Тақозои ҳизбҳо аз мақомот барои поин бурдани нархҳо

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва мақомоти вилояти Суғд мавзӯи поин бурдани нарх дар бозорҳоро баррасӣ карданд, 11-уми агусти соли 2011

Намояндагиҳои аҳзоби сиёсӣ дар вилояти Суғд пешниҳод карданд, ки ба хотири таҳияи барномаи муаассири коҳиши нархҳо ба Шӯрои навтаъсиси амнияти ғизоӣ иқтисоддонҳову коршиносон ва намояндагони табақаҳои мухталифи мардум шомил гарданд.
Ба ақидаи онҳо, аз ҳайати кунунии Шӯрои мазкур иқдоми ҷиддиеро умедвор будан нашояд, чунки умдатан мақомоте ба ҳам омадаанд, ки масъулияти танзими нархҳо дар бозори дохилиро бар дӯш доранд, аммо то ин замон натавонистаанд ин вазифаи аслии худро анҷом
Пешниҳод мекунам, ки ба садри Шӯрои амнияти озуқа як иқтисодшиноси воқеӣ, мисли Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва мутахассисону намояндагони табақаҳои мухталифи мардум таъйин карда шаванд...

диҳанд.

Ба гуфтаи иштирокдорони ҳамоиши аҳзоби сиёсӣ, нархҳои маводи аслии ғизоӣ, мисли орду равған ва гӯшту шакар дар бозорҳои Тоҷикистон аз моҳи май то кунун ҳадди ақал то 40 дарсад боло рафта, чораву тадбирҳое, ки ҳукумат барои коҳиши нархҳо рӯи даст гирифт, муаассир нест.

Баръакс, бо шурӯъи моҳи шарифи Рамазон нархи маводи ғизоӣ боз то зери даҳ дарсад боло хест. Масалан, як кило гӯшти гов, ки пеш ба 24 – 25 сомонӣ фурӯхта мешуд, акнун дар бозорҳои Суғд 27 - 28 сомонӣ арзиш дорад.

Мастура Комилова, сардори шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати Суғд (чап)
Мастура Комилова, сардори шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати Суғд, яке аз иштирокдорони ҳамоиш гуфт, аммо дар ин ҳол ҳукумат сокит нанишаста, барои танзими нарх тадбирҳое амалӣ меандешад: "Яке аз тадбирҳои асосӣ ташкили ярмаркаи фурӯши маҳсулот аст, ки минбаъд ҳар рӯзи шанбе баргузор мешавад. Дар ду ярмаркаи қаблӣ беш аз 2 ҳазор тонна маҳсулот бо нархҳои аз бозорӣ поин фурӯхта шуд. Умедворам, ин роҳ ҳам ба паст шудани нарх мусоидат мекунад."

Хонум Комилова афзуд, Тоҷикистон як кишвари воридкунандаи маводи аслии ғизоӣ аст. Ба қавли ӯ, тоҷирони вилояти Суғд ҳудуди 60 дарсад орду гӯшт, 80 дарсад равғани рустанӣ ва сад дар сад шакарро аз кишварҳои хориҷӣ меоранд. Дар ин ҳол бо роҳи сунъӣ ё маҷбурӣ паст кардани арзиши маҳсулот дар бозор номумкин аст.

Илҳом Ёқубов, яке аз масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хуҷанд
Аммо Илҳом Ёқубов, аз масъулони бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дигар аз ширкаткунандагони ҳамоиш гуфт, дар замони иқтисоди бозаргонӣ танҳо бо хоҳиш ё таҳдиди соҳибкорону тоҷирон раҳбарони давлат наметавонанд нархи бозорро танзим кунанд.

Вай афзуд: "Таъсиси Шӯрои амнияти ғизоӣ ин иқдоми хуб аст. Чунин шӯроҳо дар кишварҳои хориҷӣ низ фаъолият мекунанд. Аммо ба назари ман, ин Шӯро дар Тоҷикистон ба поин бурдани нархҳо даст нахоҳад ёфт. Чунки аксари кулли аъзои он ҳамон мансабдороне ҳастанд, ки то ин замон масъулияти танзими нархҳо дар бозори дохилиро бар дӯш доштанд, аммо дар ин кор ба чизе муваффақ нашуданд. Акнун аз онҳо чизеро умедвор будан нашояд. Ман пешниҳод мекунам, ки ба садри Шӯрои амнияти озуқа як иқтисодшиноси воқеӣ, мисли Ҳоҷимуҳаммад Умаров ва мутахассисону намояндагони табақаҳои мухталифи мардум дохил карда шаванд. То ки онҳо бо шинохти воқеии авзоъ барномаву тадбирҳои мушаххас рӯи даст гиранд."

Намояндагони тоҷирони бозори «Панҷшанбе» ва ҷамъияти «Тоҷикматлубот» пешниҳод карданд, ки арзиши иҷозаномаи фаъолият дар бозор, ки масалан барои гӯштфурӯшӣ ҳудуди 450 сомонӣ барои як сол муқаррар шудааст ва пардохтҳои дигар кам карда шавад. То ин ки фурӯшандагон чунин хароҷоти худро ба нархи маҳсулоти фурӯшии худ изофа накунанд.

Дилбар Самадова, раҳбари бахши Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд гуфт, як омили баландравии арзиши маҳсулоти кишоварзӣ аз он аст, ки то ҳол замин ба дасти деҳқон нест. Ба гуфтаи вай, мансабдорон беҳтарин қитъаҳои заминҳои кишоварзиро бо номи дигарон аз худ карда, деҳқононро ба музди ночиз кироя кор мефармоянд.

Файзулло Файзиев, раҳбари бахши суғдии Ҳизби демократии Тоҷикистон, як роҳи паст кардани нархи маводи ғизоиро дар додани имтиёз ба воридкунандагон ва истеҳсолкунандагон мебинад: "Яъне, ҳар гуна маблағҷамъкуниҳо аз соҳибони мол бас карда шавад. Вақти гузаронидани мол дар сарҳад аз онҳо қонуниву ғайриқонунӣ маблағ меситонанд, дар роҳу бозору фурӯшгоҳҳо аз воридкунандагону тоҷирон ситонида мешавад."

Ҳизбҳои сиёсии Суғд дар мавзӯъи ҷаҳиши нархҳои маводи ғизоӣ ва танзими он бо иштироки намояндагони мақомот бори сеюм ҳамоиш ва пешниҳодҳои худро ба тариқи хаттӣ ба ҳукумат ироа мекунанд. Нишастҳои аввали аҳзоб се сол қабл, замони мавҷи аввали бӯҳрони ҷаҳонӣ баргузор шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки намояндагиҳои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ба истиснои ҳизби ҳукмрони халқӣ-демократӣ ҷуз ироаи пешниҳоду дархостҳо ва интиқоди ҳукумат дар маҳфилу ҳамоишҳои сиёсӣ дигар фишангҳои воқеие барои иҷрои дархостҳои худ аз сӯи мақомотро надоранд.