтанд, ки писари хурдии хонадон имсол дар рӯз чанд соате рӯза бигирад ва ба риояи комили ин аҳком қадам ба қадам ҳаракат кунад: “Омодагӣ ба ифтор барои писари ман хеле ҳаяҷонангез аст. Махсусан, вақте ки дастархонро бо ғизоҳо зеб медиҳем ва ба шумурдани охирин дақиқаҳои фарорасии ифтор шурӯъ мекунем."

Мардуми рӯзадор тамоми рӯз ифторро интизор мемонанд...
Ин хонуми афғон дар ҷараёни рӯз писарашро аз мадди назараш дур намекунад, то бача аз камбуди об ғаш накунад: "Рӯзадории бачаҳои ман ба тавони ҷисмонии онҳо ва хоҳишмандии худи онҳо бастагӣ дорад. Ман ҳеҷ гоҳ онҳоро ба рӯзадорӣ маҷбур накардаам. Ба назари ман аз нуқтаи назари шариат онҳоро ба рӯзадорӣ маҷбур кардан гуноҳ аст.”

Мавлавӣ Абдул Самад, имом-хатиби яке аз масҷидҳои Кобул мегӯяд, ҳар падару модар вазифадор аст, ки фарзадони худро аз масъулият дар баробари рукнҳои муҳими дини Ислом огаҳ ва онҳоро ба рӯзадорӣ ва тамаркуз ба корҳои наҷиб раҳнамоӣ кунад. Аммо ба таъкиди ӯ рӯзадорӣ набояд ба қиммати сиҳатии кӯдак анҷом шавад.

Ӯ гуфт: “Волидон бояд дар ҳоле ба рӯзагирии бачаҳои 7-8-солаи худ иҷоза бидиҳанд, ки агар ин амал барои сиҳҳати онҳо хатарбор набошад. Агар бачча бар асари рӯзагирӣ сиҳҳати худро аз даст бидиҳад ва баданаш заъиф шавад, ӯ бояд рӯзагириро қатъ кунад. Аз рӯи шариати Ислом онҳо аз масъулияти рӯзагирӣ озод ҳастанд.”

Моҳи шарифи Рамазон, ки ҳар сол 10-12 рӯз пештар фаро мерасад, имсол ба рӯзҳои тӯлонии тобистон рост омад. Рӯзадорӣ дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ки ҳарорати ҳаво дар он ба бештар аз 40 дараҷа мерасад, барои мусалмонҳои рӯзадор чолиши ҷиддӣ шудааст.

Гулхумор Саидова, модари панҷ фарзанд барои бачаи 12-солааш, ки рӯза гирифтааст, реҷаи махсус омода кардааст. Писар тибқи дастури модар рӯзона якчанд соат дар утоқи ҳавояш сард мехобад ва расидан ба ифторро бо ин роҳ наздиктар мекунад.

Иди Фитр як рӯзи хушӣ барои кӯдакон аст...
Бачаҳои Зулхумор, мисли фарзандони мусалмонҳои дигар фарорасии иди Фитрро, ки анҷоми моҳи шарифи Рамазон аст, интизоранд.
Дар ин рӯз бачаҳо аз волидон ва хешу табор тӯҳфа дарёфт мекунанд, хонаводаҳо ғизоҳои махсус омода карда ва либоси нав ба бар идро якҷо бо ҳамсояҳо ва ёру дӯстон таҷлил мекунанд. Дар ин рӯз бо риоя аз аҳкоми ин моҳи муқаддас ҳар мусалмон муваззаф аст, ки ба ҳамсояи нодори худ кӯмаки молӣ кунад, то онҳо низ битавонанд барои худ дастархони идона биороянд.

“Бачаҳои ман дар интизори иди Фитр рӯз мешуморанд. Онҳо мегӯянд, ки барои сабурии якмоҳа ва иҷрои яке аз рукнҳои муҳими ислом ба мукофот сазовор шудаанд”,-мегӯяд Зулхумор, сокини Душанбе.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Рамазон, моҳи рӯза ва озмоиш